08 September 2016

Маълумот оиди баргузории аксияҳо

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати таҷлили сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2016 – Соли фарди солим ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои худ дар шаҳру ноҳияҳо як қатор корҳоро ба сомон расонид. Санаи 27 август ва 3 сентябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо иштироки зиёда аз 98,7 ҳазор нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, аҳолии ҷамоатҳо ҳашари оммавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни аксияҳои «Тозагии маҳал», «Тозагии соҳил» ва «Тозагии роҳ» дар маҷмӯъ 746,6 тн партовҳо бароварда, беш аз 103 км  каналу ҷӯйборҳо тоза карда шуд. Инчунин, дар рафти ҳашар сафед кардани биноҳо дар масоҳати 5,3 ҳазор м2, 8,3 ҳазор бехи дарахтон сафед карда, зиёда аз 16,3 км соҳили манбаҳои обро аз партовҳо тоза намуданд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.