15 August 2015

Дар бораи олами ҳайвонот

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи  олами ҳайвонот

 Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи  муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии онро муқаррар  менамояд, ҳифз  ва барқарор намудани  захираҳои  олами  ҳайвонотро  пешбинӣ  мекунад.

 

                                     БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

            Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

            Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

            - олами ҳайвонот (фауна) – маҷмўи ҳайвоноти ваҳшии  бесутунмўҳра ва сутунмўҳрадор, ки дар ҳудуди Тоҷикистон муваққатан ё доимӣ  мавҷуд мебошанд;

            - объектҳои олами ҳайвонот  – ҳамаи намудҳо, таркиб ва ҷои зисти ҳайвонот, ки мувофиқи Қонуни мазкур муҳофизат ва оқилона истифода карда мешаванд;

            - ҳайвоноти ваҳшӣ – намуди ҳайвоноте, ки дар шароити табиӣ зиндагӣ  мекунад;

           - ҳайвоноти кўчӣ – намуди ҳайвонот ва паррандагоне, ки вобаста ба фасли сол аз як минтақаи зист ба дигар минтақа бо мақсади зимистонгузаронӣ, зиёд намудани насл ва бо дигар сабабҳо ҷой иваз мекунанд;

            - ҳайвоноти нодир – намуди ҳайвоноти камшуморе, ки дар мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он  зиндагӣ  мекунад;

            - ҳайвоноти маҳаллӣ (эндемӣ) – намуди ҳайвоноте,  ки дар як мавзеъи алоҳида зиндагӣ намуда, дар дигар мавзеъҳо дучор намешавад;  

            -ҳайвоноти бесутунмўҳра – намуди ҳайвоноте,  ки устухонбандии асосӣ (сутунмўҳра) надорад;                  

            -мониторинги олами ҳайвонот – дар мўҳлати муайяншуда гузаронидани муоинаи таѓйироти ҳолати олами ҳайвонот;

            - коллексияи зоологӣ – фасли мукаммали илмие, ки нигораҳои олами ҳайвоноти зинда ва ё хўсаи онҳоро дар бар мегирад;

            - кадастри давлатии олами ҳайвонот – номгўи намуд ва зернамудҳои ҳайвонот бо маълумоти пурраи илмии ҳолати онҳо;

            -  мутобиқшавии  (адаптатсияи) ҳайвонот  - ба муҳити зисти муайян мутобиқ  шудани ҳар як намуди ҳайвонот;

            - Китоби сурхи Тоҷикистон – ҳуҷчати асосӣ ва маҷмўи ҳама гуна мавод оид ба ҳолати намуди ҳайвонот ва набототи нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он тавсияҳои илман асоснок ва чорабиниҳои мушаххасу амалӣ оид ба ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи оқилонаи ҳайвоноту наботот таҳия мегардад;

            - популятсия– дар мавзеъи  муайян  зиндагӣ кардан  ва  инкишоф ёфтани  як  гурўҳи намуди ҳайвонот.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

                   дар бораи   олами ҳайвонот

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  олами ҳайвонот  ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни  мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат  мебошад.

 

Моддаи 3. Ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба

                    объектҳои     олами  ҳайвонот

 

Олами ҳайвоноти  Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат муҳофизат  ва истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

 

Моддаи 4. Категорияи олами ҳайвонот

 

 Олами ҳайвонот аз рўи таъиноти мақсадноки худ ба категорияҳои зерин тақсим мешавад:

         - нодир ва таҳти хатари маҳвшавӣ қарор доштаи намудҳои ҳайвонот;

         - намудҳои ҳайвоноте, ки объекти шикоранд;

         - намудҳои ҳайвоноте, ки объекти моҳидорианд;

         - намудҳои ҳайвоноте, ки мавриди истифодаи дигар мақсадҳои хоҷагии (ѓайр аз шикор ва моҳигирӣ) муайяннамудаи мақомоти ваколатдор қарор мегиранд;

         - намудҳои ҳайвоноте, ки ба мақсадҳои хоҷагӣ истифода карда намешаванд, вале қимати экологӣ, фарҳангӣ ва ѓайра доранд;

         - намудҳои ҳайвоноте, ки саршумори онҳо барои ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ, пешгирии чорвои хонагӣ ва хоҷагиҳо аз касалшавӣ, осеб надидани муҳити зист, нарасонидани зиёни ҷиддӣ ба фаъолияти кишоварзӣ бояд танзим гардонида шавад.

          Намудҳои  ҳайвонот бо мақсади ҳифзи гуногунии намудҳои олами ҳайвонот, эҳтиёт кардан, афзун гардонидани саршумор ва истифодаи мунтазам ба категорияҳо нисбат дода ва аз як категория ба категорияи дигар гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 5.  Объектҳои  олами  ҳайвонот  

 

Объектҳои олами ҳайвоноти Тоҷикистон аз ҳайвоноти бесутунмўҳра ва сутунмўҳрадорон иборат мебошанд.

Объектҳои зайли олами ҳайвонот бояд таҳти муҳофизат ва   истифодаи  оқилона  қарор  гиранд:

- ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳолати озоди табиӣ;

- тухм, ҷанин, узв ва дигар  маҳсулоти ин ҳайвонот;

- мавзеъи зиндагӣ, лона, ҷои тухмгузорӣ, мўрчахона, дигар  ҷойҳои зисти табиии ҳайвонот, хандақҳои зимистонгузаронӣ, ҷои тулаккунӣ ва қароргоҳҳо барои истироҳат ва ѓизохўрии паррандаҳои кўчӣ, ҷойҳои доимӣ ё мавсимии  ҷамъшавӣ, «таваллудхонаҳо» ва дигар маҳалҳои ҷамъомади ҳайвонот.

 

      Моддаи 6. Субъектҳои муносибат  доир  ба  муҳофизат,

                          истифода  ва барқароркунии олами ҳайвонот

 

      Субъектҳои муносибат доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот шахсони воқеӣ,  ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ мебошанд.

 

БОБИ 2.  САЛОҲИЯТИ   МАҚОМОТИ    ҲОКИМИЯТИ

                  ДАВЛАТӢ  ДОИР  БА  ОЛАМИ  ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 7.   Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

                     доир  ба    олами  ҳайвонот

 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот  иҷрои корҳои зерин мансуб аст:

- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;

- таҳия ва якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро намудани барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунӣ, афзун гардонидани маҳсулнокӣ, устувории   олами ҳайвонот дар маҷмўъ бо дигар чорабиниҳои  ҳифзи табиат;

- тасдиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, маблаѓгузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи мазкур;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, муассисаҳои илмӣ, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои  муҳофизат, истифода ва барқарорсозии  олами ҳайвонот;

- тасдиқи тартиби ҳисоб кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои пардохти ҳаққи истифодаи  олами ҳайвонот;

- тасдиқи нақшаи корҳои кадастрӣ ва мониторинги ҳолати олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ;

- муқаррар намудани тартиби  таъмини  назорати давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии   олами ҳайвонот;

- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;

- муқаррар кардани тартиби ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ вобаста ба мусоидат намудан ба ҳифзи олами ҳайвонот;

- ташкили ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба  муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот;

 - иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 8.   Салоҳияти мақомоти  ваколатдори

                     давлатӣ  доир    ба  олами  ҳайвонот

 

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии  олами ҳайвонот (минбаъд -мақомоти ваколатдор) инҳо дохил мешаванд:

            - тартиб додани рўйхати ҳайвоноте, ки шикори онҳо манъ аст;

            - муқаррар намудани қоидаҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии  олами ҳайвонот, муайян кардани меъёрҳои истифодаи олами ҳайвонот;

            - назорати давлатии муҳофизат, истифода ва барқароркунии  олами ҳайвонот;

            - таҳияи Низомномаи Китоби сурхи Тоҷикистон;

            - пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани номгўи олами ҳайвонот ба Китоби сурхи Тоҷикистон;

            - корҳое,  ки ҳангоми иҷрояшон қоида, меъёр, мўҳлат ва дигар талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиши саршумори ҳайвонот ва роҳҳои кўчиши онҳо  риоя намешаванд, инчунин шикори ѓайриқонуниро бозмедоранд ва оид ба манъи онҳо ба суд даъво пешниҳод  менамоянд;

            - санҷиши риояи тартиби муқарраршудаи баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо,  ба роҳ мондани кадастри давлатии ҳайвонот;

            -  дар матбуоти даврӣ нашр намудани иттилоот  оид ба муҳофизат, истифода ва  ҳолати олами ҳайвонот; 

            -  ба роҳ мондани мониторинги олами ҳайвонот;

            - иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

 

            Моддаи 9.  Салоҳияти   мақомоти   маҳаллии

                                 ҳокимияти     давлатӣ  доир   ба

                                  олами  ҳайвонот

 

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ояндаи олами ҳайвонотро муайян карда, ба таҳия ва татбиқи  тадбирҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва ба зиёд шудани саршумори олами ҳайвонот мусоидат менамоянд, ба риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ назорат мекунанд, дигар масъалаҳои оид ба ҳифзу танзими истифодаи олами ҳайвонотро бо мақомоти давлатии  ваколатдор ҳал менамоянд.

           

                БОБИ 3.   ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ВА  

               ИТТИҲОДИЯҲОИ  ҶАМЪИЯТӢ  ДАР   БАРГУЗОРИИ

                     ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

               

               Моддаи 10.  Ҳамкории   шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои     

                          ҷамъиятӣ   бо   мақомоти  ваколатдор дар

                           иҷрои чорабиниҳо оид ба  олами ҳайвонот

 

Иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳидорон, ҷамъиятҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандон мувофиқи қонунгузорӣ, инчунин оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар  иҷрои чорабиниҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии  олами ҳайвонот иштирок карда,  барои  гузаронидани онҳо ба мақомоти ваколатдор мусоидат менамоянд.

 

Моддаи 11. Бозрасиҳои ҷамъиятӣ

 

Ҷиҳати ёрӣ расонидан ба мақомоти ваколатдор дар кори муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот бозрасиҳои ҷамъиятӣ ташкил кардан мумкин аст.

Низомномаи бозрасиҳои ҷамъиятӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 12. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

                     дар   иҷрои  тадбирҳои муҳофизат  ва  истифодаи 

олами  ҳайвонот

 

Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд олами хайвонотро эҳтиёт ва сарватҳои онро муҳофизат намоянд. Онҳо ба мақомоти ваколатдор дар  амалӣ намудани тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот бо роҳи иштирок кардан дар  иҷрои корҳои зарурӣ, пешниҳод кардани таклифҳо дар бораи муҳофизат,  истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот, хабар расонидан аз хусуси вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, ки ба онҳо маълум аст, мусоидат менамоянд.

Мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот пешниҳодоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба ба ҳисоб гиранд.

 

БОБИ 4.   ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 13. Истифодаи  олами ҳайвонот

 

      Олами ҳайвонот ба  таври  умумӣ ва махсус  истифода бурда мешаванд.

      Истифодаи умумии олами ҳайвонот - истифодаи  олами ҳайвонот, инчунин хусусиятҳои фоидабахши он бе ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ.

      Истифодаи махсуси олами ҳайвонот - истифодаи объекти олами ҳайвонот ва маҳсулоти фаъолияти ҳаётии он бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити  зисти табиӣ.        

      Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар асоси рухсатнома ва (ё) иҷозатнома, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад.       

 

                                                       

         Моддаи 14. Тартиби истифодаи  олами ҳайвонот

 

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад.

Заминистифодабарандагони  шикоргоҳҳои дахлдор ва мавзеъҳои зисти ҳайвонот, ки объектҳои шикор нестанд, барои истифодаи  олами ҳайвонот ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

    Олами ҳайвонотро барои истифодаи бемўҳлат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  усули ҷудо кардани  қитъаи замин ва ба онҳо вобаста кардани шикоргоҳҳо  мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  додан мумкин аст.

    Истифодабарандагони олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи  ин объектҳоро  дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд.

    Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо санадҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳуқуқи истифодаи шикоргоҳҳо   дода    шудаанд,    инчунин  бо   иҷозатномаҳои   дахлдор барои  сайд кардани (дошта гирифтан, ҷамъ овардани) ин намудҳои олами ҳайвонот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор  дода мешавад, тасдиқ карда мешаванд.

Рўйхати намудҳои (гурўҳи намудҳои) ҳайвонот ё дигар  олами ҳайвонотро, ки сайди онҳо бе иҷозат ё бидуни бастани шартнома мумкин аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

         Моддаи 15. Намудҳои истифодаи   олами ҳайвонот

 

Истифодаи олами ҳайвонот бо намудҳои зерин  амалӣ мегардад:

- шикор;

- моҳидорӣ, аз ҷумла  сайди  ҳайвоноти бесутунмўҳраи  обӣ;

- сайди ҳайвоноте, ки  объектҳои шикору моҳидорӣ ва бесутунмўҳраи обӣ нестанд;

- истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, барқароркунӣ, солимгардонӣ ва ҳифзи табиат, истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулот  ва хусусиятҳои фоиданоки ҳаётии онҳо.

Мўҳлати истифодаи намудҳои алоҳидаи олами ҳайвонотро мақомоти ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 16.  Намудҳои шикор

 

Ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз ҷониби шикорчиёни  касбӣ, ҳаваскору варзишӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сайд карда мешаванд.

Дар шикор истифодаи аслиҳа ва усулҳои барои ҳамагон хатарноки сайд манъ аст.

 

Моддаи 17. Ҳуқуқи шикор кардан

 

Шахсҳои воқеӣ ҳуқуқи шикор кардан доранд, ба шарте, ки :

 - синнусолашон ба ҳаждаҳ расида бошад ва дар шикор силоҳи оташфишонро кор фармоянд;

 - синнусолашон ба чордаҳ расида бошад ва дар шикор намудҳои  бо қоидаҳои  шикор иҷозатшудаи  олоти  сайд, саг ва мурѓони  шикориро истифода намоянд;

 - шаҳодатномаи шикорчӣ дошта, аз қоидаҳои  шикор имтиҳон супорида,  боҷи давлатии рухсатномаи  ҳуқуқи шикорро, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пардохта бошанд;

 - барои истифодаи олами ҳайвонот иҷозатнома гирифта бошанд.

Хориҷиён дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи ташкили шикор бо ташкилоти хоҷагии шикор ва ҳуҷҷате, ки  ба шикор ҳуқуқдор будани онҳоро тасдиқ менамояд ва он дар мамлакати  истиқоматдоштаашон дода шудааст ба гирифтани иҷозатномаи истифодаи   олами ҳайвонот ҳуқуқдор мегарданд.  

 

  Моддаи 18. Ба роҳ мондани хоҷагии шикор

 

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи идора кардани хоҷагии шикор ва шикоргоҳҳо  дода  шуда метавонад.  Онҳо вазифадоранд оид ба муҳофизат ва афзун гардонидани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин шикоргоҳҳо  тадбирҳо андешанд.

Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд бо мувофиқаи  ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва дигар заминистифодабарандагон дар шикоргоҳҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иморатҳои зарурӣ созанд, растании хўроки чорво парвариш кунанд, дигар корҳои мавриди зарурати хоҷагии шикорро анҷом диҳанд.

 

Моддаи 19. Муқаррар кардани қоидаҳои шикор ва 

                      пешбурди  хоҷагии   шикор

 

Қоидаҳои шикор ва пешбурди хоҷагии шикор аз тарафиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 20. Сайди ҳайвоноте, ки объектҳои

                      шикор ва    моҳидорӣ нестанд

 

Ҳайвонотеро,  ки объектҳои шикор ва моҳидорӣ нестанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор   сайд кардан мумкин аст.

 

Моддаи 21. Манъи  худсарона  доштан   ва  нобуд

                     кардани  морҳо   ва   дигар  хазандагон

 

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона доштан ва нобуд кардани ҳамаи намуди мор ва дигар хазандагон, ба истиснои маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои муҳофизатии осоишгоҳҳои табобатӣ, фароѓатгоҳҳо,  манъ аст.

Мор ва дигар хазандагонро танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти  илмӣ доштан мумкин аст.

 

Моддаи 22.  Истифодаи  олами  ҳайвонот  бо  мақсади  

                       илмӣ,  фарҳангию  маърифатӣ,  тарбиявӣ

                       ва зебоишиносӣ

 

Барои истифодаи олами ҳайвонот бо  мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо роҳҳои гуногуни мушоҳида, нишонгузорӣ, суратгирӣ ва ѓайра бидуни аз муҳити табиӣ ҷудо кардани ҳайвонот иҷозат дода мешавад, агар он ба ҳайвонот ё муҳити зисти онҳо зарар нарасонад ва ҳуқуқи дигар истифодабарандагони олами ҳайвонотро халалдор накунад, ба истиснои мавридҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.

Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити табиии зист бо тартиби пешниҳоднамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мумкин аст.

 

Моддаи 23.   Истифодаи хусусиятҳои фоидабахши

                        фаъолияти  ҳаётии  ҳайвонот

 

Ба истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот - мазраъофаринҳо, поккорони табиии муҳит, гардолудкунан-  дагони растаниҳо ва  ѓайра бидуни ҷудо кардани онҳо аз табиат, ба истиснои мавридҳои муайянкардаи Қонуни мазкур, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 24.  Истифодаи   ҳайвонот  бо мақсади  ба

                      даст овардани   маҳсулоти  фаъолияти

                      ҳаётии онҳо

 

Истифодаи ҳайвонот ба мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо  (асал, муми занбўри ваҳшӣ ва ѓайра) фақат бо шарти аз табиат ҷудо накардан ва нобуд  насохтани ҳайвонот ва бидуни вайрон кардани муҳити табиии  зисти онҳо мумкин аст.

Қоидаҳои истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор   муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 25.  Пардохти ҳаққи истифодаи

                       олами ҳайвонот

 

Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда мебошад.

