1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати паррандаҳо ба имзо расид. Дар кишвари собиқ Шӯравӣ таҷлили «Рӯзи байналмилалии паррандаҳо» аз 1 апрели соли 1927 ба ҳукми анъана даромада буд. Аз соли 1994 ин ҷашн дар аксар кишварҳо дар доираи барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» таҷлил мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд. Солҳои охир дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла таъсири фаъолияти инсон, ба олами парандаҳо ба камшавии саршумор ва ҳатто зери хатари пурра маҳвшавӣ оварда расонида истодааст. Ба ҷуз омили антропогенӣ, дигаргуншавии иқлим ва офатҳои табии низ ба экосистемаҳои олами ҳайвонот зараровар таъсир расонидаанд. Дар байни гуногунии биологӣ, олами парандагон мавқеи хоса доранд.
Боздиди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур аз КДК «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ» - шаҳри Хуҷанд
Зимни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур ва раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Фирдавс бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Корхонаи давлатии коммуналии «Кабудизоркунӣ ва гулпарварӣ»-и шаҳри Хуҷанд дидан намуданд. Дар Муассисаи мазкур, ки ҳудуди он беш аз 8 гектарро ташкил медиҳад, як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд. Дар майдонҳои ҳудуди коргоҳ ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуда, парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд. 4 адад гармхонаҳо бо парвариши гулҳои мавсимӣ фаъол мебошанд. Ҳамзамон дар ин муассиса бунёди боз гармхонаҳои нав, мағозаи фурўши гулу кўчат ва нуқтаи маслиҳатдиҳӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Шиносоии Раиси Кумита аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бӯстон
Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ҷараёни сафари корӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз ҷараёни корҳои сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон дидан намуданд. Бинои мазкур аз се ошёна, 5 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат аст. Айни ҳол дар гирду атрофи бино корҳои ободонӣ ва васлу насби таҷҳизотҳо идома дорад. Раиси Кумита Шерализода Б.А. ба масъулон ва сохтмончиён барои босифат анҷом додани корҳои боқимонда дастуру супоришҳо доданд.
Шиносоии Раиси Кумита бо коргохи коркарди партовҳои маишӣ ва коммуналӣ дар шаҳри Конибодом
Зимни сафари кории Раиси Кумитаи ҳифзи мухити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ба вилояти Суғд аз коргоҳи коркарди партовҳои маишӣ ва коммуналӣ дар шаҳри Конибодом шиносоӣ пайдо намуданд. Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Кодиров И. дар назди партовгоҳи шаҳрӣ дар майдони 2 га сохта ба истифода дода шудааст. Самти асосии фаъолият ҷамъ ва ба хелҳо ҷудо намудани партовҳо буда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 23-30 тн. партовҳо ба намудҳо ҷудо карда мешавад. Роҳбарияти коргоҳ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар оянда васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд ва як сехи нав барои коркарди хоку пасмондаҳои партов бо мақсади истифодаи онҳо дар соҳаи кишоварзӣ сохта ба истифода диҳад.
Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ
Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, дурахши азалии донишу хирад, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сарфарозию омади кор ва рўзгори бобарорро таманно дорам. Ҳарчанд тоҷикон таҷлили ин ҷашнро аз даври бостон ҳамеша дар рӯҳия ва омодагии бузург қарор додаанд, аммо расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати оқилона ва талоши пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият дод, ки мардуми тоҷик ба арзишҳои суннатии хеш аз нав руҷӯъ намояд ва таомули аз дастдодаи худро бо талабу манфиатҳои имрӯзаи ҷомеа эҳё намояд.
Вохӯрӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии об дар муассисаҳои таълимӣ
Бо иқдоми мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист фаҳмонидан ва ҳадафи эълон гардидани санаҳои экологӣ аз тарафи СММ дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии об, таъмини иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 15-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо хонандагон доир гардид. Рафти вохӯрӣ ба мактаббачагон оид ба мақсади эълон намудани ин санаи экологӣ аз ҷониби СММ, ба масъалаҳои об дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ баромад карда шуд.Баргузории чунин вохуриву сухбатхо, тарғиби санаҳои экологӣ барои баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ мусоидат менамояд.
Page 102 of 235