Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Зафаробод

Category: News Written by Администратор Hits: 245

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёти мазкур 30 адад воситаҳои нақлиёт, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда мавҷуд мебошад аз ташхис гузаронида шуд.

      Дар натиҷа муайян гардид, ки ягон адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон накардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда)ба фазои атмосфера барзиёд партофта нашудааст.