Тартибу меъёри пардохти ҳаққи истифодаи  олами ҳайвонотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» муқаррар менамояд.

Иҷорапулии олами ҳайвонот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба заминистифодабарандагони  аввалия  супорида мешавад.

Пули пардохтиистифодаи объектҳои олами ҳайвонот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои махсус дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти онҳо, барои  тартиб додани кадастри давлатӣ, тадқиқотҳо ва мониторинги олами ҳайвонот, Китоби сурх, ба роҳ мондани кори мамнўъгоҳҳо ва корҳои  тадқиқоти илмӣ  харҷ карда мешавад.

Мамнўъгоҳҳо, осорхонаи мамнўъгоҳҳо, чорбоѓҳои миллию зоологӣ, боѓҳои зоологию ботаникӣ ва хоҷагиҳои ҷангалу шикор, инчунин корхонаю ташкилотҳо, коллективҳо ва шаҳрвандоне, ки барои истифода шикоргоҳҳои осебдида ё каммаҳсулро гирифтаанд, аз   пардохти  ҳаққи истифодаи объектҳои олами ҳайвонот озод карда мешаванд.

 

        БОБИ  5. ҲУҚУҚУ  ВАЗИФАҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ

                           ОЛАМИ   ҲАЙВОНОТ.   АСОСҲОИ    ҚАТЪ

                          ГАРДИДАНИ   ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ   ОНҲО

 

Моддаи 26. Ҳуқуқи истифодабарандагони  

                      олами ҳайвонот

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фақат ба  он намудҳои истифодаи  олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷозат дода шудааст.

Дар мавридҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарандагони олами ҳайвонотро ба манфиати давлат ва ба манфиати дигар истифодабарандагон  маҳдуд кардан мумкин аст.

 

Моддаи 27. Вазифаҳои  истифодабарандагони   

                      олами  ҳайвонот

 

Истифодабарандагони олами ҳайвонот вобаста ба намуди истифода вазифадоранд, ки:

- қоида, меъёр ва мўҳлати муқарраршудаи истифодаи олами ҳайвонотро риоя кунанд;

- олами ҳайвонотро тавре истифода баранд, ки тамомияти гурўҳҳои табиӣ халалдор нашавад ва ҳайвоноти ба истифода доданашуда осеб набинанд;

- муҳити  зисти  ҳайвонотро халалдор накунанд;

- саршумор ва ҳолати популятсияи ҳайвоноти мавриди истифода, инчунин вазъи муҳити  зисти онҳоро ба ҳисоб гиранд;

- оид ба афзун гардонидани саршумори ҳайвонот тадбирҳои зарурии комплексӣ андешанд;

 - ба мақомоти  ваколатдор ва дигар мақомоте, ки ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот назорат мекунанд, ҳамаҷониба ёрӣ расонанд.

Истифодабарандагони олами ҳайвонот вазифадоранд дигар талаботро низ оид ба муҳофизату истифодаи объекти олами ҳайвонот ва афзунгардонии саршумори он, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро  кунанд.

 

Моддаи 28. Қатъ гардидани ҳуқуқи  истифодаи

                      олами   ҳайвонот

 

Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот дар мавридҳои зайл бояд мутобиқан пурра ё қисман қатъ карда шавад:

- ихтиёран даст кашидан аз истифодаи олами ҳайвонот;

- намондани зарурати истифодаи олами ҳайвонот;

- ба охир расидани мўҳлати муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;

- барҳам хўрдан ё қатъ гардидани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки  ба онҳо ҳуқуқи истифодаи   олами ҳайвонот дода шудааст;

- қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатие, ки мутобиқи  онҳо  олами ҳайвонот барои истифода дода шуда буд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;

- зарурати андешидани тадбирҳои махсуси муҳофизати олами ҳайвонот  ё  бинобар ба миён омадани хатаре, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд;

- ба таври доимӣ риоя накардани қоидаю меъёр ва дигар талаботи истифодаю муҳофизат ва афзун гардонидани  олами ҳайвонот;

-  мунтазам риоя  накардани мўҳлати муқарраршудаи пардохти  ҳаққи   истифодаи  олами ҳайвонот;

- зарурати  бо тартиби муқарраршуда аз истеъмол гирифтани заминҳо ва  олами ҳайвонот ба мақсади муҳофизати ҳайвонот,  наботот ва дигар захираҳои табиӣ ё тамоми комплекси табиӣ;

- бо тартиби муқарраршуда аз истеъмол гирифтани заминҳое, ки дар онҳо  олами ҳайвонот мавриди истифода қарор мегиранд;

- мунтазам риоя накардани шартҳои шартномаи иҷораи объектҳои олами ҳайвонот.

Мутобиқи Қонуни мазкур дигар асосҳое пешбинӣ шуда метавонанд, ки ҳуқуқи истифодаи  олами ҳайвонотро қатъ гардонанд.

Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо роҳи  бекор кардани  рухсатномаҳои мақомоти ваколатдор қатъ мегардад.

 

 

БОБИ  6. ТАНЗИМИ САРШУМОРИ ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 29. Тадбирҳои танзими саршумори намудҳои

                     алоҳидаи  ҳайвонот

 

Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии касалиҳои ҳайвонот ва пешгирии зиёне, ки ба хоҷагии халқ мерасад, барои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

 

Моддаи 30. Муайян кардани намудҳо ва тартиби ташкили

                      чорабиниҳои   танзими  саршумори  ҳайвонот

 

Намудҳои ҳайвоноте, ки саршуморашон бояд ба низом дароварда шавад ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои танзими саршумори онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо назардошти хулосаи ташкилотҳои илмии дахлдор ва мувофиқаи ташкилотҳои манфиатдори давлатию ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.

 

БОБИ 7 .   ТАДБИРҲОИ  МУҲОФИЗАТИ  ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 31. Муҳофизати  олами ҳайвонот

 

Олами ҳайвонот бо роҳҳои зайл муҳофизат карда мешавад:

- муқаррар кардани қоидаю меъёрҳои муҳофизат, истифодаи оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва афзун гардонидани саршумори он;

- муқаррар кардани манъу маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот, ки дар моддаи 32  Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;

- муҳофизат аз истифодаи худсарона ва кирдорҳои дигари риоя нашудани тартиби муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;

 - муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот;

- пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот ҳангоми иҷрои корҳои истеҳсолӣ;

- барпо кардани мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ҷудо кардани қитъаҳои дигари таҳти муҳофизати махсус қарордошта;

- дар шароити ѓайриозод парвариш кардани ҳайвоноти нодир ва ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад;

- ба мақсади коллексияҳои зоологӣ камтар дошта гирифтани ҳайвонот;

- ёрӣ расонидан ба ҳайвонот дар мавриди касалшавӣ, хатари нобудшавии онҳо ҳангоми офати табиӣ ва ба сабабҳои дигар;

- ташкили тадқиқоти илмӣ, ки мақсад аз он асоснок кардани тадбирҳои муҳофизати олами ҳайвонот аст;

-   тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи дўст доштани ҳайвонот;

- таблиѓи муҳофизати олами ҳайвонот аз тариқи воситаҳои ахбори омма;

 - андешидани дигар тадбирҳо ва муқаррар кардани талабҳои дигар оид ба муҳофизати олами ҳайвонот. 

           

 

 

         Моддаи 32.  Муқаррар кардани  манъу маҳдудиятҳо

                                  дар   истифодаи   олами  ҳайвонот

 

Бо мақсади ҳифз ва афзун  намудани саршумори баъзе намудҳои ҳайвонот истифодаи онҳо дар ҳудуди муайян ва ба мўҳлати муайян бо тартиби муқаррарнамудаиҚонуни мазкур метавонад маҳдуд ё пурра манъ карда шавад.

Барои ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршумори объектҳои олами ҳайвонот чораҳои зерин муқаррар карда  мешаванд:

- маҳдуд намудани мўҳлати истифодаи олами ҳайвонот;

-  манъ кардани тарзу усул ва намудҳои олоти сайд;

- таѓйир додани меъёрҳои сайд;

- маҳдуд гардонидани миқдори истифодабарандагони олами ҳайвонот.

 Барои муқаррар намудани манъу маҳдудиятҳо асос шуда метавонанд:

- риоя накардани синни ҷуфтшавии популятсияи ҳайвонот;

- кам гаштани саршумори ҳайвонот;

- бад шудани муҳити зист;

- зарурати муҳайё сохтани минтақаҳои ором дар ҷойҳои ҷамъомади анбўҳи  ҳайвонот ҳангоми кўчиш ва наслдиҳӣ.

         Барои нигоҳдории олами  ҳайвонот иҷрои  корҳои зерин манъ аст:

         -  нобуд кардани наботот ва дигар корҳое, ки вазъи муҳити зисти ҳайвонотро бад месозанд;

         - бист метр наздик аз лонаҳои ҳайвоноте, ки ба тарзи ҷамъона зиндагонӣ мекунанд, шудгор кардани замин, бидуни он, ки онҳо бо розигии мақомоти ваколатдор пешакӣ ба ҷои дигар кўчонида шаванд;

         - вайрон ва хароб кардани лонаи ҳайвонот, ҷамъоварӣ намудани тухми онҳо;

         - бо амаду заврақҳои мотордор сайругашт кардан дар мавзеъҳои лонасозӣ ва тухмгузории   мурѓҳои обӣ ва моҳиён;

         - дар мавзеъи зисти оммавии ҳайвоноти сумдор ва мурѓони ҷамоавӣ бе розигии мақомоти ваколатдор  як километр пасттар   парвоз кардани  тайёраҳо, чархболҳо ва ѓайра;

         - нобуд сохтани муҳити зист, хароб кардани киштзори хўроки ҳайвонот, ниҳолу буттаҳои ҳифозатӣ, охурҳои ему намак, ишоранишонҳо, иншоотҳои зарурати шикору моҳидорӣ;

         - сайди ҳайвоноти нодир  ва таҳти хатари маҳвшавӣ қарордошта;

- илова бар меъёри  муқарраршуда ва дар  мўҳлати  пешбининакардаи  иҷозатномаи  истифодаи олами ҳайвонот шикор кардани   олами ҳайвонот;

- шикори объектҳои олами ҳайвонот бо истифодаи  тарзу усул ва олоти барои сайди ҳайвонот ва моҳигирӣ пешбининашуда;

- сайди объектҳои олами ҳайвонот бо корбурди асбобҳои  тарканда, маводи  заҳрдор (ба истиснои маводи заҳрдори маҳв намудани  хояндаҳои  саҳроӣ ва ҳамчунин дар мавридҳои  девонагӣ ва касалиҳои дигари ҳайвонот бо розигии мақомоти ваколатдор);

- бе иҷозати мақомоти ваколатдор  парвариш намудан, насл гирифтан, дурага кардани ҳайвоноти бегона ва ҳамчунин сайд намудани ҳайвоноти  ба табиати Тоҷикистон мутобиқшуда.

 

         Моддаи 33. Талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи

                                оқилонаи   олами    ҳайвонот

 

Ба мақсади истифодаи оқилона ва муҳофизати олами ҳайвонот талабҳои зайл риоя карда  мешаванд:

- нигоҳдории шаклҳои гуногуни биологии ҳайвонот дар ҳолати озоди табиӣ;

- нигоҳдории тамомияти популятсияи намудҳои нодири ҳайвоноти эндемӣ, кўчӣ ва дигар анвои  нодири  ҳайвонот, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад;

- муҳофизати муҳити  зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот ва гурўҳҳои табиии онҳо;

- истифодаи илман асосноку сарфакорона, комплексӣ, оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва мунтазам зиёд намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ;

- нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи хусусиятҳои фоиданоки фаъолияти ҳаётии  намудҳои алоҳидаи ҳайвонот;

- истифодаи самаранок ва оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва танзими афзоиши ҳайвонот ва саршумори онҳо дар ҳолати озоди табиӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани зараре, ки ба табиати зинда ва хоҷагии халқ мерасад;

- эҳтиёт кардани хусусиятҳои олами ҳайвонот дар бобати муҳофизати об, хок, ба вуҷуд овардани муҳит, шароити истироҳат, барқароркунӣ ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва инкишофи хоҷагии халқ;

- муҳофизати объектҳои олами наботот аз сўхтор, сел, бодлесӣ (эрозия) ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;

- истифодаи пулакии объектҳои олами ҳайвонот.

 

         Моддаи 34.  Риояи талабот зимни фаъолияте, ки ба вазъи

                                           олами   ҳайвонот таъсир мерасонад

 

Ҳама гуна фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот, муҳити    зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи  муҳофизати олами ҳайвонот иҷро гардад.

 

 

 

 

Моддаи 35.   Муҳофизати муҳити зист, шароити

                        афзоиш   ва  кўчиши  ҳайвонот

 

Ҳангомиҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо, такмил додани  равандҳои  мавҷудаи технологӣ ва ҷорӣ кардани  равандҳои  нави технологӣ, ба истифодаи хоҷагӣ додани заминҳои навкорам, ҳудуди ботлоқзор, назди соҳилҳо, дарёбод ва буттазор, обёрии замин, истифодаи ҷангалзор, иҷрои корҳои ҷустуҷўи геологӣ, истихроҷи маъдан, муайян кардани чарогоҳ ва гузаргоҳҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, тартиб додани хати сайр ва ташкили ҷои истироҳати оммавии аҳолӣ бояд оид ба муҳофизати муҳити  зист ва шароити афзоиши ҳайвонот тадбирҳо андешида  шаванд, инчунин дахлнопазирии қитъаҳое, ки ҳамчун муҳити зисти ҳайвонот аҳамияти хоса доранд, таъмин карда шавад.

Ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан, автомобилгард, қубургузар ва дигар роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли барқу алоқа, инчунин  иншоотҳои гидротехникӣ бояд тадбирҳое андешида  шаванд, ки ҳифзи роҳҳои кўчиши ҳайвонотро таъмин намоянд.

 

Моддаи 36. Мувофиқа намудани  сохтмони объектҳое, ки

                      ба  вазъи  олами ҳайвонот таъсир мерасонанд

 

Ҷои сохтмони корхонаҳо ва иншоотҳои дар моддаи 35 Қонуни мазкур зикршуда ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот таъсир мерасонанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии  ваколатдор мувофиқа кунонида мешавад.

 

Моддаи 37.   Пешгирӣ  намудани  талафи ҳайвонот зимни

                        иҷрои  корҳои   истеҳсолӣ  ва   истифодаи

                        воситаҳои  нақлиёт

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки ҳангоми  киштукор, чўбтайёркунӣ ва дигар корҳо, инчунин ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт барои пешгирӣ намудани талафоти ҳайвонот тадбирҳо андешанд.

Сўзондани растаниҳои хушк, нигоҳдории мавод, ашёи хом ва партовҳои истеҳсолот бидуни андешидани тадбирҳои муқарраршуда оид ба пешгирии  ҳалокати ҳайвонот манъ аст.

 

 

 

 

 

Моддаи 38.  Муҳофизати ҳайвонот дар мамнўъгоҳҳо,

                     парваришгоҳҳо  ва   дигар минтақаҳои

махсус муҳофизатшаванда

 

Дар минтақаи мамнўъгоҳҳо моҳидорӣ ва шикор кардан,  дошта гирифтани намудҳои гуногуни ҳайвоноти бесутунмўҳра, инчунин истифодаи дигар намудҳои олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои мамнўъгоҳҳо манъ аст.

Дар парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда намудҳои алоҳидаи истифодаи олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонотро пурра манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.

Тартиби муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонотро дар мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ 8.   МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТИ НОДИР ВА

           НАМУДҲОЕ,  КИ БА  ОНҲО  ХАТАРИ

         НОБУДШАВӢ ТАҲДИД МЕНАМОЯД

 

Моддаи 39.  Дохил намудани намудҳои ҳайвонот ба

                       Китоби  сурхи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

Намудҳои ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд, ба Китоби сурхи Тоҷикистон ва ба китоби намудҳои ҳайвоноти нодир дохил карда мешаванд. Низомномаи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ  менамояд.

Корҳое, ки боиси ҳалокат, камшавии саршумор ё халал ёфтани муҳити зисти ҳайвоноти нодир ва намудҳо гардида, ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад, манъ аст.

 

Моддаи 40. Тадбирҳо оид ба муҳофизати ҳайвоноти нодир ва

                      намудҳое,  ки ба онҳо хатари  нобудшавӣ таҳдид

  менамояд

 

Бо мақсади муҳофизати ҳайвоноти нодир ва намудҳое, ки баонҳо хатари  нобудшавӣ таҳдид менамояд ва дар шароити табиӣ афзоиши саршумори онҳо имконнопазир аст, мақомоти ваколатдор   вазифадоранд, ки барои афзоиши намудҳои мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.

Ҳайвоноти нодир  ва  таҳти  хатари  маҳвшавӣ қарордоштаро танҳо дар  ҳолатҳои фавқулодда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариш кардан дар шароити махсуси муҳаё кардашуда ва минбаъд раҳо кардани онҳо ба муҳити зисташон, ба мақсадҳои  илмӣ ва дигар мақсадҳои  муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта гирифтан  мумкин аст.

 

Моддаи 41. Тартиби   истифодаи  ҳайвоноти  нодир ва навъҳое,

                      ки ба онҳо   хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад

 

Истифодаи намудҳои ҳайвоноти кўчӣ, нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари  нобудшавӣ таҳдид мекунад, бо мақсадҳои тадқиқоти илмӣ, зиёд кардани саршумори онҳо ва дигар мақсадҳои дар моддаи 14 Қонуни мазкур нишондодашуда дар асоси иҷозатномаи мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими ҳайвонот додашуда амалӣ мегардад.

Бо мақсади ҳифз ва ба низом даровардани саршумор шикори ҳайвоноти нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ тахдид мекунад, манъ аст.

