Шанбегӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

Category: News Written by Администратор Hits: 2804

 Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсат ба истиқболи сазовори ҷашни миллии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста маъракаҳои дастаҷамъонаи ободкорию созандагӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин радиф имрӯз баҳри тозаву обод намудани гирду атрофи бино имруз дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки кормандон шанбегӣ доир гардид. Рафти шанбегӣ қадди роҳҳо аз алафҳои бегонаи ҳархела ва партовҳо тоза карда шуда, бо мақсади беҳтар намудани ҳолатиэкологӣ ва эстетикӣ дарахтони бисёрсола ба тартиб дароварда шуданд.

   Чунин шанбегиҳои дастаҷамъона аз тарафи шуъбаҳо ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.

joomlamodniyportal.ru