October 2019
31 October 2019
Мониторинги экологии ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тибқи иҷрои нақшаи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги сифати ҳавои атмосфера, об, хок ва ченкунии гамма-афканишоти ноҳияҳои наздисарҳадиро доир намуд. Санҷиши вазъи ҳаво дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ - муҳофизатӣ то хати сарҳад дар масофаи аз 500 метр то 2 км дур амалӣ гардид. Ҳамзамон ҳолати ҳавои атмосфера ва дараҷаи радиатсияро дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида, тағйирёбии тамоюли таъсир ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо муайян карда шуд. Дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмон, мавзеъи Янги – Қўрғон дар масофаи аз 0,5 км – 2 км намунаҳои таркиби ҳавои атмосфера, об ва хок гирифта, ташхис гузаронида шуд. Зимни мушоҳида ва ченкуниҳои инструменталӣ дар 2 мавзеъ бо гирифтани 10 намунаҳои партовҳои моддаҳои зарарнок ба ҳавои атмосфера амалӣ гардид. Натиҷаҳои ченкунии ҳавои атмосфера нишон дод, ки нишондиҳандаҳо мутобиқи меъёр аст. Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир ҳар моҳ аз рўи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон ташхис гузаронида мешавад.
Санҷиши татбиқи Барнома дар ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 29.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобастагардида, гузаронида шуд. Маводи дахлдор дар сохторҳои МИҲД шаҳр, аз ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи маориф, кор бо занон ва оила, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, рўзномаи маҳаллии «Набзи Деваштич», ҷамоати деҳоти Ғазантарак, Яхтан, Муҷун ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ дар ҳузури роҳбарон ё шахсони мутасаддӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.
Вохўри дар шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз он ҷумла омўзгорони фанни экология, биология ва мураббиёни муассисаҳои томактабии ноҳия баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба барнома, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера ва муаммо дар ин самт, муомилот бо партовҳо, дар бораи олами набототу ҳайвонот, Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
29 October 2019
Аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва ҳамаи зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини иҷрои фармоиши Раиси Кумита ва амалигардонии нақшаи чорабиниҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, санаҳои 25 – 26 октябри соли равон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ аксияи мазкурро бо иштироки васеи кормандони соҳавӣ, аҳли ҷамоатчигӣ, донишҷўёну мактаббачагон ва васоити ахбори омма ташкил намуданд.
Бо ташаббуси раёсат, санаи 26 октябри соли 2019, аз соати 10.00 то 12.00, дар боғи ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» баргузор гардид. Дар ҷойи асосии баргузории чорабинӣ шиорҳо «Пиряхҳо манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ мебошанд» ва бо номи худи аксия насб гардида, 30 нафар ризокорон (волонтёрон) бо либосҳои варзишӣ (футболка ва кепка) бо навиштаҷоти «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» ва бо логотипи мақомоти ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок намуданд.
Санҷиши татбиқи Барнома дар шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 23.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардида, гузаронида шуд.
Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Истаравшан
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷўмла омўзгорони фанни экология, биология ва географияи муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома, ҳифзи ҳавои атмосфера ва муаммо дар ин самт, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
1300 рўзи меҳнати зарбдор дар шаҳри Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Истиқлол дар доираи эълон гардидани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолиятӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Тозаги махал» бо иштироки шуъбаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таълимии миёнаи умумии № 1, 2 ва 6, дар маҷмуъ беш аз 170 нафар баргузор гардид. Дар натиҷа дар рафти аксия кучаи Меҳнатободи шаҳр, зиёда аз 1,5 км қади кўчаҳои нақлиётгард аз партов ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Ҳамзамон 15 тонна партовҳо ба партовгоҳ бароварда шудаанд.
28 October 2019
Эълон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:
р/т |
Номгўи мансабњо
|
Маоши мансабӣ (сомонӣ) |
Номгўи категорияњо |
1 |
Сармутахассиси Шуъбаи назорати таҳлилииРаёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд |
1032 |
панҷум |
2 |
Сармутахассиси Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд |
1032 |
панҷум |
3 |
Сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити шаҳри Хуҷанд |
1032 |
панҷум |
4 |
Мутахассиси пешбари Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан |
804 |
шашум |
5 |
Мутахассиси Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров |
660 |
ҳафтум |
6 |
Мутахассиси Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом |
660 |
ҳафтум |
Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи панҷум;
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират ба аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи шашум;
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишщолкунанда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;
- 1сол собиқаи меҳнатӣ.
Талаботҳои тахассуси барои мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум;
- таҳсилоти олӣ ёмиёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд;
Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозааш 4 х 6)
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайраз ҳолате, кишахссобиқаимеҳнатӣ надорад);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038УЕ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбироадонамудаанд).
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро дар мӯҳлати 21 рӯз аз рӯзинашри эълон пешниҳод намоянд.
Оид ба гирифтании маълумотхои иловагӣ метавонед тариқи сомонаи ecosugd.tj ё ба суроғаи ш.Хучанд, хиёбони Р.Набиев №211, муроҷиат намоед. телефонҳо: (3422) 6-03-95, 4-09-50
21 October 2019
Вохўрӣ бо маорифчиёни шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Ҳабибахон Каримоваи шаҳри Конибодом вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо намояндагони соҳаи маориф, аз ҷўмла омўзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таълимии шаҳр, инчунин хонандагони синфҳои болои мактаби мазкур баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати маорифи шаҳр ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Дар рафти вохўрӣ маълумот оид ба Барнома ва соҳаи ҳифзи муҳити зист, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолӣ, наврасону ҷавонон, дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Точикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба муаммоҳои экологӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
Санҷиши рафти иҷрои татбиқи Барнома дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Дар асоси нақшаи кории раёсат барои нимсолаи дуюм ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 16.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва ҳамзамон рафти ичрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста гардида, гузаронида шуд. Маводи дахлдор дар сохторҳои МИҲД шаҳр, аз ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, раёсати маориф, бахши ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, комиссияи оид ба ҳифзи ҳуқуқи кўдак, рўзномаи маҳаллии «Садои Конибодом», ширкатҳои телевизионии «Аниси Конибодом» ва «ТВ-5», ҷамоати деҳоти Ғ.Ортиқов, Патар ва Э.Шарипов дар ҳузури роҳбарон ё шахсони мутасаддӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.