 

                   БОБИ 9.  МУҲОФИЗАТИ   ҲАЙВОНОТ    ҲАНГОМИ

                                    ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУҲОФИЗАТИ

                                    РАСТАНӢ, АНГЕЗАҲОИ ИНКИШОФИ ОНҲО,

                                    НУРИҲОИ МАЪДАНӢ ВА ДИГАР  МАВОДИ

                                    ДОРУВОРӢ

 

Моддаи 42.  Талабот оид ба муҳофизати олами ҳайвонот ва

                       муҳити   зисти ҳайвонот  ҳангоми  истифода  ва

                       ҳамлу  нақли   воситаҳои муҳофизати растанӣ

 

Ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар маводи дорувор, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд талаботи муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо ба эътибор гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо ва дигар маводи доруворӣ бо мақсади кам кардани таъсири зараровари онҳо ба олами ҳайвонот бояд бо иҷрои тадбирҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва ѓайраҳо мувофиқ кунонида шавад.

Ба мақсади пешгирии ҳалокати ҳайвонот ва бадшавии муҳити зисти онҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон вазифадоранд, ки қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи доруҳои зикршударо риоя намоянд.

Ҳангоми ихтирои доруҳои нав бояд меъёри  таркиби мўътадили онҳо,  ки ба муҳити табиӣ, муҳофизати ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо зараровар набошад, муқаррар карда шавад.

 

 

 

 

 

 

Моддаи 43.   Муҳофизати ҳайвонот ҳангоми истифодаи

                        воситаҳои ҳифзи растанӣ , ангезаҳои

                        инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва

                       доруворӣ

 

Истифода, нигоҳдошт ва интиқоли воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералӣ ва доруворие, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд бехатарии олами ҳайвонот ва муҳити зисти онро таъмин намоянд.

Барои муҳофизати олами ҳайвонот меъёрҳои истифодаи  ҳатталимкони воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар доруворӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдор муқаррар карда мешаванд.

               

БОБИ 10. КОЛЛЕКСИЯИ ЗООЛОГӢ

                                        

Моддаи 44. Ташкил намудан ва такмил

                      додани  коллексияи зоологӣ

 

Ба  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ташкил  ва такмили  коллексияҳои зоологӣ (коллексияҳои зинда, боѓи ҳайвонот ва боѓҳои дигар, инчунин дар шакли коллексияи хўсаҳо, доруҳо ва узвҳои ҳайвонот) бо роҳи аз муҳити табиӣ ба ин мақсадҳо дошта гирифтани  ҳайвонот мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад. Такмил додани коллексияҳои зоологӣ, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошанд ва аз тарафи шаҳрвандон ташкил намудани коллексияҳои нав манъ аст, ба истиснои коллексияҳои иборат аз ѓаниматҳои шикори ҳайвонот, моҳигирӣ ва дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот, ки бо риояи талаботи муқарраршуда анҷом дода шудааст.

 

Моддаи 45.  Баҳисобгирии  давлатии  коллексияҳои   зоологӣ  ва

                       вазифаҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки соҳиби

                       чунин коллексия мебошанд

 

Коллексияҳои зоологии дорои аҳамияти илмӣ,  фарҳангӣ ва  маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё зебоишиносӣ ба қайди давлатӣ  гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие,  ки соҳиби чунин коллексия мебошанд, вазифадоранд  қоидаҳои нигоҳ доштану ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани коллексияҳои объектҳои олами ҳайвонотро риоя намоянд.

 

Моддаи 46.  Қоидаи  истифода  ва ба ҳисоб

                       гирифтани  коллексияҳои   зоологӣ

 

Тартиби ташкил кардан, такмил додан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологӣ, қоидаҳои савдои онҳо, ҳамчунин тартиби фиристодан ва ба хориҷа бурдани объектҳои коллексияҳо ва маҳсулоти олами ҳайвонот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 11.  КӮЧОНИДАН, МУТОБИҚ, ҶУФТӢ  КАРДАНИ

                       ҲАЙВОНОТ ВА МАҲДУД НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ

             ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБЪЕКТҲОИ

ТАБИӢ

 

Моддаи 47. Кўчонидан,  мутобиқ ва ҷуфтӣ кардани

                      ҳайвонот

 

Ба мақсади тадқиқоти илмӣ, зарурати хоҷагӣ ба ҷойҳои нави зиндагӣ кўчонидан, мутобиқкунии олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳои ҷуфтикунии ҳайвонот дар асоси хулосаи муассисаҳои дахлдори тадқиқоти илмӣ танҳо бо қарори мақомоти ваколатдори муҳофизат, танзим ва истифодаи олами ҳайвонот мумкин аст.

Худсарона кўчонидан, мутобиқ ва ҷуфтӣ кардани ҳайвонот манъ аст.

 

Моддаи 48. Маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони

                      объектҳои табиӣ ба манфиати муҳофизати олами

                      ҳайвонот ва ба зиммаи онҳо гузоштани ўҳдадориҳо

 

Ба мақсади ҳифзи олами ҳайвонот ҳуқуқи истифодабарандагони замин, ҷангал, об ва сарватҳои зеризаминӣ маҳдуд карда шуда, ба зиммаашон ўҳдадориҳои дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.

 

 

   БОБИ 12.    БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА КАДАСТРИ

 ДАВЛАТИИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 49.  Баҳисобгирии давлатӣ ва кадастри

                       давлатии  олами   ҳайвонот

 

Барои таъмини муҳофизат ва ташкили истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо ба роҳ монда, кадастри давлатии олами ҳайвонот ташкил карда мешавад, ки он маҷмўи маълумот дар бораи паҳншавии ҷуѓрофии намудҳои (гурўҳи намудҳои) ҳайвонот, саршумори онҳо, маълумотномаи истифодаи эҳтиёткоронаи ҳозиразамони ҳайвонот ва дигар маълумоти заруриро дар бар мегирад.

 

 

Моддаи 50. Тартиби баҳисобгирии давлатии ҳайвонот

                      ва истифодаи онҳо дар ташкили кадастри

                     давлатии олами ҳайвонот

 

Баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо ва ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот дар қитъаҳои озод аз ҳисоби давлат, дар қитъаҳои вобасташуда аз ҳисоби истифодабарандагони он ба роҳ монда мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд дар бораи паҳншавӣ, саршумор ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба мақомоте, ки кадастри давлатиро ба роҳ мемонанд, маълумот диҳанд.

Қоидаҳои баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии олами ҳайвонот, муайян  кардани  рўйхати намудҳои (гурўҳи намудҳои) ҳайвонот, ки бояд ба ҳисоби давлатӣ гирифта, ба кадастри давлатӣ дохил карда шаванд, инчунин пешниҳод кардани маълумот барои ба ҳисобгирӣ ва ташкили кадастр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

БОБИ 13. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ

       ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 51. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои

                     истифодаи  олами ҳайвонот

 

Баҳсҳо байни  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот  бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҳал карда мешаванд.

 

БОБИ 14.  ҶАВОБГАРӢ  БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ

                    ҚОНУН ДАР БОРАИ  ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

 

Моддаи 52. Беэътибории аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлат

 будани   олами   ҳайвонотро  вайрон  мекунанд

 

Худсарона гузашткунии ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот, инчунин дигар аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлат будани олами ҳайвонотро ба таври ошкоро ва ё пинҳонӣ вайрон мекунанд, эътибор надорад.

 

Моддаи 53.  Ҷавобгарӣ  барои  вайрон  намудани  Қонуни  мазкур

 

Шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

БОБИ 15. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 54.    Дар бораи аз эътибор соқит  донистани  Қонуни

                        Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  муҳофизат

                         ва   истифодаи   олами  ҳайвонот»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994  «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 241; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, мод. 48) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

     Моддаи 55. Мавриди  амал  қарор  додани  Қонуни  мазкур

 

     Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

      

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Э. Раҳмонов

 

 

     ш. Душанбе

5 январи соли 2008

           №354

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Читать далее

Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ  МИЛЛИИ 

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000, № 11, мод.509)

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор  мекунад:

         Кодекси  оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорқ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  10  ноябри  соли   2000

№ 125

 

КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли  2000, № 11, мод.510; соли 2006, №3, мод. 164)

 

ФАСЛИ 1

МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

БОБИ 1

МУҚАРРАРОТИ АСОСӣ

 

Моддаи 1. Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз танзими муносибатҳо оиди об бо мақсадҳои истифодаи оқилонаи об барои эҳтиёҷоти аҳолқ, соҳаҳои иқтисодиёт ва муҳити табиати атроф, ҳифзи об аз ифлосу олудашавқ, камшавқ, пешгирқ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеқ ва ҳуқуққ дар соҳаи муносибатҳо ҷиҳати об иборат мебошад.

 

Моддаи 2. Мафҳум ва истилоҳоти махсус

Об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обқ мавҷуда.

Обҳои рӯизаминқ- обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарордошта.

Обҳои зеризаминӣ- обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта.

Захираҳои об- захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд.

Объектҳои об- ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ.

Низоми об- таuйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об.

Манбаи обҳои рӯизаминӣ- объекти оби рӯизаминӣ дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ.

Объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста)- манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рӯизаминӣ аз ҷиҳати гидравликӣ вобаста нест.

Ҳавзаҳои обҷамъшаванда- ҳудуде, ки дар он об ҷорӣ шуда объекти обро ба вуҷуд меорад.

Обҳои дренаҷӣ - обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд.

Обҳои партов- обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд.

Истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ.

Ҳифзи объектҳои об- фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда.

Ифлосшавии объектҳои об- партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Олудашавии объектҳои об- партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллаӣ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд.

Камшавии об - мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ.

Таъсири зараровари об- зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян.

Истифодабарандаи об- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд.

Фаъолияти хоҷагии об- фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об.

Иҷозат барои истифодаи махсуси об – иҷозате, ки барои истифодабарии объекти об  аз љониби маќомоти ваколатдори махсуси давлатї доир ба танзими истифода ва њифзи об дода шудааст.

Оби нӯшокӣ- обе, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиӣ аст ва барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода шуда метавонад.

Меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ (талаботи меъёрӣ)- маҷмӯи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нӯшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад.

Таъминкунӣ бо оби нушокӣ- фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст.

Истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ.

Истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ.

Истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд.

Истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об дода мешавад.

Каптаҷ- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо.

Мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об.

Ассотсиатсияи истифодабарандагони об – ташкилоти ѓайритиљоратиест. Ки аз љониби шахсони њуќуќии дорои њуќуќи истифодаи заминњои кишоварзї ва ташкилотњои тиљоратї таъсис дода мешавад.

Ташкилоти (идораи) - њавзавии хољагии об ва ё раёсат, ки ба истифодабарандагони об дар  њавзаи дарёњо хизмат мерасонад.

 

Моддаи 3. Қонунгузорӣ дар бораи об

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқї Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Фонди давлатии об

Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъшуда, заминҳои ишuолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.

Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва дигар сарчашмаҳои рӯизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъданӣ ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд.

Захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи тамоми намудҳои обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ иборатанд.

 

Моддаи 5. Моликияти давлатӣ будани об

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халӣ кафолат медиҳад.

Амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рӯирост ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

                

Моддаи 5.   Иншооти хољагии об, ки таъиноти махсуси стратегї доранд

 

Иншооти хољагии об, ки таъиноти махсуси стратегї доранд, моликияти давлат буда, ба иљора ва идоракунии шахсї додани онњо ќатъиян манъ аст.

Рўйхати иншооти хољагии об, ки таъиноти махсуси стратегї доранд, аз љониби Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд:

амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи ба таври маҷмӯъ истифодабарӣ, ҳифз намудани захираҳои об ва таъмини оби нӯшокӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳо сарфи назар аз шакли моликият, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи маҷмӯи об;

таҳия, қабул ва амалӣ гардонидани нақшаи мақсадноки давлатӣ дар соҳаи истифодаи самаранок, ҳифзи захираҳои об ва рушди системаҳои таъминоти оби нӯшокӣ;

танзими пардохти ҳақи хизмат оиди обрасонӣ вобаста ба шароит ва намудҳои обтаъминкунӣ;

амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии инвеститсионӣ;

танзими масъалаҳои марбут ба истифодаи пулакии об, амалӣ гардонидани сиёсати нархгузорӣ, муқаррар намудани тариф ва имтиёзҳо;

рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об;

идоракунӣ, реструктуризатсия ва моликияти комплекси хоҷагии об;

муқаррар намудани тартиби ташаккул ва истифодаи фонди об, тасдиқи меъёри истифодаи об;

таъмини гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ доир ба рушди истифода ва ҳифзи захираҳои об, пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва назорат ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

таҳияи тадбирҳои пешгирӣ ва рафъи садамаҳои калон, офатҳои табиӣ ва бӯҳронҳои экологии вобаста аз таъсири зарарноки обҳо;

таҳия ва амалӣ гардонидани барномаҳои соҳилбандӣ;

муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда;

муқаррар намудани андоза ва тартиби пардохт барои ҳуқуқи истифода, барқарор, ҳифзи захираҳои об, интиқоли онҳо ва партофтани обҳои истифодашуда ба обгирҳо, ифлосшавӣ ва камшавии оби объектҳо;

муқаррар намудани тартиби таuйир додани шакли моликият ба объектҳои хоҷагии об;

таъмини аҳолӣ бо маълумот дар бораи ҳолати об, иншоотҳои об ва объектҳои хоҷагии об;

амалӣ гардонидани тадбирҳои дигари вобаста ба истифодаи захираҳои об;

танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи танзими муносибатҳо оиди об масъалаҳои зерин дар салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо мебошанд:

муайян кардани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи об дар ҳудуди худ;

таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаи танзим, истифода ва ҳифзи захираҳои об;

баҳисобгирӣ, баҳодиҳии ҳолати об ва объектҳои об, назорат ба истифода ва ҳифзи об, риояи меъёрҳои (лимитҳои) муқараршудаи истеъмоли об;

гузаронидани тадбирҳо доир ба нигоҳдошт ва беҳтар кардани ҳолати объектҳои об, пешгирӣ ва рафъи таъсири зараровар, инчунин ифлосшавии об, барқарор намудани объектҳое, ки дар натиҷаи садамаҳо, обхезӣ, селобҳо ва дигар офатҳои табиӣ зарар дидаанд;

дар доираи ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, таъмин намудан бо оби нӯшокӣ, нигоҳ доштан ва тараққӣ додани системаҳои марказонидашуда, uайримарказонидашуда ва системаҳои таӣсимкунандаи оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон;

мувофиқат намудани ҷойгиркунонӣ ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва анҷом додани корҳо дар объектҳои об ва қитъаҳои наздисоҳилии ҳифзи об;

танзими дигар масъалаҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 8. Танзим ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи муносибатҳо оиди об

Дар соҳаи муносибатҳо ҷиҳати об масъалаҳои зерин аз тарафи давлат танзим мегарданд:

муқаррар намудани тартиби истифодаи захираҳои об, ҳифзи онҳо аз ифлосу олудашавӣ, камшавқ ва хушкшавӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани таъсири зараровари обҳо;

тасдиқи нақшаи истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи обҳо, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии об, амалӣ гардонидани назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об, мушоҳидаи (мониторинги) сифати об ва ифлосшавии объектҳои об;

банақшагирии тадбирҳо оиди истифода ва ҳифзи об, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари онҳо.

Дастгирии давлатӣ дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ таҳия, қабул ва иҷрои барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ба соҳибони системаҳои мутамарказ, ташкилотҳои истифодакунандаи системаҳои мазкур, инчунин ташкилотҳои истеҳсолкунандаи таҷҳизот, дастгоҳ, мавод ва реагентҳо барои зарурати таъмини оби нӯшокӣ додани дотатсия, субвенсия, қарзҳои имтиёзнок, имтиёзҳои буҷетӣ ва гумрукиро дарбар мегирад.

 

Моддаи 9. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об

Идоракунии давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи об дар пайвастагӣ бо усулҳои ҳавзавӣ, марзӣ ва маъмурию ҳудудии идоракунӣ асос ёфта, аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї , инчунин мақомоти ваколатдори махсуси давлатӣ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об мувофиқи қонунгузорӣ амалқ карда мешавад.

 

Моддаи 10. Додани ҳуқуқ барои идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатқ ба шахсони ҳуқуққ (махсусгардонидашуда)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тендер, бо нигоҳ доштани фаъолияти мақсаднок, метавонад ҳуқуқи идораи объектҳои хоҷагии оби моликияти давлатиро дар доираи ҳудуди маҳдуд, дар асоси шартнома, бо дарназардошти талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шахсони ҳуқуқии (махсусгардонидашуда) маҳаллқ ва хориҷқ диҳад.

 

Моддаи 11. Назорати давлатқ аз болои истифода ва ҳифзи об

Назорати давлатқ аз болои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз таъмини риояи талаботи қонунгузории об аз ҷониби тамоми шахсони воқеқ ва ҳуқуққ бо мақсади истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳо иборат мебошад.

 

Моддаи 12. Мақомоти назорати давлатии танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об

Назорати давлатии истифода ва ҳифзи об аз ҷониби маыомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об амалқ гардонида мешавад.

Мақомоти мазкур ва ваколатҳои он аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Иштироки шахсони воықеқ ва ҳуқуққ дар татбиқи тадбирҳои истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об

Ба шахсони воқеқ ва ҳуыуыққ сарфи назар аз шакли моликият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷиҳати иштирок дар тадбирҳо доир ба истифодаи самаранок ва ҳифзи об имкон дода мешавад.

