August 2020

29 August 2020

Шанбегӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят

 Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсат ба истиқболи сазовори ҷашни миллии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста маъракаҳои дастаҷамъонаи ободкорию созандагӣ гузаронида шуда истодааст. Дар ин радиф имрӯз баҳри тозаву обод намудани гирду атрофи бино имруз дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки кормандон шанбегӣ доир гардид. Рафти шанбегӣ қадди роҳҳо аз алафҳои бегонаи ҳархела ва партовҳо тоза карда шуда, бо мақсади беҳтар намудани ҳолатиэкологӣ ва эстетикӣ дарахтони бисёрсола ба тартиб дароварда шуданд.

Читать далее

Саҳми хонандагон дар беҳбудии муҳити атроф

   Дар асоси нақша чорабиниҳои Раёсат баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашнхои давлатӣ, бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар минтақаи Томчисой аксияи «Тозагии соҳил» доир гардид. Аксия бо иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии литсейи № 1 ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 17 ва сокинони ҷамоатҳои шаҳракаи Меҳрободи ноҳия сурат гирифта, сой аз алафҳои бегона ва партовҳои ҳархела тоза карда шуд. Ба партовгоҳи ноҳия 3 м3 партов бароварда шуд.

Читать далее

Саҳми ҷавонон дар ободии муҳити зист

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров дар сойи Хоҷабоқирғони ҷамоати деҳоти Ғозиён аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо иштироки сокинони ҷамоат, бахусус ҷавонони ташаббускори ихтиёрӣ, ки дар ободии муҳити зист бетараф нестанд, новобаста аз рӯзҳои корӣ доир гардида, сой аз ҳаргуна партовҳои гуногуни маишӣ пурра тоза гардид. Дар натиҷа 2 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Читать далее

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Зафаробод

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсат, бо мақсади пурзӯр намудани назорат дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера, дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод аз тарафи кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд якҷоя бо кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёти мазкур 30 адад воситаҳои нақлиёт, ки дар таркиби дудашон моддаҳои ифлоскунанда мавҷуд мебошад аз ташхис гузаронида шуд.

Читать далее

25 August 2020

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад…

   Субҳи имрӯз сокинони ноҳияи Мастчоҳ  ба ