April 2020

02 April 2020

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар семоҳаи якуми соли 2020

Санаи 1 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хайрулло Бобозода ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият дар  семоҳаи якуми соли 2020 шунида шуд. Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.