 

БОБИ 2

ҶОЙГИРКУНҚ, БАЛОИҲАГИРҚ, СОХТМОН ВА БА ИСТИФОДАДИҳИИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲОИ БА ҲОЛАТИ ОБ ТАЪСИРКУНАНДА

 

Моддаи 14. Шартҳои ҷойгиркунқ, балоиҳагирқ, сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои ба ҳолатиобҳо таъсиркунанда

Ҷойгиркунқ, балоиҳагирқ, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, инчунин ҷорқ намудани равандҳои нави технологқ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, бояд истифодаи сарфакоронаи обҳо бо риояи талаботи бехатарии экологқ ва ҳифзи саломатқ, дар навбати аввал ыонеъ гардонидани ниёзи аҳолиро ба оби нӯшокқ ва эҳтиёҷоти маишқ таъмин намояд. Бо ин мақсад тадбирҳои таъминкунандаи масъалаҳои зайл пешбинқ мегарданд:

баҳисобгирии оби аз объектҳои об гирифта ва ба онҳо баргардонидашаванда;

ҳифзи обҳо аз ифлосу олудашавқ, камшавқ;

пешгирии таъсири зараровари обҳо;

маҳдуд кардани обзеркунии заминҳо то андозаи ҳадди ақали имконпазир;

ҳифзи заминҳо аз обзеркунқ, ботлоқшавқ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминқ, шӯршавқ ва хушкшавқ;

ташкили ҳудуди ҳифзи об ва нигоҳ доштани шароитҳои мусоиди минтақаҳои табиқ.

Ҳангоми ба лоиҳагирқ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, вобаста ба шароити табиқ ва хоҷагқ бояд тадбирҳое сари вақт амалқ гардонида шаванд, ки ҳифзи моҳқ ва дигар ҳайвоноту набототи обқ ва шароитро барои барқарор кардани онҳо таъмин намуда, инчунин имкониятҳои истифода аз объектҳои об ҷиҳати истироҳат ва варзишро ба инобат гиранд.

Ҳангоми балоиҳагирқ ва сохтмони иншоот ё азнавсозии объектҳои мавҷуда барои гирифтани обҳои зеризаминқ низоми истифодаи ин иншоот бояд ифлосу камшавии онҳоро истисно намояд.

 

Моддаи 15. Муайян кардани ҷойҳои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд

Муайян кардани ҷойҳо барои сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти назорати давлатии санитарқ ва мақомоти дигар мутобиқи қонунгузорқ мувофиқат карда мешавад.

 

Моддаи 16. Мувофиқат кунонидани лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳое, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

Лоиҳаҳои сохтмони корхонаҳ, иншооту дигар объектҳои дар моддаи 17 Кодекси мазкур нишондодашуда бояд бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти дигар мутобиқи ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, мувофиқат карда шавад.

Сохтмони корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир  мерасонанд, танҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологқ, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 17. Шартҳои манъ кардани баистифодадиҳии корхонаҳо, иншоот ва объектҳои дигаре, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд

Ба истифода додани объектҳои зерин манъ аст:

объектҳои обистифодабарандагоне, ки иљозат барои истифодаи махсуси об ва хулосаи экспертизаи давлатии экологқ надоранд;

корхонаҳо, сехҳо, агрегатҳо, объектҳои коммуналқ ва дигар объектҳои наву таҷдидгардида, ки бо дастгоҳҳои пешгирикунандаи ифлосшавии обҳо ва таъсири зараровари онҳо таъмин нагардидаанд;

системаҳои обёрқ ва оббарорқ, обанборҳо ва каналҳо то гузаронидани тадбирҳои дар лоиҳаҳо пешбинигардида, ки зериобмонқ, ботлоқу шӯршавқ ва бодлесии заминҳоро пешгирқ мекунанд;

системаҳои заҳбуру заҳкашқ то тайёр шудани обгирҳо ва дигар объектҳо мувофиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

иншооти гидротехникии маҷроқ то тайёр шудани дастгоҳҳо барои гузаронидани селобҳо ва моҳиҳо мутобиқи лоиҳаҳои тасдиқгардида;

иншооти хоҷагии об дар лоиҳаҳое, ки дар онҳо ҷуброни зарари ба захираҳои моҳқ, дигар ҳайвоноту набототи обқ расонидашаванда, пешбинқ нагардидааст;

чоҳҳои барои об пармашуда бидуни таҷҳизонидани онҳо бо дастгоҳҳои танзими об ва дар ҳолатҳои зарурқ муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарқ.

То анҷом додани тадбирҳои дар лоиҳа пешбинигардида оиди омода сохтани маҷрову обраҳаҳо пур кардани обанборҳо манъ аст.

 

Моддаи 18. Балоиҳагирии сохтмони кӯпрукҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётқ ба воситаи объектҳои об

Лоиҳаҳои сохтмони кӯпрукҳо, гузаргоҳҳо ва дигар коммуникатсияҳои нақлиётқ ба воситаи объектҳои об бояд шароитҳоеро пешбинқ намоянд, ки гузаронидани селобҳо, риояи низоми истифодаи объектҳои об, ҳифзи моҳқ ва дигар ҳайвоноти обқ, пешгирқ намудани ифлосшавқ, олудашавию камшавии обҳо ва дигар таъсири зарароварро таъмин намоянд.

 

БОБИ 3

ИҶРОИ КОРҲО ДАР ОБЪЕКТҲОИ ОБ ВА ДАР МИНТАЫАҲОИ ҲИФЗИ ОБ

 

Моддаи 19. Тартиби иҷрои корҳо дар объектҳои об ва дар минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об

Корҳои сохтмонқ, чуқуркунии қаъри маҷрои об ва корҳои таркишқ, истихроҷи маводи uайримаъданқ, кашидани кабелҳо, хати қубурҳо ва дигар коммуникатсияҳо, буридани ҷангал, ҷамъоварии растаниҳои обқ, корҳои пармакунқ, кишоварзқ ва дигар корҳо дар объектҳои об ё дар минтақаҳои ҳифзи оби наздисоҳилии обанборҳо, ки ба ҳолати об таъсир мерасонанд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар мақомот мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба амал бароварда мешаванд.

 

Моддаи 20. Минтаыаҳои ҳифзи оби объектҳои об

Минтақаҳои ҳифзи об ҳудудест бевосита ҳамшафати маҷрои дарёҳо, каналҳои таъиноти гуногун, обанборҳо, дигар объектҳои об, ки дар он низоми махсуси истифодаи об ба мақсади ҳифзи ин объектҳо аз ифлосшавқ, лойқашинқ, олудашавқ аз обовардҳо ва дигар зуҳуроти номатлуб, инчунин барои ташкили низоми мусоиди об муқаррар карда мешавад.

Ба минтақаҳои ҳифзи об инҳо мансубанд:

минтақаҳои ҳифзи санитарии рӯизаминқ ва сарҳадоти паҳншавии обҳои зеризаминқ;

қитъаҳои соҳилии обанборҳо ва кӯлҳои табиқ;

қитъаҳое, ки барои сохтмони каналҳои таъиноти гуногун ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Муқаррар намудани минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарқ

Минтақаҳои наздисоҳилии ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об дар шакли табиқ мутобиыи лоиҳаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об ва дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтаыаҳои наздисоҳилии ҳифзи обро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши вай мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об тасдиқ мекунад.

Минтақаҳои ҳифзи об ва минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об, ки дар салоҳияти ҳукуматҳои маҳаллқ қарор доранд, дар шакли табиқ ва бо ҳамон тартиб дар сатҳи дахлдор муқаррар карда мешаванд, аммо лоиҳаҳоро бошад мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ё бо супориши онҳо мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об тасдиқ мекунанд.

 

Моддаи 22. Нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об дар ҳолати мусоид

Дар ҳолати мусоид нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуди онҳо ба зиммаи роҳбарони иттиҳодияҳо, ташкилоту  хоҷагиҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, инчунин ба шаҳрвандоне, ки заминҳои корами дар ҳудуди минтақаҳои ҳифзи об ҷойгирифта дар истифодаи онҳо қарор доранд, гузошта мешавад. Дар минтақаҳои ҳифзи об истифодаи моддаҳои кимиёвқ, иҷрои корҳо ва ҷойгир кардани объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсири зараровар мерасонанд, манъ карда мешавад.

 

ФАСЛИ  2

ИСТИФОДАИ ОБ

БОБИ 4

НАМУДҲОИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 23. Истифодаи умумқ ва махсуси об

Истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, анҷом дода шуда, аз истифодаи махсуси об, ки бо истифодаи чунин иншоот ё дастгоҳҳои техникқ амалқ гардонида мешавад, фарқ мекунад. Дар мавридҳои алоҳида ба истифодаи махсуси об имкон дорад истифодаи объектҳои об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникқ, ки ба вазъи об таъсир мерасонанд, мансуб дониста шавад.

Номгӯи намудҳои истифодаи махсуси об ва миқдори обгирқ аз объектҳои об аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 24. Истифодаи якҷоя ва ҷудогонаи об

Объектҳои об метавонанд таҳти истифодаи якҷоя ва ҷудогона қарор гиранд. Дар истифодаи якҷоя метавонанд объектҳои обе (қисми объектҳои обе), ки ба истифодаи ҷудогона дода нашудаанд, қарор гиранд. Дар истифодаи ҷудогона объектҳои обе (қисми объектҳои обе) қарор доранд, ки дар асоси қарори мақомоти давлатқ (моддаи 38 Кодекси мазкур) барои истифода ба як шахси ҳуқуққ дода шудаанд.

 

Моддаи 25. Истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об

Шахсони воқеқ ва ҳуқуққ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудааст, истифодабарандагони аввалаи об буда, дар ҳолатҳои муқарраркардаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об ба дигар шахсони воқеқ ва ҳуқуққ истифодаи баъдинаи обро иҷозат диҳанд.

Шартҳои истифодаи баъдинаи об, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайн бояд дар шартномаи байни истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об зикр гардида, ба расмият дароварда шаванд.

 

Моддаи 26. Намудҳои истифодаи об, ки аз рӯи таъиноти асосии мақсаднок фарқ мекунанд

Объекти об дар сурати риоя намудани талаботи дар қонун пешбинишуда ва шартҳои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолқ бо оби нӯшокқ, маишқ, муолиҷавқ, курортқ, солимгардонқ ва дигар ниёзи аҳолқ, талаботи кишоварзқ, саноатқ, энергетикқ, нақлиётқ, моҳипарварқ ва дигар талаботҳо, инчунин дар як вақт барои якчанд мақсад ба истифода дода мешавад.

Истифодаи об, ки бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникқ, ки ба ҳолати обҳо таъсир намерасонанд, анҷом дода мешавад, аз ҷониби шахсони воқеқ ва ҳуқуққ, дар сурати риояи талаботи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, гирифтани иҷозатро  барои истифодаи махсуси об талаб намекунад.

 

БОБИ 5

ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ОБЪЕКТИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 27. Истифодабарандагони об

Ҳама гуна шахсони воқеқ ва ҳуқуққ, сарфи назар аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.

 

Моддаи 28. Объектҳои истифодаи об

Объектҳои обе ба истифода дода мешаванд, ки дар моддаи 4 Кодекси мазкур зикр гардидаанд.

 

Моддаи 29. Қисман ё пурра манъ кардани истифодаи объектҳои об

Истифодаи объектҳои обе, ки дорои аҳамияти махсуси давлатқ ё арзиши махсуси илмию фарҳангқ мебошанд, мумкин аст қисман ё пурра бо тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шаванд.

 

БОБИ 6

ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ

 

Моддаи 30. Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёҷоти нӯшокқ ва маишии аҳолқ додани объектҳои об

Объектҳои об пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нӯшокқ ва маишии аҳолқ ба истифода дода мешаванд.

 

Моддаи 31. Шартҳои иқтисодии ба истифода додани объектҳои об

Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бепул аст.

Истифодаи махсуси об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакқ сурат мегирад.

Пардохт аз ҳамаи истифодабарандагони об uайр аз истифодаи умумии об, сарфи назар аз мансубияти идоравқ, шаҳрвандқ, намудҳои моликият ва шаклҳои хоҷагидорқ, ба истиснои мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситонида мешавад.

Пардохт ситонида мешавад:

барои истифодаи захираҳои об дар доираи меъёри (лимити) муқараргардида (uайр аз обёрии кишоварзқ ва хоҷагии ҷангал);

барои истифодаи аз меъёр (лимити) зиёд ва uайриоқилонаи захираҳои об;

барои хизматрасонии вобаста бо ҷамъшавқ, интиқоли об то сарҳади истифодабарандагон, тақсим ва тоза кардани обҳо;

барои додани ҳуқуқи истифодаи захираҳои об бо мақсади обёрқ;

барои анҷом додани дигар тадбирҳои хоҷагии об (uайр аз обёрии кишоварзқ ва хоҷагии ҷангал)

Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблаuро барои истифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 32. Иҷозат барои истифодаи махсуси об

Истифодаи махсуси об дар соҳаҳои иқтисодиёт дар асоси иҷозатномаҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об додашаванда амалқ мегардад. Дар мавридҳои зарурқ иҷозат бо мақомоти ваколатдори давлатқ доир ба назорати санитарқ, инчунин бо дигар идораҳои манфиатдор мувофиқат карда мешавад.

 

Моддаи 33. Иҷозат барои истифодаи махсуси об, ки аз ҷониби мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї дода мешавад

Иҷозат ҷиҳати истифодаи обҳои зеризаминқ, ки барои таъмини мутамаркази об ба воситаи сохтани чоҳҳои шахтавқ ва чоҳҳои обсофкунанда дар ҳудуди деҳот, шаҳраку шаҳрҳо, истифода намегарданд, инчунин каптаҷи чашмаҳо, ки бидуни маҷбуран паст кардани сатҳи об кор мекунанд, аз ҷониби мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дода мешаванд.

Сохтани чоҳҳо ва каптаҷҳои мазкур дар заминҳои захираи давлатқ ва фонди давлатии ҷангал ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти идораи захираҳои замин ва заминсозқ дар асоси иҷозатномаҳое, ки мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї медиҳанд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 34. Тартиби амалқ гардонидани истифодаи умумии об

Истифодаи умумии об бидуни иҷозат  амалқ мегардад. ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи мақомоти назорати давлатии санитарқ, қоидаҳои ҳифзи одамон дар об ва мақомот доир ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи обҳо ҳатмист.

Бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин аз рӯи асосҳои истеҳсолқ ва дигар асосҳо мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти назорати давлатии санитарқ, дигар мақомоти манфиатдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозқ, заврақронқ, об додани чорво манъ аст, муқаррар менамоянд, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд.

Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї вазифадоранд, ки аҳолқ ва шахсони ҳуқуқиро дар бораи шартҳои оиди истифодаи умумии об муқаррар кардаашон хабардор намоянд.

 

Моддаи 35. Истифодаи умумии об дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогона дода шудаанд

Дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогона дода шудаанд, истифодаи умумии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо шартҳои муқарраркардаи истифодабарандагони асосии об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об иҷозат додашуда, ҳангоми зарурат имкон дорад истифодаи умумии об манъ карда шавад.

Истифодабарандаи асосии об вазифадор аст, дар бораи шартҳо ё манъ кардани истифодаи умумии об ба аҳолқ иттилоъ диҳад.

 

Моддаи 36. Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об

Объектҳои об ба истифодаи ҷудогона ба таври пурра ё қисман дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақомоти  иҷроияи  маҳаллии њокимияти давлатї ё мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об бо мувофиқати ҳокимиятҳои иҷроия дар маҳалҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

Дар қарорҳо оиди ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об мақсадҳое, ки объектҳои об барои онҳо дода мешаванд ва шартҳои асосии истифодаи объектҳои об зикр мегарданд.

 

Моддаи 37. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона медиҳанд

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо ва шаҳрҳо обанборҳои бастаро (бемаҷроро), ки дар ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ҷойгиранд, дар сурати ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфқ нарасонидан ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти вилоятии ҳокимияти иҷроия объектҳои обро, ки дар ҳудуди вилоят ҷойгиранд, ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об объектҳои об ё қисми онҳоро мувофиқи ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ба истифодаи ҷудогона медиҳанд.

 

Моддаи 38. Ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи ҷудогонаи объекти обро тасдиқ мекунанд

Ҳуқуқи истифодакунандагони об ба истифодаи ҷудогонаи объекти об бо санадҳои давлатии ҳуқуқи истифодаи об, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳо, ноҳия ва шаҳрҳо дода мешаванд, тасдиқ мегарданд.

Шакли ин санадҳоро мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об таҳия ва тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 39. Мӯҳлатҳои истифодаи об

Объектҳои об ба истифодаи бемӯҳлат ё муваққатқ дода мешаванд. Истифодаи бемӯҳлати (доимии) об ҳамин гуна истифодаи об дониста мешавад, ки мӯҳлаташ қаблан муқаррар нагардидааст.

Истифодаи муваққатқ имкон дорад кӯтоҳмӯҳлат- то се сол ва дарозмӯҳлат- аз се сол то бисту панҷ сол бошад. ҳангоми зарурат мӯҳлатҳои истифодаи об метавонанд ба давраҳое, ки аз мӯҳлатҳои мутобиқан истифодаи кӯтоҳмӯҳлат ё дарозмӯҳлат зиёд нестанд, дароз карда шаванд.

Истифодаи умумии об бо мӯҳлат маҳдуд карда намешавад.

 

Моддаи 40. Њисоб кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об

Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об аз рӯзи қабул гардидани қарор дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об ё додани иҷозати махсуси истифодаи об ҳисоб карда мешавад, агар дар худи қарор ё иҷозат  мӯҳлати дигаре нишон дода нашуда бошад.

 

Моддаи 41. Тартиби дароз кардани мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об

Мӯҳлатҳои истифодаи муваққатии об бо хоҳиши истифодабарандагони манфиатдори об аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар бораи ба истифодаи ҷудогона додани объекти об қарор қабул кардаанд ё барои истифодаи махсуси об иҷозатнома додаанд, дароз карда мешаванд.

