July 2020

13 July 2020

Таҷлили Рўзи мохидорон

 Чун анъана, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи июл Рўзи моҳидорон қайд карда мешавад. Ин рўз барои тамоми моҳипарварон ва моҳидорон ҳамчун иди касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи таҷлили санаи мазкур - ҷалб кардани аҳолӣ ба ин намуди фароғат, тарбияи малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиии он, аз ҷумла захираҳои моҳӣ мебошад. Дар ҳавзаҳои дарёҳои микёси вилоят зиёда аз 50 намуд моҳӣ мавҷуд буда, онҳо танҳо дар оби тоза зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ, тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва инсони табиатдўст ба ҳисоб меравад.

Дар вилояти Суғд барои афзун гардонидани захираҳои моҳӣ, ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ, истифодаи моҳиҳо дар тозакунии биологии оби обанборҳо, нигоҳ доштан ва ҳифзи намудҳои нодири онҳо аз нестшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист тадбирҳои судманд андешида мешавад. Масалан, ҳар сол дар давраи тухмгузорӣ бо мақсади ҳифз ва афзун гардонидани захираҳои моҳӣ бо қабули фармоишҳои махсуси дахлдори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсат манъи сайди моҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Тибқи фармоишҳои мазкур дар соли равон низ дар дарёву обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз 1 апрел то 15 июн сайди моҳӣ манъ карда шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва боиси ҳифзи миллионҳо моҳичаҳо мегардад.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Гулистон

    Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон  ҷиҳати тозаву обод намудани соҳили манбаъҳои обӣ, ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки кормандони НОБ ш.Гулистон ва обутобгоҳи «Сайёд» дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида  шуд.  Дар ҷараёни аксия зиёда аз 100 иштирокчиён соҳили баҳрро аз партовҳои сахти маишӣ ва истеҳсолӣ тоза намуда, 1,6 тн партов ба партовгоҳи  шаҳр бароварда шуд. Иқдоми мазкур ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон  гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ  роҳандозӣ  гардидааст.

Читать далее

Натиҷагирӣ аз фаъолияти раёсат дар нимсолаи якуми соли 2020

 Санаи 10 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба ҷамъбасти натичаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини Раиси вилоят Каримзода Р.Р. баргузор гардид. Маърӯзаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд шунида шуда, қайд карда шуд, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, ҷиҳати пешбурди соҳа, вусъат бахшидан ба корхои ободониву  кабудизоркунӣ, ҳалли муаммохои экологӣ натиҷаҳои  хубро муваффақ гардид.

 Рафти ҷаласа аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии раёсат пурсиш ба амал оварда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда супоришҳо дода шуд.

Читать далее

11 July 2020

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Истаравшан

   Баҳри иҷроиши  фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9.01.2020, № 10, бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо таври доимӣ  тозаву  озода  нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан  дар канал ва сойи дохили шаҳр  аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар гузаронидани  аксия кормандони идораи бехдошти замин ва обёрӣ, сокинони махаллахо, намояндагони корхонаву ташкилотҳо хамаги 80 нафар саҳми худро  гузошта, 8 тн. партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд

  Бино ба иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри  Хуҷанд,  баҳрииҷроишифармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти наздиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 9.01.2020, № 10, бо мақсадиистиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бо таври доимӣ  тозаву  озода  нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ  дар  обутобгохи  соҳили дарё  аксияи «Тозаги соҳил» гузаронида шуд.  Рафти аксия  80  нафар  кормандони Сарраёсати ободонӣ  соҳили дарёро аз  партовҳои ҳархела тоза намуда, 4 м3  партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Истиқлол

 Дар асоси барқияи  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят , баҳри  беҳтар намудани вазъи экологӣ, тоза намудани манбаҳои обӣ бо икдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол  бо иштироки беш аз 40 нафар  сокинони  маҳаллаи «Меҳнатобод»  аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Назди кул ва ҳавзи маҳалла  аз партовҳо тоза карда шуда, 1,5 м3 партовҳо  бароварда шуд. Ҳамчунин аз тарафи кормандони бахш ба иштирокчиёни аксия барои пешгирии бемории сироятии коронавирус ниқобҳои бисёркарата ва дастпӯшакҳо тақсим карда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Шаҳристон

    Бо  мақсади  сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ,  бо таври доимӣ тозаву обод нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, ҷалби бештари шаҳрвандон дар беҳбудии муҳити зист бо иштироки  кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия, аҳолии  ҷамоатҳои деҳоти Шаҳристон ва Бунҷекат, кормандони шуъбаи маорифи ноҳия, дар соҳили Шаҳристонсой, деҳаҳо, минтақаи Хуррамдара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 120 нафар иштирок намуда,  соҳили сой ва ҳудуди дехаҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, қариб 4 тн.партов ба партовгоҳ бароварда шуд.

Читать далее

07 July 2020

Аксияи «Тозагии махал ва соҳил» дар истироҳатгоҳи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент

     Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби табиӣ ва муҳити тозаву обод ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаи сайёҳии «Ҳафткӯл»-и шаҳри Панҷакент бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва бо иштироки беш аз 120 нафар аҳолии деҳаи Шинг аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия минтақаи мазкур ва соҳили кӯлҳо аз партовҳои сахти маишӣ тоза карда шуда, 8 тн партовҳо ба партовгоҳи муваққатӣ бароварда шуд.

Читать далее

06 July 2020

Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ

Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳавои тоза ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаҳои истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ  санаи 4 июли соли равон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки 883 нафар аҳолии ҷомеаи меҳнатии ҷамоатҳои деҳоти Фондарё, Анзоб, Зарафшон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйборҳо ба масофаи 3 км, каналҳо – 5 км ва сойҳо - 4 км аз партов тоза карда шуда, 8,4 тн партовҳо бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и ноҳияи Шаҳристон

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва муҳити солим ба истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ, иҷроиши супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.06.2020, № 61/722 дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и  ноҳияи  Шаҳристон санаи 4 июли соли равон бо иқдоми  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия  ва иштироки  80 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  аксияи  «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.