September 2016

27 September 2016

Мулоқот бо вакил ва семинар дар маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон

 Дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон бо иштироки раиси комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода, намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Халилов ва Н.Назирова баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» доир гардид. Дар рафти муҳокима аз тарафи меҳмонон маълумоти мукаммал дар бораи лоиҳаи қонун пешниҳод гардида, аз тарафи мутахассисони Раёсат ба баъзе моддаҳо таклифҳо пешниҳод карда шуда, дар мӯҳлати муайянгашта пешкаши шакли хаттии он тавсия гардид.

Читать далее

08 September 2016

Маълумот оиди баргузории аксияҳо

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати таҷлили сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳоро ба сомон расонид. Санаи 27 август ва 3 сентябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки зиёда аз 98,7 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо ҳашари оммавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» дар маҷмӯъ 746,6 тн партовҳо бароварда, беш аз 103 км  каналу ҷӯйборҳо тоза карда шуд. Инчунин, дар рафти ҳашар сафед кардани биноҳо дар масоҳати 5,3 ҳазор м2, 8,3 ҳазор бехи дарахтон сафед карда, зиёда аз 16,3 км соҳили манбаҳои обро аз партовҳо тоза намуданд.

Читать далее

05 September 2016

Эълон

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

 - Сардори Шӯъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияиРаёсат маоши мансаби 1207,90 сомонӣ; (категорияи сеюм)

- Сардори Шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат маоши мансаби 1207,90 сомонӣ; (категорияи сеюм)

- Мутахассиси Бахши ҳифзимуҳитизистиноҳияи Спитамен;

маоши мансаби 696,80 сомонӣ; (категорияи ҳафтум)

- Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм;

  таҳсилоти  олии  касбӣ,  ихтисоси  ба  мансаби ишғолшаванда  мувофиқ,  ки  иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.