 

БОБИ 7

ҲУҚУҚУ ӯҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ХОҶАГИИ ОБ

 

Моддаи 42. Истифодаи объекти об мувофиқи таъинот

Истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд, аз объектҳои об ба он мақсадҳое, ки ин объектҳои об барои онҳо бо иҷозат ҷиҳати истифодаи махсуси об дода шудаанд, истифода баранд.

 

Моддаи 43. Њуқуқҳои истифодабарандагони об

Мувофиқи таъиноти мақсаднок, ки ҷиҳати истифодаи махсуси объекти об иҷозатнома дода шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида истифодабарандагони об ҳуқуқ доранд:

пайдо кардани об ҷиҳати истифодаи минбаъдаи он;

истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти кишоварзқ, саноат, гидроэнергетика, нақлиёт, хоҷагиҳои моҳипарварию шикор ва дигар мақсадҳои манъ карданашуда;

сохтани системаҳои обёрқ, бунёд намудану муҷаҳазонидани иморати иншоотҳои гидротехникии хоҷагии об, инчунин анҷом додани таъмиру таҷдид ва барҳамдиҳии он;

истифодаи объектҳои об барои истироҳат, гузаронидани тадбирҳои варзишию солимгардонқ, нигоҳ доштани ҳолати мусоиди табиқ, инчунин анҷом додани дигар амалҳои бо қонунгузорқ доир ба истифодаи иншооти об манъкарданашуда;

талаб намудан аз мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об дар хусуси андешидани тадбирҳо доир ба пешгирқ кардани камшавқ ва ифлосшавии фонди об, таъмини захираҳои об бо миқдор ва сифати муайян;

муттаҳид шудан дар ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об.

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо мақсади нигоҳ доштан, истифода намудани системаҳои  мелиоративқ ва ирригатсионии дохилихоҷагқ, ки дар истифодаи якҷоя ва фардқ қарор доранд, ҷиҳати тақсими боадолатона, самаранок ва саривақтии об байни хоҷагиҳои деҳқонқ (фермерқ), ҷамъоварии пардохт барои расонидани об, ҳалли низоъҳое, ки байни аъзо оид ба тақсим ва истифодаи об ба миён меоянд, таъсис дода мешаванд.

 

Моддаи 44. Маҳдудияти ҳуқуқхои истифодабарандагони об

Дар ҳолатҳои камобии аз ҳад зиёд, ҳолатҳои садамавқ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, муриши ҳайвонот ва дар дигар ҳолатҳо ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ба манфиатҳои давлат инчунин ба манфиатҳои дигар истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Бо вуҷуди ин ба бад шудани шароитҳои истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшокқ ва маишии аҳолқ бояд роҳ дода нашавад.

Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми амалқ гардонидани тадбирҳои таъхирнопазир доир ба пешгирқ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиқ, ки дар натиҷаи таъсири зараровари об ба вуқӯъ омадаанд, бо моддаи 130 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.

Ҳангоми напардохтани ҳақи истифодаи об мутобиқи моддаи 31 Кодекси мазкур истифодаи он қисман ё пурра қатъ мегардад.

Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро метавонад мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозатнома додааст, маҳдуд намояд, ҳуқуқҳои истифодаи баъдинаи об аз ҷониби истифодабарандаи аввалаи об бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, инчунин дигар мақомот мутобиқи ҳамин Кодекс, маҳдуд карда мешаванд.

 

Моддаи 45. ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об

Истифодабарандагони об ӯҳдадоранд:

истифодаи оқилонаи объектҳои об, зоҳир намудани uамхорқ оид ба масрафи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати обҳо;

ҷорқ кардани технологияи нигоҳдории захираи об, ки ба баланд бардоштани дараҷаи самаранокии истифодаи об, беҳтар шудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва муҳити зист мусоидат мекунад;

андешидани тадбирҳои имконпазир ҷиҳати қатъи пурраи партофтани обҳои партов ба объектҳои об ва обҳои ҷорқ, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд;

роҳ надодан ба вайрон кардани ҳуқуқҳои ба дигар истифодабарандагони об додашуда, инчунин андешидани тадбирҳо ҷиҳати нарасонидани зарар ба объектҳои хоҷагқ ва табиқ (замин, ҳайвоноту набобот, канданиҳои фоиданок ва uайра);

сари вақт пардохтани ҳақи истифодаи захираҳои об ва хизмати расонидани об ба истифодабарандагон;

дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои обёрқ, заҳбурҳо, обтозакунқ, дигар объектҳо ва воситаҳои техникқ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, беҳтар гардонидани сифати истифодаи онҳо;

мустақилона ё якҷоя бо дигар мақомот тибқи тартиби муқарраргардида анҷом додани назорат ба сифат ва миқдори оби истифодашаванда;

амалқ гардонидани тадбирҳои ҳифзи моҳқ ва дигар набототу ҳайвоноти обқ;

дар ҳолати зарурқ нигоҳ доштани минтақаҳои ҳифзи об бо риояи низоми истифодаи ҳудуд, агар онҳо таҳти истифодаашон қарор дошта бошанд;

риоя намудани талаботи муқарраргардида ва шартҳои шартномаи истифодаи об, ки бо ташкилотҳои обрасон ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об баста шудааст;

иҷрои дигар талаботе, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар иҷозатномаҳо барои истифодаи махсуси об пешбинқ гардидаанд.

 

Моддаи 46. Ҳавасмандгардонии обистифодабарандагоне, ки тадбирҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи обҳоро амалқ мегардонанд.

Тадбирҳои ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки амалигардонии чорабиниҳои ба ҷамъият фоиданокро оид ба истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об иҷро менамоянд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба истифода ва ҳифзи об таҳия ва бо идораҳои манфиатдор мувофиқат гардида, аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 47. Ҳуқуқи ташкилотҳои хоҷагии об дар бобати истифода намудани захираҳои об

Ташкилотҳои хоҷагии об барои таъмини эҳтиёҷоти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ амалҳои обро аз манбаъҳои об гирифтан, расонидан ва байни истифодабарандагон тақсим намуданро иҷро менамоянд.

 

Моддаи 48. ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии об оиди обрасонқ

Ташкилотҳои хоҷагии об фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи тарафҳо оиди расонидани об ба истифодабарандагон амалқ менамоянд.

Ҷиҳати риоя намудани нуқтаҳои шартномаи тарафҳо оиди обрасонқ ташкилотҳои хоҷагии об ӯҳдадоранд:

ҳолати боэътимоди техникии системаҳои обёриро (ирригатсиониро) то мӯҳлатҳои дар шартномаи тарафҳо оиди ба истифодабарандагон расонидани миқдори об пешбинишуда таъмин намоянд;

заҳбуру заҳкашҳо, объектҳои қабули оби партов, обтаъминкунқ ва обравониро омода созанд;

обистифодабарандагонро мутобиқи мӯҳлат ва меъёри пешбинишуда бо об таъмин намоянд;

бо мувофиқат бо истифодабарандагони об барои муайян кардани миқдори оби расонидашуда, дар ҷойҳои обгузаре, ки дар шартнома нишон дода шудааст, дастгоҳҳои обченкунқ гузоранд.

 

БОБИ 8

ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚҲОИ  ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 49. Асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

Ҳуқуқи шахсони воқеқ ва ҳуқуққ барои истифодаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;

ба охир расидани мӯҳлати дар иҷозати истифодаи махсуси об нишондодашуда;

аз нав ташкил намудан ва барҳам додани шахси ҳуқуққ, фавти шахси воқеқ;

ба миён омадани зарурати давлатиибекор кардани иҷозати истифодаи махсуси об;

мунтазам вайрон кардани шартҳои шартнома дар бораи истифодабарии об, ки бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об баста шудааст.

Ҳуқуқи истифодаи об (uайр аз ҳуқуқи истифода аз захираҳои об барои эҳтиёҷи нӯшиданқ ва маишқ) дар сурати аз тарафи шахсони воқеқ ва ҳуқуққ вайрон кардани қоидаҳои истифодаи об ё истифодаи объекти об хилофи мақсаде, ки он дода шудааст, инчунин дар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ карда мешавад.

Дар қонун ҷиҳати қатъи ҳуқуқи истифодаи об метавонад дигар асосҳо пешбинқ гардад.

 

Моддаи 50. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқҳои истифодаи об

Ҳуқуқи истифодаи об бо усусли зайл қатъ мегардад:

бекор кардан ё боздоштани амали иҷозати истифодаи махсуси об;

кашида гирифтани иншооти об, ки барои истифодаи ҷудогона дода шудааст.

Истифодаи баъдинаи об имкон дорад бо қарори истифодабарандаи аввалаи об ва бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, ки барои истифодаи махсуси об иҷозат додааст, қатъ карда шавад.

 

Моддаи 51. Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона

Гирифтани объекти об аз истифодаи ҷудогона аз ҷониби мақомоте, ки объекти обро мутобиқи моддаи 36 ба истифодаи ҷудогона додаанд, ба амал бароварда мешавад. Объекти об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо мувофиқи моддаи 97 Кодекси мазкур гирифта мешавад.

 

Моддаи 52. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об, қатъ гардонидан ё таuйир додани шартҳои истифодаи об расонида шудаанд

Зарари ба шахсони воқеқ ва ҳуқуққ дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об (корҳои гидротехникқ ва монанди инҳо, uайр аз ҳолатҳои садамавқ ва вобаста бо офатҳои табиқ), инчунин қатъ гардонидан ё таuйир додани шартҳои дар шартномаи истифодаи об нишондодашуда, бояд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

 

БОБИ 9

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ НӯШИДАНҚ, МАИШҚ ВА ДИГАР  ЭҲТИЁҶОТИ АҲОЛҚ

 

Моддаи 53. Об ва объектҳое, ки барои эҳтиёчоти нӯшиданқ, маишқ ва дигар эҳтиёчоти аҳолқ дода мешаванд

Барои таъмини оби нӯшиданқ, маишқ, инчунин дигар эҳтиёҷоти аҳолқ объектҳои обе дода мешаванд, ки сифати онҳо ба талаботи муқарраркардаи санитарқ мувофиқ мебошад.

 

Моддаи 54. Таъминоти мутамаркази аҳолқ бо об

Ҳангоми бо тартиби обтаъминкунии мутамарказ истифода намудан аз объекти об барои эҳтиёҷоти нӯшиданқ, маишқ ва дигар эҳтиёҷоти аҳолқ шахсони ҳуқукқ, ки хати қубурҳои оби хоҷагию нӯшиданқ дар идоракунии фаврқ ё моликияти онҳо қарор гирифтааст, ҳуқуқ доранд, обро аз манбаъҳои обтаъминкунқ мутобиқи иҷозати барои истифодаи махсуси об додашуда, онро ба истеъмолкунандагон диҳанд.

Шахсони ҳуқуққ вазифадоранд:

ҳамаи шартҳои технологиро ҳангоми ба истифодабарандагон расонидани оби нӯшокқ иҷро намоянд;

расонидани оби нӯшокиро мувофиқи меъёрҳои муқарраршудаи сифат, ташкили баҳисобгирии оби гирифташаванда, мушоҳидаи (мониторинги) мунтазами сифати обро дар ҷойҳои обгирқ таъмин намоянд;

низоми мунтазам додани оби нӯшокиро барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолқ ва ташкилотҳои саноати хӯрокворқ дар навбати аввал таъмин намоянд;

набояд ба вайрон шудани низоми мунтазами обрасонқ ба аҳолқ, эҳтиёҷоти ташкилотҳо, протсесҳои технологиии ба оби нӯшокқ зарурат надошта, сабаб шаванд;

ба мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти назорати давлатии санитарқ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо оиди бад шудани сифати об аз меъёри муқарраргардида хабар диҳанд.

 

Моддаи 55. Таъминоти uайримутамаркази аҳолқ бо об

Ҳангоми тибқи тартиби обтаъминкунии uайримутамарказ истифода намудани объекти об барои эҳтиёҷоти нӯшиданқ, маишқ ва дигар эҳтиёҷоти аҳолқ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд обро бо тартиби умумқ ё истифодаи махсус бевосита аз манбаъҳои рӯизаминқ ва зеризаминқ гиранд.

Истифодаи объектҳои обгирие, ки барои ин мақсадҳо пешбинқ шудаанд, мувофиқи қоидаҳои муқарраркардаи мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки ин объектҳо дар ҳудуди онҳо воқеъ гардидаанд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 56. Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нӯшиданқ барои эҳтиёҷоте, ки бо таъмини оби нӯшиданию маишқ вобаста нестанд

Истифодаи оби зеризаминии дорои сифати нӯшиданқ барои этиёҷоте, ки бо таъмини оби нӯшиданию маишқ вобаста нестанд, манъ аст. Дар минтақаҳое, ки манбаъҳои зарурии рӯизаминии об мавҷуд набуда, захираҳои оби зеризаминии дорои сифати нӯшиданқ кофқ мебошанд, мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об метавонад истифодаи ин обро барои мақсадҳои ба таъминоти нӯшиданию маишқ иртиботнадошта, иҷозат диҳад.

 

Моддаи 57. Њуқуқи моликият ба системаҳои обрасонии оби нӯшокқ

Системаҳои мутамарказ ва uайримутамаркази таъмини обрасонии оби нӯшокқ метавонанд моликияти ҷумҳуриявқ, коммуналқ ва ё шахсони ҳуқуққ бошанд.

Системаи тақсимоти манзилии оби нӯшокқ, системаи алоҳидаи таъминоти оби нӯшокқ, системаҳои таъминоти оби нӯшокқ дар воситаҳои нақлиёт моликияти соҳибони фонди манзилқ, воситаҳои нақлиёт мебошанд.

Системаҳои мутамарказ ва uайримутамарказ хусусқ гардонида намешаванд.

Шахсони воќеї ва њуќуќї метавонанд дар моликияти худ шабаќањои таъминоти об дошта бошанд, ки мутобиќи талаботи меъёрњои амалкунанда ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон мустаќилона сохта шудаанд.

 

Моддаи 58. Манбаъҳои маблаuгузорқ дар соҳаҳои таъминоти оби нӯшокқ

Манбаъҳои маблаuгузорқ дар соҳаҳои таъминоти оби нӯшокқ инҳо мебошанд:

маблаuҳои аз ҳисоби пардохти истифобарандагони системаҳои мутамарказ ва истифодабарандагони оби нӯшокқ;

маблаuҳои буҷети ҷумҳуриявқ;

маблаuҳои буҷетҳои маҳаллқ;

маблаuҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии барои рушди системаҳои таъминоти оби нӯшокқ воридшаванда;

дигар манбаъҳое, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудааст.

 

Моддаи 59. Сертификатсия дар соҳаи таъминоти оби нӯшокқ

Оби нӯшокие, ки барои фурӯш дар зарфҳо, воситаҳои инфиродқ, маишқ ва дастаҷамъии пок намудан ва безарар гардонидани об, инчунин мавод, реагентҳо, протсесҳои технологқ ва воситаҳои дигар, ки ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешаванд, бояд ҳатман сертификатсия шаванд.

Сертификатсияи оби нӯшокқ, ки ба тариқи системаи марказонидашудаи обрасонқ дода мешавад, мувофиқи қонунҳои мавҷуда амалқ мегардад.

 

Моддаи 60. Кафолати таъмини оби нӯшокқ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва uайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокқ

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, моликони системаҳо, ташкилотҳои обрасонии оби нӯшокқ мутобиқи салоҳияташон ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи марказонидашуда ва uайримарказонидашудаи обрасонии оби нӯшокқ, ки боиси халалдор гардидани таъмини оби нӯшокқ ба истифодабарандагон ё боиси номувофиқ шудани сифати обе, ки  мутобиқи талаботи меъёрқ муқаррар гардидааст, бояд барои бо оби нӯшокқ таъмин намудани истифодабарандагон чора бинанд, бо ин мақсад манбаъҳои эҳтиётқ ва системаи обрасонии оби нӯшокқ, воситаҳои техникии маишқ ва дастаҷамъии тоза ва безараргардонии об, таъмини оби нӯшокқ дар зарфҳо ё расонидани онҳоро дар зарфҳо (систернаҳо) барои истифодаи умум таъмин намоянд.

Шахсони воќеї ва њуќуќї дар асоси ихтиёрї оид ба таъминоти якљояи об ташкилотњои ѓайридавлатї таъсис додва метавонанд.

Ташкилотњои ѓайридавлатии таъминоти якљояи об љињати баланд бардоштани эътимоднокии бо об таъмин намудани як мањалла ё гурўњи мањалњои ањолинишин бо иштироки тамоми ањолї ва ё як ќисми ањолї бо маќсади сохтмони шабакаи нав, барќарорсозии шабакањои мављуда, бо обтаъминкунї, дар њолати  корї нигоњ доштан, маблаѓгузорї ва бањрабардорї аз шабакањои истифодаи умум ташкил карда мешаванд.

Давлат ташкилотњои ѓайридавлатии таъминоти якљояи обро дастгирї намуда, љињати ташаккули онњо мусоидат менамояд.

 

БОБИ 10

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ МУОЛИҶАВҚ, КУРОРТИЮ СОЛИМГАРДОНҚ

 

Моддаи 61. Дар навбати аввал барои мақсадҳои муолиҷавию курортқ истифода намудани объектҳои обе, ки ба категорияи табобатқ (маъданқ) мансуб дониста шудаанд.

Объектҳои обе, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба категорияи оби муолиҷавқ (маъданқ) мансуб дониста шудаанд, пеш аз ҳама барои мақсадҳои муолиҷавқ ва курортқ истифода мешаванд.

Дар ҳолатҳои истисно макомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзим ва истифода ва ҳифзи об бо мувофиқати мақомоти дахлдори тиббқ метавонанд истифодаи объектҳои оби ба категорияи оби муолиҷавқ (маъданқ) мансуб донисташударо барои дигар мақсадҳо иҷозат диҳанд.

 

Моддаи 62. Манъ кардани партофтани обҳои  партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи обҳои муолиҷавқ мансуб дониста шудаанд.

