Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани маръраки кабулизоркунӣ ва ободонӣ дар ноҳияи Зафаробод бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони корхонаю муассиса ва ташкилот дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зафаробод маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи мазкур беш аз 90 нафар иштирок карда, зиёда аз 200 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасбз шинонида шуд.
Вохӯрӣ дар гимназия бахшида ба санаи экологӣ
Дар шаҳри Гулистон бахшида ба санаи 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳҳо аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар гимназияи №1 вохӯрии хонандагон бо корманди бахш ташкил гардид. Дар рафти вохўрӣ дар бораи ҳадафи эълон гардидани ин санаи экологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист сухан карда шуд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки баргузории чунин вохўриҳо барои баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии насли наврас, ҷавонон мусоидат менамояд.
Аксияи “Тозагии маҳал” дар шаҳри Гулистон
Бо мақсади тоза намудани қадди роҳи асосии шаҳр аз партовҳо ва хусусан баргҳои хушк ва хазон, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар рафти аксия зиёда аз 120 нафар намояндагони корхонаю ташкилот ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти чорабинӣ 3 км ду тарафи роҳи асосии шаҳр тоза гардида, 4,2 метри мукааб партовҳо бо воситаи техникаҳои махсус бароварда, ба партовгоҳи шаҳри ҷойгиронида шуд.
Вохӯрии судманд бо намояндагони коргоҳи шаҳри Панҷакент
Бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва дар асоси моддаи 19, 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар ҶДММ КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент вохўрии намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони коргоҳи мазкур баргузор гардид. Бо иштироки шахсони масъул корҳои фаҳмонидадиҳӣ, аз он ҷумла оид ба сари вақт пардохт намудани пардохтҳои ҳатмии экологӣ гузаронида шуд. Чунин вохўриҳо, хусусан дар корхонаҳои саноатӣ барои баланд бардоштани маърифати экологии масъулини корхонаҳо ва умуман коргарон мусоидат менамояд.
Вохӯрӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии кўҳҳо
Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотӣ, баланд бардоштани маърифат ва дониши экологии насли наврас, бахшида ба санаи муҳим 11 декабр – Рўзи байналмилалии кўҳҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Мутахассиси шуъба дар бораи санаи экологӣ - Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо, ҳадафи эълон гардидани ин сана аз тарафи СММ, ҳамчунин вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои табиӣ баромад намуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент
Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент маъракаи ниҳолшинонӣ аз мавзеи Саразми шаҳр оғоз гардид. Дар маъракаи кабудизоркунӣ роҳбарият ва кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, фаъолони ҷамоати деҳоти Саразм ва Чинор, ҳамагӣ беш аз 200 нафар иштирок карда, дар натиҷа 600 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Боиси қайд аст, ки амалҳои ободонию кабудизоркунӣ аз сарҳади ҷумҳурии ҳамсоя, мавзеи Саразм, то ноҳияи Айнӣ, мавзеи Киштўдак, қадди шоҳроҳи байналмилалӣ идома меёбад. Ҳамчунин, дар дигар минтақаҳои шаҳр баргузории чорабиниҳои мазкур то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Точикистон пешбинӣ гардидааст.
Page 121 of 235