March 2020

02 March 2020

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен маъракаи дарахтшинонӣ ва аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар қадди роҳҳо зиёда аз 50 бех ниҳолҳои ардач  шинонида шуд.

Читать далее

Корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии  Наврӯз ва 5500-солагии Саразми бостонӣ корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент босуръат идома дорад. Дар ин раванд дар шаҳри Панҷакент аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» бо иштироки васеи аҳолӣ, хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент, донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгорӣ ва коллеҷи тиббӣ гузаронида шуд. Рафти аксияҳои мазкур 5,2 км ҷуйборҳо, 2 км сою селравҳо ва  1,5 км соҳилҳо  тоза карда шуда,  37 тн партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар н.Б.Ғафуров

    Ба истиқболи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад.Дар асоси нақшаи кории  шуьбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ёва, Ғозиён, Зарзамин, Д.Холматов, Х.Усмонов ва минтақаи  Сартуқай бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо,  намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ аксияи «Тозагии маҳал»  гузаронида шуд.  Рафти аксия  ба масоҳати  47 км ҳудуд ва ба масофаи 6,6 км ҷӯйборҳо тоза карда шуда, 51,43 тн партовҳо  бароварда шуд. Баргузории аксия тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ намоиш дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.