Партофтани обҳои партов ба объектҳои обе, ки ба категорияи оби муолиҷавқ мансуб дониста шудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 63. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш

Тартиби истифодаи объектҳои об барои истироҳату варзиш аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм

Истифодаи объектҳои об барои шино кардани киштиҳои хурдҳаҷм (заврақҳои белу мотордор, катерҳо, яхтаҳои бодбондор ва uайра) бо риояи қоидаҳои истифодаи киштиҳои хурдҳаҷм, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, иҷозат дода мешавад.

Киштиҳои хурдҳаҷм бояд тибқи тартиби муқарраргардида бо сабти аломатҳо дар девораҳояшон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба қайд гирифта шаванд.

 

Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об барои моҳидорқ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорқ

Тамоми объектҳои об, ба истиснои объектҳои обе, ки дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳо, ҳавзҳои моҳипарварқ, ҳавзҳо ва дигар хоҷагиҳои парвариши моҳқ воқеъ гардидаанд, имкон дорад дар сурати риояи қоидаҳои муқарраргардида, барои моҳидорқ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорқ истифода бурда шаванд.

Барои мақсадҳои мазкур мақомоти махсуси ваколатдори давлатқ оид ба танзими истифода ва ҳифзи об метавонад объекти об ё қитъаҳои алоҳидаи онҳоро ҷудо намояд.

Дар обанборҳое, ки ба ҷамъиятҳои варзишқ барои ташкили хоҷагиҳои моҳипарварқ дода шудаанд, моҳидорқ бо мақсади варзиш ва ҳаваскорқ дар асоси иҷозати  ин ҷамъиятҳо додашаванда, амалқ мегардад.

 

БОБИ 11

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ  СОҲАИ КИШОВАРЗҚ

 

Моддаи 66. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзқ

Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзқ ҳам бо тартиби истифодаи умумқ ва ҳам бо тартиби истифодаи махсус амалқ гардонда мешавад. ҳангоми истифодаи махсуси об системаҳои объёрию оббарорқ, обмонқ, хушккунқ, заҳбурканқ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзқ, инчунин объекту дастгоҳҳои алоҳидаи хоҷагии об, ки ба шахсони воқеқ ва ҳуқуққ мансуб мебошанд, ба кор бурда мешаванд.

 

Моддаи 67. Мақсадҳои истифодаи об дар соҳаи кишоварзқ дар шароити заминҳои обқ

Истифодаи об дар соҳаи кишоварзқ ҷиҳати фароҳам овардани низоми мусоиди намқ дар заминҳои обқ бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзқ, инчунин барои таъмини дигар эҳтиёҷоти истеҳсолоти кишоварзқ амалқ гардонида мешавад.

 

Моддаи 68. Амалқ кардани истифодаи об дар соҳаи кишоварзқ

Истифодаи об дар системаҳои объёрқ, оббарорқ ва объёрию оббарорқ, аз системаҳои дарёҳо, каналҳои магистралқ, ҳавзаҳои зеризаминқ ва дигар объектҳои хоҷагии об дар асоси шартномаҳо, нақшаҳои дохилихоҷагқ (дохили ассотсиатсияҳо) ва умумисистемавии (ҷадвалҳои) истифодаи об амалқ карда мешавад.

Дар шартномаҳои истифодаи об идораҳои системаҳои объёрқ, оббарорқ, объёрию оббарорқ ва системаҳои обтаъминкунии соҳаи кишоварзқ шартҳои истифодаи об, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҳамдигарро дақиқ муайян мекунанд.

 

Моддаи 69. Тасдиқи нақшаҳои истифодаи об

Нақшаҳои истифодаи об дар сатҳҳои гуногун аз ҷониби инҳо тасдиқ карда мешаванд:

нақшаҳои дохилихоҷагии истифодаи об бо мувофиқати ташкилоти обрасон аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурқ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти ноҳиявқ (ҳавзавқ) аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, ки тибқи тартиби маъмурқ ҳудуди дахлдор тобеи он аст;

вобаста ба системаҳои дорои аҳамияти байниноҳиявқ, вилоятқ (ҳавзавқ), ҷумҳуриявқ мутобиқан аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси вилоятқ ва ҷумҳуриявқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об бо мувофиқати мақомоти кишоварзқ.

 

Моддаи 70. Таuйир додани миқдори об ва мӯҳлатҳои обдиҳқ

Обдиҳии иловагқ барои эҳтиёҷоти кишоварзқ вобаста ба дархости истифодабарандаи об мутобиқи шартҳои дар шартнома зикргардида, анҷом дода мешавад.

Мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об ҳуқуқ дорад:

ҳангоми кам шудани сатҳи оби манбаи объёрқ (бо риояи усули таъминоти баробари об) ба истифодабарандагон додани обро маҳдуд намояд, дар давраи камобқ дар манбаъҳои алоҳидаи обдиҳии системаи объёрқ гардиши обро ҷорқ намояд;

дар ҳолатҳои истифодаи бесамари об, худсарона гирифтани об аз ҷониби истифодабарандагони алоҳида обдиҳиро мувофиқи моддаи 49 Кодекси мазкур қатъ кунад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима бандад;

вобаста ба таuйир ёфтани низоми оби манбаи объёрқ, шароити обу ҳаво, дигар сабабҳое, ки зарурати таuйир додани мӯҳлатҳои обдиҳии дар шартномаҳо пешбинигардидаро ба миён меоранд, ҷадвали обдиҳиро барои истифодабарандагони об таuйир диҳад. Таuйирот дар шартҳои истифодаи об метавонад танҳо дар асоси қоидаҳое, ки дар шартномаҳои обрасонқ зикр шудаанд, ворид карда шавад.

 

Моддаи 71. ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзқ истифода мебаранд

Шахсони воқеқ ва ҳуқуққ, ки аз объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзқ истифода мебаранд, вазифадоранд ӯҳдадориҳои муқарраргардидаи шартномавқ ва низоми истифодаи обро риоя намоянд, тамоми намудҳои талафоти обро кам кунанд, баҳисобгирии дахлдор ва назорати миқдори оби истифодашавандаро таъмин карда, иншоот ва дастгоҳҳои обченкуниро дар ҳудуди худашон ҳифз намоянд.

 

Моддаи 72. Объёрқ тавассути обҳои партов

Объёрии заминҳо ба воситаи обҳои партов аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарқ, ветеринарқ ва экологқ иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 73. Истифодаи об барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва боuҳои ниҳолпарварқ ҷойгир шудаанд

Муқаррароти моддаҳои 68, 74 Кодекси мазкур ҳамчунин барои объёрии заминҳое, ки ҷангалҳо, қитъаҳои ҷангалҳо ва боuҳои ниҳолпарварқ ҷойгир гардидаанд, татбиқ карда мешавад.

 

Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти ассосиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятқ

Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятқ метавонанд дар асоси иҷозати истифодаи махсуси об аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об дода шуда ва шартнома бо ташкилоти обрасони маҳаллии хоҷагии об аз объектҳои об барои объёрқ истифода баранд.

 

Моддаи 75. Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлигқ ва дигар хоҷагиҳо

Бо об таъмин намудани хоҷагиҳои наздиҳавлигқ, хоҷагиҳои деҳқонқ (фермерқ) ва дигар хоҷагиҳои шахсони воқеқ ва ҳуқуққ, сарфи назар аз шакли моликият, мувофиқи шартномаи байни ташкилоти обрасони хоҷагии об ва ассотсиатсия ё дигар иттиҳодияи ҷамъиятқ, ки хоҷагиҳои номбурда дар ҳудуди он ҷойгиранд, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 76. Манъ будани танзими об аз объектҳои оби таъминоти байнихоҷагқ аз тарафи истифодабарандагони об

Ба ҳамаи шахсони воқеқ ва ҳуқуққ - истифодабарандагони об худсарона танзим намудани объектҳои гидротехникқ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоҷагқ бо мақсади зиёд ё кам кардани хароҷоти об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатқ, дастгоҳҳои обкашқ ва дигар объекту воситаҳо манъ аст.

Партофтани об аз ҳавзҳо, каналҳо ва дигар иншоотҳои объёрикунанда дар ҳолатҳои даркорқ танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзим ва ҳифзи об иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 77. Манъ будани рафтуомади тракторҳо, воситаҳои нақлиёт, обдиҳқ ва рондани чорво аз болои каналҳо ва дигар объектҳои гиротехникқ

Рондани чорво, рафтуомади тракторҳо, мошинҳои кишоварзқ, автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиёт аз болои каналҳо ва дигар объектҳо дар ҷойҳое, ки барои ин мақсадҳо пешбинқ нашудаанд, манъ аст.

Обдиҳии чорво аз каналу обанборҳо танҳо дар сурати мавҷуд будани майдончаҳо ё ҷойҳои махуси барои ин мақсад ҷиҳозонидашуда, иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 78. Иштироки истифодабарандагони об дар корҳои ирригатсионию мелиоративқ

Барои нигоҳ доштан ва беҳтар кардани системаҳои объёрқ, оббарорқ ва объёрию оббарорқ истифодабарандагоне, ки аз ин системаҳо об мегиранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои ирригатсионию мелиоративқ ҷалб кардан мумкин аст.

 

Моддаи 79. Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзқ

Бо об таъмин намудани соҳаи кишоварзқ ба обтаъминкунии мутамарказ ва uайримутамарказ тақсим карда мешавад. ҳангоми обтаъминкунии мутамаркази соҳаи кишоварзқ қоидаҳои моддаи 54 Кодекси мазкур татбиқ карда мешаванд.

Бо обтаъминкунии uайримутамаркази ташкилотҳои алоҳидаи кишоварзқ, обёрқ намудани чарогоҳҳо бо иҷозати мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарию ветеринарқ, мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анҷом дода мешавад.

Шахсони ҳуқуққ, сарфи назар аз шакли моликият, ки системаҳои обтаъминкуниро барои обёрии чарогоҳҳо ва дигар мақсадҳои кишоварзқ истифода мебаранд, вазифадоранд ба ҷоришавии бесамари об, шӯру ботлоқшавии заминҳо роҳ надиҳанд.

 

БОБИ 12

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ МАҚСАДҲОИ САНОАТҚ ВА ЭҲТИЁҶОТИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКҚ

 

Моддаи 80. ӯҳдадориҳои обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатқ истифода мебаранд

Обистифодабарандагоне, ки объектҳои обро барои мақсадҳои саноатқ истифода мебаранд ӯҳдадоранд меъёрҳои технологқ ва қоидаҳои истифодаи обро риоя намуда, инчунин барои кам кардани хароҷоти об ва қатъ кардани партофтани обҳои партов бо роҳи такмили технологияи истеҳсолот ва схемаи обтаъминкунқ (истифодаи равандҳои технологии беоб, таъминоти об бо усули гардиш ва дигар усулҳои технологқ) тадбирҳо андешанд.

 

Моддаи 81. Маҳдудияти истифодаи оби нӯшиданқ барои мақсадҳои саноатқ

Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар ҳолатҳои офати табиқ, садамаҳо, камобқ ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд, истеъмоли оби нӯшиданиро барои мақсадҳои саноатқ аз шабакаҳои коммуналқ кам ё манъ ва аз хатҳои оби хоҷагию нӯшидании идоравқ ба манфиати дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолқ ба оби нӯшиданқ ва маишқ муваққатан маҳдуд намоянд.

 

Моддаи 82. Истифодаи оби зеризаминқ барои обтаъминкунии технологқ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолқ

Оби зеризаминқ (оби ширин, маъданқ ва гарм), ки ба категорияи оби нӯшиданқ ё муолиҷавқ мансуб дониста нашудаанд, метавонанд тибқи тартиби аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида барои обтаъминкунии технологқ, аз онҳо ҷудо карда гирифтани унсурҳои кимиёвии дар таркибашон мавҷуда, ба даст овардани нерӯи гармқ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолқ, бо риояи талаботи истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об, истифода бурда шаванд.

 

Моддаи 83. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикқ

Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикқ бо дарназардошти манфиатҳои соҳаҳои дигари хоҷагии халқ амалқ карда мешавад, агар ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об дар ин маврид тартиби дигареро пешбинқ накарда бошанд. Пур кардану истифода намудани обанборҳо ҳар сол танҳо бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анҷом дода мешавад.

Бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, шахсони воқеқ ва ҳуқуққ метавонанд имкониятҳои инҷенерии каналҳо ва дигар объектҳои мавҷудаи гидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ, агар ин амал ба кори асосии ин объект зарари воқеқ нарасонад, истифода намоянд.

 

Моддаи 84. Њуқуқ ва ӯҳдадориҳои муассисаҳои гидроэнергетикқ оиди истифодабарии об

Муассисаҳои гидроэнергетикқ ҳуқуқ доранд:

обро барои истеҳсоли қувваи барқ дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда истифода баранд;

чорабиниҳоро оиди беҳтар истифодабарии обанборҳо, ба мақсадҳои энергетикқ ба амал бароранд, агар талаботи истифодабарии маҷмӯъи ва ҳифзи обро вайрон намекарда бошад;

аз шахсони воқеқ ва ҳуқуққ риояи қоидаҳои истифодаи мӯътадили обанборҳоро барои эҳтиёҷоти гидроэнергетикқ талаб намоянд.

Муассисаҳои гидроэнергетикқ ӯҳдадоранд:

низоми муқараршудаи пур кардан ва обпартоқ аз обанбор, каму зиёд шудани сатҳи боло ва поёни обро риоя намоянд;

бе мамониат гузаштан ва бехатарии киштиҳо, қаиқҳо, ба амал баровардани обпартоиҳои санитарқ ва ҳифзи табиатро дар асоси  лоиҳаҳо таъмин кунанд;

иншоотҳои ҳифзи моҳқ, ҷои гузариши моҳиҳо ба ҷойҳои тухмгузорқ ва ҳифзи дигар ҳайвоноту набототи обиро дар ҳолати мусоид нигоҳ доранд;

устувории иншоотҳо ва истифодаи бесадамаи техникиро ҳангоми ҳодисаҳои сел, обхезқ ва дигар офатҳои табиқ таъмин намоянд.

 

БОБИ 13

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ  НАҚЛИЁТИ  ОБИЮҲАВОҚ

 

Моддаи 85. Роҳҳои обии истифодаи умумқ

Илова ба талаботи моддаи 4 Кодекси мазкур дарёҳо, кӯлу обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои обии истифодаи умумқ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳо бо ин мақсадҳо пурра ё қисман манъ гардидааст ё онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд.

 

Моддаи 86. Тартиби ба категорияи киштигард мансуб доданистани роҳҳои обқ ва муқаррар намудани қоидаҳои истифодабарии онҳо

Тартиби ба категорияи киштигард мансуб донистани роҳҳои обқ ва қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 87. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоқ

Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоқ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоқ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 14

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ  ХОҶАГИИ МОҲИПАРВАРҚ

 

Моддаи 88. Маҳдуд намудани истифодаи оби обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварқ ба манфиати хоҷагиҳои моҳипарварқ

Дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварқ ё қитъаҳои алоҳида, ки барои нигоҳдорқ, такрористеҳсол ва шикори намудҳои нодири моҳиҳо аҳамияти махсус доранд, ҳуқуқи истифодабарандагони об  имкон дорад, ба манфиати хочагиии моҳипарварқ маҳдуд карда шавад.

Номгӯи чунин обанборҳо ё қитъаҳои онҳо ва намудҳои маҳдудияти истифодаи об аз тарафи мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об муайян карда мешавад.

 

Моддаи 89. Тадбирҳои муҳофизат ва такрористеҳсоли захираҳои моҳқ

Ҳангоми истифодаи объектҳои гидротехникқ ва дигар объектҳо дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварқ барои такрористеҳсоли онҳо истифодабарандагони об бояд шароит муҳайё созанд ва тадбирҳои таъминкунандаи ҳифзи захираҳои моҳиро амалқ гардонанд.

Дар ҷойҳои тухмгузорқ ва чуқуриҳои зимистонгузаронқ дар обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварқ  гузаронидани корҳои заминканқ ва хокпартоқ, дигар корҳои ба ҳолати захираҳои моҳқ ва шароитҳои такрористеҳсоли онҳо таъсири манфқ расонанда, манъ аст. Гирифтани об аз обанборҳои моҳигирқ барои мақсадҳои саноатқ, объёрқ ва дигар эҳтиёҷот танҳо дар ҷойҳое, ки бо мақомоти ҳифзи моҳқ мувофиқат шудааст, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 90. ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарвариро истифода мебаранд

Шахсони воқеқ ва ҳуқуққ, ки обанборҳои хоҷагиҳои моҳипарварқ барои ба роҳ мондани моҳипарварқ ба истифодаи онҳо дода шудаанд, вазифадоранд барои такрористеҳсоли захираҳои моҳқ шароит фароҳам оварда, корҳои зарурии мелиоративиро анҷом диҳанд, инчунин заминистифодабарандагон қитъаҳои соҳилро дар ҳолати мусоиди санитарқ нигоҳ доранд.

 

Моддаи 91. Тартиби истифодаи объектҳои об барои  эҳтиёҷоти хоҷагии моҳипарварқ

Тартиби  истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии моҳипарварқ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 15

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ХОҶАГИИ ШИКОР

 

Моддаи 92. Њуқуқҳои афзалиятноки ташкилотҳои хоҷагии шикор оид ба истифодаи об

Дар дарёҳо, кӯлу дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти паррандаҳои ёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти қиматноки мӯинадор мебошанд, мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об метавонанд ба ташкилотҳои хоҷагии шикор бо дарназардошти талаботи истифодаи маҷмӯқ ва ҳифзи об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳам оранд.

 

Моддаи 93. Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёчоти хоҷагии шикор

Тартиби истифодаи объектҳои обро барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор (парвариши паррандаҳои обқ, ҳайвоноти мӯинадор, парвариши растаниҳои обқ ва гузаронидани дигар чорабиниҳои зарурқ барои пешбурди хоҷагии шикор) мақомоти ҷумҳуриявии хоҷагии ҷангал таҳия намуда, бо мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти назорати давлатии санитарқ ва дигар мақомоти манфиатдор мувофиқат мекунад.

Тартиби истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

БОБИ 16

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ЭҲТИЁҶОТИ МАМНӯЪГОҲҲО

 

Моддаи 94. Объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо

Объектҳои обе, ки дорои арзиши махсуси илмию фарҳангқ мебошанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорқ аз тарафи  ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъгоҳ эълон гардида, бо мақсади ҳифзи табиат ва гузаронидани тадқиқоти илмқ ба мамнӯъгоҳҳо барои истифодаи бемӯҳлату алоҳида дода мешаванд.

 

Моддаи 95. Ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф намудани объектҳои об

Объектҳои обе, ки дорои арзиши илмию фарҳангқ мебошанду мамнӯъгоҳ эълон гардидаанд, бо тартиби муқарраркардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг дониста мешаванд. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг донистани объектҳои об ва муқаррар намудани шартҳои махсуси истифодаи онҳо ба маълумоти аҳолқ ва ташкилотҳои манфиатдор расонида мешавад.

 

Моддаи 96. Тартиби истифодаи объектҳои оби мамнӯъгоҳҳо ва тадбирҳои ҳифзи онҳо

Тартиби истифодаи оби мамнӯъгоҳҳо тибқи низомномаҳои мамнӯъгоҳҳо муайян карда мешавад. Дар мамнӯъгоҳҳо амале, ки ҳолати табиии объекти обро вайрон мекунад, манъ аст. Ба объектҳои обии мамнӯъгоҳҳо шаҳрвандон танҳо бо иҷозати маъмурияти онҳо роҳ дода мешаванд. Партофтани оби партов ба ҳавзҳои оби объектҳои бо об таъминкунандаи мамнӯъгоҳҳо, инчунин корҳои гидромелиоративие, ки метавонанд ҳолати табиии ин объектҳоро таuйир диҳанд, бо риояи қоидаҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ва бо мувофиқати мамъмурияти мамнӯъгоҳҳои дахлдор гузаронида мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба минтақаҳои муҳофизатии атрофи мамнӯъгоҳҳо объекти обро бо қатъ ё маҳдуд кардани намудҳои истифодаи об дар ин объект, ки боиси вайрон шудани ҳолати аслии табиати мамнӯъгоҳҳо мегарданд, дохил намояд.

 

Моддаи 97. Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо

Кашида гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо танҳо дар ҳолати зарурати махсус дар асоси Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

 

БОБИ 17

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ  ПАРТОФТАНИ ОБҲОИ ПАРТОВ

 

Моддаи 98. Додани иҷозат ҷиҳати истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов

Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатқ, коммуналию маишқ, дренаҷқ, боронҳои сел ва дигар обҳои партов танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарқ, ҳифзи захираҳои моҳқ ва дигар мақомоти манфиатдор анҷом дода мешавад. Иҷозат дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обро барои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад.

 

Моддаи 99. Манъ будани партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои эҳтиёҷоти нӯшиданқ мансубт дониста шуда

Партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба категорияҳои оби нӯшиданқ мансуб донисташуда, манъ аст.

 

Моддаи 100. Шартҳои имконпазири партофтани оби партов ба объектҳои об

Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар ин амал боиси дар таркиби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида, зиёд шудани маводи ифлоскунанда нагардад ва  ва истифодабаранда оби партовро то ҳадде, ки мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ оид ба танзим истифода ва ҳифзи об муқаррар намудааст, тоза кунад.

Дар сурати вайрон кардани талаботи мазкур партофтани оби партов бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ оид ба танзими истифода ва ҳифзи об манъ ва ҳатто фаъолияти ташкилотҳои саноатқ, сехҳо, дастгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳои алоҳида қатъ гардонида шавад.

Дар ҳолатҳои мавҷуд будани хавфи таҳдид ба саломатии аҳолқ мақомоте, ки назорати давлатии санитариро амалқ мегардонанд, ҳуқуқ доранд партофтани оби партовро то қатъ гардонидани истифодаи  объекти истеҳсолқ ва дигар объектҳо манъ карда, дар ин хусус ба мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва  ҳифзи об хабар диҳанд. Тамоми тадбирҳое, ки тоза ва безараркунии оби  партови корхонаҳои аз нав сохташаванда ва таъмиршавандаи саноатқ, коммуналию кишоварзиро дар объектҳои об таъмин менамоянд, бояд то ба истифода додани иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо анҷом дода шаванд.

 

Моддаи 101. Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов

Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 18

ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ БАРОИ ЭҲТИЁҶОТИ ЗИДДИ СӯХТОР, БАРТАРАФ НАМУДАНИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА ДИГАР ҲОЛАТҲОИ БА ОН МОНАНД

 

Моддаи 102. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор

Гирифтани об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор аз ҳама гуна объекти об иҷозат дода мешавад. Истифодабарандагони об вазифадоранд оби дар ихтиёрашон бударо барои сӯхторхомӯшкунқ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда бепул ва бемамониат диҳанд.

 

Моддаи 103. Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор, бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва дигар зарурати давлатию ҷамъиятқ

Тартиби истифодаи объекти об барои эҳтиёҷоти зидди сӯхтор ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дигар зарурати давлатқ ва ҷамъиятқ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 19

ИСТИФОДАИ ОБАНБОРҲО

 

Моддаи 104. Низоми пуркунқ ва обпартоқ аз обанборҳо

Шахсони воқеқ ва ҳуқукии истифодабарандагони хатҳои қубури об, объектҳои обгузаронқ ё обгирқ вазифадоранд низоми пуркунқ ва обпартоиро аз обанборҳо, ки бо дарназардошти манфиатҳои обистифодабарандагони дар минтақаҳои таҳти таъсири обанборҳо қарордошта муқаррар шудааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 105. Тартиби истифодабарии обанборҳо

Тартиби истифодаи обанборҳо бо қоидаҳое, ки макомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об барои ҳар як обанбор, силсила ё системаи обанборҳо бо мувофиқати мақомоти назорати давлатии санитарқ ва дигар мақомоти манфиатдор тасдиқ шудаанд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 106. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникқ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд

Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникқ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд, инчунин назорат аз болои риояи қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об тибқи тартиби муқарраркардаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

 

Моддаи 107. Кӯлҳо ва дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд

Муқаррароти моддаҳои 104-106 Кодекси мазкур ҳамчунин барои истифодаи кӯлу дигар ҳавзҳо, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд, татбиқ мегардад.

 

БОБИ  20

ҲАЛЛИ БАҲСҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 108. Мақомоте, ки баҳсҳоро дар хусуси истифодаи об ҳал мекунанд

Баҳсҳо вобаста ба истифодаи об аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об,  инчунин суд бо тартиби муқарранамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 109. Ҳалли баҳсҳо оиди истифодаи об байни  истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар

         Баҳсҳо  оиди истифодаи об байни истифодабарандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони давлатҳои дигар аз  ҷониби ҳукуматҳои давлатҳо ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи  110. Њалли баҳсҳо оиди ҳуқуқи  истифодаи  махсуси об

Баҳсҳо  оиди ҳуқуқи истифодаи махсуси об аз ҷониби мақомоте, ки  иҷозати истифодаи объекти обро додааст, ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 111. Салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳалли баҳсҳои байни истифодабарандагони об

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳоро, ба истиснои баҳсҳои дар моддаи 110, 116  Кодекси мазкур пешбинишуда, доир ба  истифодаи об байни  обистифодабарандагони воқеъ дар ҳудуди ноҳияҳои (шаҳрҳои) гуногуни ҷумҳурқ, ноҳияҳои (шаҳрҳои) тобеи  ҷумҳурқ аз як тараф, тобеи  вилоятқ ва шаҳри Душанбе аз тарафи дигар ва байни  вилоятҳои, сарфи назар ва шакли моликият ва  тобеияташон, ҳал мекунад.

 

Моддаи 112. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба  истифодаи об

Мақомоти  ҳокимияти иҷроияти вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баҳсҳоро вобаста ба истифодаи об байни шахсони ҳуқуқии дар  ноҳияҳои  (шаҳрҳои) гуногуни вилоят ва шаҳри  Душанбе воқеъгардида, ба  истиснои ҳолатҳое, ки ҳалли онҳо  ба салоҳияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори махсуси  давлатқ доир  ба танзими истифода ва ҳифзи об мансуб  дониста  шудааст,  ҳал менамоянд.

 

         Моддаи 113. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо, шаҳрҳо дар бобати ҳалли баҳсҳо оид  ба истифодаи об

         Мақомоти  ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳо  ва шаҳрҳо баҳсҳоро оид ба истифодаи об дар байни шахсони воқеқ ва ҳуқуққ  вобаста  ба масъалаҳои истифодаи объектҳои оби воқеъ дар ҳудуди ноҳияи  (шаҳри) мазкур, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир  ба танзими  истифода ва  ҳифзи  об мансуб  дониста  шудаанд,  ҳал  менамоянд.

 

Моддаи 114. Салоҳияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар бобати ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи об

Ҷамоати  шаҳрак ва деҳот баҳсҳои байни шаҳрвандонро оид ба  масъалаҳои истифодаи объектҳои оби дар ҳудуди онҳо воқеъгардида, ба истиснои  баҳсҳое, ки ҳалли онҳо ба салоҳияти мақомоти  ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими    истифода ва ҳифзи об, дигар мақомоти давлатии ба ин ваколатдор мансуб дониста шудааст, ҳал мекунанд.

 

Моддаи 115. Салоҳияти мақомоти  танзимкунандаи истифода ва ҳифзи об, дар бобати ҳалли баҳсҳо вобаста ба истифодаи об

Мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, баҳсҳоеро оид ба истифодаи об ҳал мекунад, ки  мувофиқи қонунгузорқ ба салоҳияти он мансуб дониста шудааст.

 

         Моддаи 116. Њалли баҳсҳо доир  ба истифодаи об дар байни истифодабарандагони аввала ва баъдина, инчунин  дар байни истифодабарандагони баъдинаи об

Баҳсҳо оид ба истифодаи об дар байни  истифодабарандагони аввала ва баъдинаи об, инчунин байни истифодабарандагони баъдинаи об аз ҷониби мақомоте, ки иҷозати истифодаи махсуси  обро додааст, ҳал мегарданд.

 

Моддаи 117. Тартиби  баррасии баҳсҳо дар хусуси истифодаи об

Баҳсҳо дар хусуси истифодаи об дар аризаи  далелноки яке аз тарафҳо, ки  ба он ҳуҷҷатҳои лозимқ, аз ҷумла  маводи  дар якҷоягқ аз тарафи  мақомоти ваколатдори  махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, идораи  системаи  обтаъминкунқ, истифодабарандагони об таҳияшуда замима мегардад, баррасӣ карда  мешаванд.

Иҷрои қарорҳо дар мавриди баҳсҳои вобаста ба истифодаи об, агар дар қарор мақоми дигари иҷрокунанда зикр нагардида бошад, аз  ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об таъмин карда мешавад. Даъво аз болои қарор  дар мавриди баҳси вобаста ба истифодаи об иҷрои онро мавқуф  намегузорад. Мақоми дар хусуси баҳси   вобаста  ба истифодаи об қарор  қабулкарда ҳуқуқ дорад,  иҷрои қарорро то аз ҷониби мақоми болоқ баррасӣ гардидани даъво мавқуф гузорад. 

 

Моддаи 118. Ҳалли баҳсҳои амволқ  ва дигар баҳсҳо вобаста ба муносибатҳо оид ба  об

Баҳсҳои  амволқ ва дигар баҳсҳое, ки ба муносибатҳои оид ба об вобаста мебошанд, инчунин аз ҷониби судҳо ҳал карда  мешаванд.

 

 

ФАСЛИ 3

ҲИФЗИ ОБ ВА ПЕШГИРИИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОНҲО

 

БОБИ 21. ҲИФЗИ ОБ

 

Моддаи 119. Вазифаи  ҳифзи  об

Тамоми об ( объектҳои об) аз  ифлосу олудашавқ ва камшавқ, ки  метавонанд ба саломатии  аҳолқ зарар расонда, дар натиҷаи  таuйир  ёфтани хусусиятҳои физикқ, кимёвқ ва биологқ паст шудани қобилияти худтозашавии табиқ боиси вайрон гардидани  низоми  гидрологқ ва гидрогеологқ, кам шудани захираҳои моҳқ, бад шудани обтаъминкунқ ва дигар зуҳуроти номатлуб гарданд, бояд ҳифз карда  шаванд.

 

Моддаи 120. Гузаронидани тадбирҳое, ки ҳифзи об, инчунин беҳтаршавии ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Шахсони воқеқ ва ҳуқуқии фаъолияташон ба вазъи об  таъсиррасонанда вазифадоранд мустақилона ё бо мувофиқати  мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ оид ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти ҳокимияти  иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти назорати давлатии санитарқ ва дигар  мақомоти давлатии манфиатдор ё тибқи  дастури мақомоти давлатии ба ин ваколатдор тадбирҳои  технологқ, мелиоративии ҷангал, агротехникқ, гидротехникқ, санитарқ ва дигар тадбирҳоеро андешанд, ки ҳифзи обро  аз ифлосу олудашавқ ва камшавқ таъмин намуда, ба беҳтар шудани ҳолат ва  низоми об мусоидат менамоянд.

 

Моддаи 121. Тадбирҳое, ки ҳифз, беҳтар гардидани  ҳолат ва низоми обро таъмин мекунанд

Тадбирҳое, ки ҳифзи обро аз ифлосу олудашавқ ва камшавқ, инчунин беҳтар гардидани ҳолату низоми обро таъмин  мекунанад, инҳо мебошанд:

         Технологқ - тадбирҳое, ки ба сохтмони системаи гардиши оби таъминоти саноати об, объектҳои тоза ва безараргардонии оби партов, ташкили равандҳои технологии объекти истеҳсолоти саноатқ ва кишоварзқ равона шудаанду кори устувори  объектҳои тоза ва  безараркунандаи оби партов, ташкили равандҳои технологқ, ки пайдошавии обҳои ифлосшудаи партовро истисно мекунанд, таъмин  менамоянд;

мелиоративии ҷангал ва агротехникқ - тадбирҳое мебошанд, ки мустаҳкам кардани соҳилҳои объектҳои об, муҳофизати онҳоро аз вайрон ва ботлоқшавқ, инчунин  мӯътадил ва беҳтар гардидани низоми табии ҷоришавии объектҳои обро  таъмин мекунанд;

гидротехникқ - тадбирҳое, ки барои таъсиси система ва объекти  гидротехникии таъминкунандаи шароити мусоиди истифодаи об ва  мустаҳкамии  соҳилҳо, инчунин дар мавридҳои зарурқ тозакунии маҷрои дарёҳо, каналҳо, қаъри ҷӯйборҳо, кӯлу обанборҳоро аз обовардҳою  таҳшинҳои зараровар равона карда шудаанд;

санитарию техникқ - тадбирҳое, ки безарар ва бесирояткунии оби  партови ба объектҳои об  партофташаванда, инчунин ҳифзи санитарқ ва  ободонии ҳудуди наздисоҳилии таҳти фаъолияти хоҷагқ қароргирифтаро таъмин менамоянд;

дигар  тадбирҳои имконпазир, ки ҳифзи обро таъмин намуда, ба  беҳтар шудани ҳолату низоми он мусоидат мекунанд.

 

         Моддаи  122. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзи об

Тадбирҳои ҳифзи об дар  дурнамои рушду иқтисодқ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси  нақшаи истифодаи  маҷмӯқ ва ҳифзи  захираҳои оби ҳавзаи дарёҳо ва умуман ҷумҳурқ, инчунин барномаҳои дарозмӯҳлати давлатию минтақавқ ва нақшаҳои рушду ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда ва соҳаҳои хоҷагии халқ пешбинқ карда  мешаванд.

Банақшагирии минтақавии ҳифзи  об аз ҷониби мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дар асоси  нақшаҳои ҳавзавии  зикргардида  сурат мегирад.

Банақшагирии соҳавиии ҳифзи обро вазорату идораҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, дар асоси  нишондиҳандаҳои банақшагирии минтақавқ  анҷом медиҳанд.

Маблаuгузории тадбирҳои ҳифзи об аз ҳисоби давлат буда, ҳангоми ташаккули буҷети ҳарсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба инобат гирифта шавад, инчунин ин тадбирҳо аз ҳисоби маблаuҳои  истифодабарандагони об низ ба амал бароварда мешаванд.

 

Моддаи 123. Манъи партофтани   партовҳо ба объектҳои об

Ба объектҳои об партофтани  партовҳои истеҳсолқ, маошқ ва  дигар намудаҳои партовҳо ва пасмондаҳо, ба истиснои ҳолатҳои дар  моддаҳои 98-101 Кодекси мазкур пешбинигардида, манъ аст.

 

Моддаи 124. Њифзи об, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, сатҳи ҳавзҳо, пиряхҳо ва  барфтӯдаҳо

         Ба шахсони  воқеқ ва ҳуқуққ роҳ додан ба ифлосу олудашавии  сатҳи ҳавзҳо, маҷрои дарёҳо, яхи болои обанборҳо, болои пиряхҳо ва барфтӯдаҳо бо партовҳои истеҳсолқ ва дигар пасмондаву партовҳо, инчунин бо маҳсулоти нафт ва кимёвқ, ки  шустани онҳо боиси бад  шудани сифати оби руизаминқ ва зеризаминқ мегардад, манъ аст.

Ҳамаи шахсони ҳуқуққ, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони воқеқ, соҳибони  воситаҳои нақлиёти обқ, хатҳои  қубурҳо, воситаҳои шинокунанда ва дигар объектҳо дар  манбаъҳои об, инчунин истифодабарандагрни замин вазифадоранд ифлосу олудашавии обро аз рехтани  равuанҳо, нафт, нуриҳо, заҳрҳо, моддаҳои заҳрдор ва дигар маҳсулоти кимиёвқ, ё фаъолияти дигар пешгирқ намоянд. Онҳое, ки ба ифлос  шудани оби руизаминию  зеризаминқ бо нуриҳо ва дигар  заҳрҳои кимиёвқ ва  маҳсулоти зараровар  роҳ  додаанд ва зарари назаррас ворид карда бошанд, тибқи тартиби муқараракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарқ кашида мешаванд.

 

Моддаи 125. Ҳавзҳо, китъаҳо ва минтақаҳои  ҳифзи санитарии об

Бо мақсади ҳифзи об барои таъминоти нӯшиданию маишқ, муолиҷавқ курортқ ва эҳтиёҷоти солимгардонии аҳолқ истифодашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзҳо,  қитъаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарқ  муқарар карда  мешаванд.

         Кашида гирифтани минтақаҳои санитарқ барои ҳама гуна эҳтиёҷот манъ аст.

 

         Моддаи 126.  Тадбирҳои ҳифзи об аз камшавқ

Бо мақсади нигоҳ доштани низоми мусоиди оби дарёҳо, кӯлу  обанборҳо, оби зеризаминқ ва дигар  объектҳои об, пешгирқ намудани  вайроншавии заминҳо аз об, лойқашавии  махзанҳои  об, бад шудани  шароити муҳити зисти ҳайвоноти обқ, ҷиҳати кам кардани ноустувории резиши об ва uайра минтақаҳои ҳифзшавандаи оби  ҷангалҳо муқаррар карда мешаванд, ки дар он ҷойҳо шахсони воқеқ ва  ҳуқуқии  манфиатдор, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадоранд тибқи тартиби   пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  тадбирҳои зидди бодлесқ, мелиоративии ҷангал, гидротехникқ ва  дигар    тадбирҳоро  андешанд.

 

Моддаи 127. Зарурати ба назар гирифтани  манфиатҳои истифодабарандагони об ҳангоми ҷойгиркунқ ва сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳое, ки  ба ҳолати об таъсир мерасонанд

         Ҳангоми  мувофиқаткунонии масъалаҳои ҷойгиркунонии сохтмони корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳои  ба ҳолати об  таъсиррасонанда, инчунин ҳангоми додани  иҷозатҳо барои  истифодаи махсуси об  мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об вазифадоранд нақшаҳои истифодаи маҷмӯъқ ва ҳифзи об, тавозунҳои (балансҳои) хоҷагии обро, ки  манфиатҳои истифодабарандагони об ва талаботи ҳифзи муҳити зистро ба назар мегиранд, дастури амал қарор  диҳанд.

 

Моддаи 128. Тадбирҳои ҳифзи оби зеризаминқ аз камшавқ

Агар ҳангоми гузаронидани корҳои пармакунқ ва кӯҳкании  вобаста ва ҷустуҷӯ, кашф ва истифодаи  конҳои газ, нафт ва дигар канданиҳои фоиданок қабатҳои зеризаминии дорои об ошкор гарданд, шахсонии воқеқ ва ҳуқуққ вазифадоранд фавран дар ин бора ба мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба  танзими истифода  ва ҳифзи об хабар дода, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба  ҳифзи оби  зеризаминқ аз ифлосшавқ ва камшавқ тадбирҳо андешанд, чоҳҳоеро, ки  обашон худ аз худ мебароянд, бо дастгоҳҳои  танзимкунанда ва воситаҳои   назорат муҷаҳҳаз намоянд.

 

БОБИ  22

ПЕШГИРҚ ВА РАФЪИ ТАЪСИРИ ЗАРАРОВАРИ ОБ

 

Моддаи 129.  ӯҳдадориҳои истифодабарандагони об доир   ба пешгирқ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои  исфлосшавии  объектҳои  об дар натиҷаи садамаҳо ва   офатҳои табиқ

Шахсонқ ҳуқуққ, сарфи назар аз шакли моликияту тобеият, инчунин шахсони воқеқ, ки аз объектҳои об ва иншооти хоҷагии об истифода мекунанд, вазифадоранд бо мувофиқати мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об, мақомоти  ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ва дигар идораҳои манфиатдор доир ба пешгирқ ва рафъи таъсири зараровари об, ки дар  натиҷаи ҳодисаҳои садама ва офатҳои табиқ, обхезқ, зериобмонқ ва ботлоқшавқ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминқ, шӯршавқ, вайрон гардидани соҳилҳо, сарбандҳои ҳимоявқ ва дигар объектҳо,  ба миён омадани ҷариҳо, ярчҳо, селҳо ва дигар ҳодисаҳои зиёновар тадбирҳо анҷом диҳанд.

 

Моддаи 130. Иҷрои  тадбирҳои таъхирнопазири пешгирқ ва рафъи оқибатҳои офатҳои  табиқ, ки бо сабаби  таъсири зараровари об, окибатҳои ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садама ва  офатҳои  табиқ ба вуҷуд омадаанд

Иҷрои тадбирҳои таъхирнопазири пешгирқ ва рафъи оқибатҳои  офатҳои табиқ, ки бо сабаби таъсири зараровари об, оқибатҳои  ифлосшавии объекти об вобаста ба садама ва офатҳои табиқ ба вуҷуд омадаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои  байналхалққ танзим карда мешаванд.

Ҷиҳати  роҳбарии фаврии корҳо доир ба пешгирқ ва рафъи  оқибатҳои  офатҳои табиқ,  ки бо сабаби таъсири зараровари об ба  вуҷуд омадаанд, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти  ҳокимияти  иҷроия дар маҳалҳо комиссияҳое ташкил мекунанд, ки ба ҳайати онҳо намояндагони ташкилотҳои дахлдор, инчунин намояндагони мақомоти ваколатдори    махсуси давлатқ доир ба  танзими истифода ва ҳифзи об ва ҳангоми зарурат намояндагони  давлатҳои ҳамсарҳад ворид мешаванд.

 

Моддаи 131. Банақшагирии тадбирҳои пешгирқ ва рафъи таъсири зараровари об, оқибатҳои ифлосшавии объектҳои об  дар натиҷаи садама ва офатҳои табиқ

Тадбирҳо  доир ба  пешгирқ ва рафъи таъсири зарароварии об, оқибатҳои ифлосшавии объекти об дар натиҷаи садама ва офатҳои табиқ дар дурнамои давлатии рушди хоҷагии халқ пешбинқ карда  мешаванд.

Дар объектҳои об, аз ҷумла худуди ҳавзаҳо ё қисмҳои онҳо, ки дар он ҷо бар асари  фаъолияти хоҷагқ, дигар фаъолият ё  садама ва  фалокат  таuйироти устувори  номусоиди ҳолати обқ ба амнияту саломатии аҳолқ, таназзули олами набототу ҳайвонот  таҳдидкунанда  ба миён омадааст, минтақаҳои фавқулоддии хатари экологқ ё офати экологқ эълон гардида, дар ҳолатҳои зарурқ  давлатҳои  ҳамсарҳад аз ин хусус хабардор карда мешаванд. Низоми ҳуқуқии минтақаи фавқулоддаи  хатари экологқ ё офати экологқ аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорқ  ва бекор карда мешавад.

 

Моддаи 132. Муҳофизати махсуси иншоотҳои калони хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аҳамияти стратегии давлатқ доранд

Бо мақсади  таъмини бехатарии минтақа, иншоотҳои калони  хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  аҳамияти стратегии давлатқ доранд, барои пешгирии ҳодисаҳои диверсионқ ва оқибатҳои  фалокатовар аз тарафи  давлат ҳифз карда мешаванд.

 

ФАСЛИ 4

НАЗОРАТИ ДАВЛАТҚ, БАҲИСОБГИРҚ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

БОБИ 23

НАЗОРАТИ ДАВЛАТҚ, БАҲИСОБГИРҚ ВА БАНАҚШАГИРИИ ИСТИФОДАИ ОБ

 

Моддаи 133. Вазифаҳои назорати давлатқ ва баҳисобгирии об

Вазифаи назорати давлатқ ва баҳисобгирии истифодаи об аз  муқаррар  намудани   миқдор ва сифати об, маълумот дар хусуси  истифодаи об ҷиҳати эҳтиёҷоти аҳолқ ва соҳаҳои хоҷагии халқ, муқаррар кардани мувофиқати нишондиҳандаҳои миқдорқ ва сифати об ба талаботи меъёрқ иборат аст.

 

Моддаи 134.  Ба нақшагирии истифодаи об

Банақшагирии истифодаи об бояд тақсимоти илман асосноки обро байни истифодабарандагони об бо дарназардошти дар навбати аввал қонеъ  гардонидани эҳтиёҷоти нӯшиданию маишии аҳолқ, ҳифзи  об ва пешгириии таъсири зараровари он таъмин намояд.

Ҳангоми банакшагирии истифодаи об маълумоти кадастри давлатии об, тавозунҳои хоҷагии об, нақшаҳои истифодаи маҷмӯқ ва ҳифзи об, инчунин меъёри гирифтани об аз манбаъҳои фонди давлатии об ба инобат гирифта мешаванд.

 

Моддаи 135. Кадастри давлатии об

Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маълумоти  расмии ба низом даровардашуда оид ба  ҳолат, истифода ва ҳифзи  объектҳои об мебошад. Татбиқи кадастри давлатии об аз ҷониби  мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими  истифода ва  ҳифзи  об ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 136. Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об

Феҳристи давлатии объектҳои хоҷагии об маҷмӯи маълумоти ба низом даровардашудаи паспортикунонии объектҳои хоҷагии об мебошад. Татбиқи Феҳристи давлатқ аз ҷониби мақомоти ваколатдори махсуси давлатқ доир ба танзими истифода ва ҳифзи об анҷом дода  мешавад. ҳар як объекти хоҷагии оби ба Феҳристи давлатқ дохилшуда бояд дорои тавсифномаи   маҷмӯие  бошад, ки таъиноти мақсадноки  хоҷагқ, ҳуқукқ, физикию  ҷуuрофқ, гидрологқ, техникию иқтисодқ ва  дигар нишондиҳандаҳоро  дар бар  гирад.  Ворид намудан  ба рӯйхати Феҳристи давлатқ дар як вақт бо додани  иҷозат барои истифодаи  махсуси об амалқ карда мешавад.

Тартиб ва меъёри пардохтро аз ҷониби шахсони ҳуқуққ ва воқеқ барои ба қайд гирифтани объеки хоҷагии об дар Феҳристи давлатқ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 137.  Махзани маълумот, системаи иттилоотии захираҳои об истифодаи онҳо

Бо мақсади  банақшагирии дарозмӯҳлат ва миёнамӯҳлати  истифодаи маҷмӯқ ва ҳифзи захираҳои об,  таъмини иттилооти мақомоти идораи истифодаи захираҳои об, мақомоти ваколатдори махсуси  давлатқ доир  ба танзими истифода  ва ҳифзи об, дигар мақомоти манфиатдори давлатқ махзани   маълумот ва системаи иттилооти аз ҷониби соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани  захираҳои обро  таъсис медиҳад.

Барои ташаккули махзани маълумот ташкилоту идораҳо, корхонаҳо ва истифодабарандагони об ба таври ройгон   ва бе маҳдудият  иттилооти техникию иқтисодии истифодаи об, ҳолати экологии муҳити зистро, ки ба истифодаи об вобастаанд ва дигар иттилооти ба беҳтар шудани идораи истифода ва ҳифзи захираҳои об мусоидаткунандаро пешниҳод менамоянд.

 

Моддаи 138. Тавозунҳои хоҷагии об

Тавозунҳои хоҷагии об, ки аз  нигоҳи оморқ мавҷудият ва дараҷаи  истифодаи обро арзёбқ менамоянд, вобаста ба ҳавзаи  дарёҳо каналҳои калон, ноҳия ва вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешаванд.

 

Моддаи 139.  Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯи  об

Нақшаҳои истифода ва ҳифзи маҷмӯи об,  тадбирҳои асосии хоҷагии об ва дигар тадбирҳоро, ки  ҷиҳати қонеъ  гардонидани талаботи дурнамои аҳолқ ва иқтисодиёти давлат ба об, инчунин барои ҳифзи об ва пешгирии таъсири зараровари онҳо бояд ба анҷом расонида шаванд, муайян  мекунанд.

 

Моддаи 140. Тартиби   назорати давлатқ баҳисобгирии об ва истифодаи онҳо, татбиқи кадастри давлатии об,  тартиб  додани  тавозунҳои хоҷагии  об, таҳияи  накшаҳои истифода ва ҳифзи  маҷмӯии  об

Баҳисобгирии давлатии об ва истифодаи он, ҷорқ намудани кадастри давлатии об, мушоҳида (мониторинг), тартиб додани тавозунҳои хоҷагии об, таҳияи нақшаҳои истифодаи маҷмӯқ ва ҳифзи об аз ҷониби мақомоти  ваколатдори махсуси давлатқ  доир ба танзими  истифода  ва ҳифзи об аз ҳисоби давлат ва мувофиқи тартиби ягона барои Ҷумҳурии Тоҷикистон   анҷом  дода мешавад.

Тартиби назорати давлатқ  ва баҳисобгирии об ва истифодаи он,   ҷорқ намудани  кадастри давлатии об, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои  истифодаи  маҷмӯқ ва ҳифзи обро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. 

Ф А С Л И 5

ҶАВОБГИРҚ  ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

 

БОБИ 24

ҶАВОБГАРҚ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ОБ

 

Моддаи 141. Беътибор  будани аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии обро  вайрон мекунанд

Гузашт кардан аз ҳуқуқи   истифодаи об ва аҳдҳои дигаре, ки ба таври рӯирост  ё пинҳонқ ҳуқуқи  моликияти давлатии обро вайрон  мекунанд, беэътибор  дониста мешаванд.

 

Моддаи 142. Ҷавобгарқ барои вайрон кардани конунгузории об

Шахсоне, ки дар содир  намудани кирдорҳои дар моддаи 124 Кодекси мазкур  пешбинқ гардида гунаҳкоранд, инчунин барои амалҳои  зайл тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҷавобгарқ кашида мешаванд:

худсарона истифода бурдани об,  гирифтани об  бо вайрон кардани  шартномаҳо;

ифлосу олуда намудани об;

ба истифода додани корхонаҳо, иншооти коммуналқ ва дигар  объектҳо бидуни иншоотҳои пешгирикунандаи  ифлосу олудашавии  об ё таъсири зараровари он;

вайрон кардани низоми ҳифзи об дар ҳавзаҳои обҷамъшаванда, ки боиси ифлосшавии он, аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар омилҳои зараровар мегарданд;

вайрон кардан   баҳисобгирқ ва ҳисоботи истифодаи об;

худсарона анҷом додани корҳои гидротехникқ;

хароб кардани объектҳои хоҷагии об ва дастгоҳҳо;

вайрон кардани талаботи меъёрию техникқ  санитарию гигиенқ ва метрологқ оид ба тартиби амалқ гирдонидани назорат ва баҳисобгирии истифодаи об;

даст кашидан аз пешниҳоди иттилооти дурусту саривақтқ ё додани ахбори uалат дар бораи ҳолат ва истифодаи захираи об;

кори uайриқанотбахши иншооти тозакуанда аз меъёри зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;

вайрон кардани низоми хоҷагқ дар  объектҳои об ва иншооти хоҷагии об ки боиси ифлос шудани онҳо аз об вайрон шудани заминҳо ва дигар  омилҳои зараровар мегарданд;

партофтани обҳои партови ифлоскунанда ба сатҳи обҳои зеризаминқ.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад  барои дигар намудҳои вайрон кардани қонунгузории об ҷавобгарқ муқаррар намояд.

 

Моддаи 143. Баргардонида додани обҳктхои обе, ки худсарона uасб шудаанд

Объекти оби худсарона uасбшуда, тибқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, бе пардохти хароҷоти давраи  истифодаи uайриқонунии  онҳо, ба соҳибонашон баргардонида мешавад.

 

Моддаи 144. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст

Шахсони воқеқ ва хуқуққ вазифадоранд зарареро, ки аз ҷониби  онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории об расонида шудааст, тибқи андозаҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 145. Принсипҳои ҳамкории байналхалққ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба об

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ оид ба муносибатҳои вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти худ, истифодаи сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналхалқии об, ҳамкории муфид ва дӯстона бо давлатҳои хориҷқ, бехатарии умумии экологқ, инкишофи ҳамкориҳои байналхалққ дар соҳаи муносибатҳои вобаста ба обро ба асос мегирад.

Муносибатҳои байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба об бо дигар давлатҳо бо Кодекси мазкур, дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқукии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, танзим мегардад,

 

Моддаи 146. Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо

Асосҳои иқтисодии муносибатҳои вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи ҳуқуқи байналхалқии об ва созишномаҳои байнидавлатқ муқаррар карда мешаванд.

 

 

ҚАРОРИ

 МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди дар қироати дуюм қабул кардани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мавриди амал қарор додани он

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000, № 11, мод.511)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қироати дуюм қабул карда шавад.

2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

3. ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Қонуни мазкур мутобиқ гардонидани қонунгузории ҷорқ таклифҳо пешниҳод намояд ва қарорҳои худро бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонад.

4. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи ба амал баровардани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                               С.ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  20 октябри соли 2000

№ 148

 

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

«Дар бораи қабули Кодекси оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000, № 11, мод.512)

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

1. Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1994. № 2, м.38);

Фасли ХХХП Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи дохил кардани таuйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, № 9, м.117).

 

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Э. РАҲМОНОВ

               ш.Душанбе  29 ноябри соли 2000

         № 34

 

 

 

 

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.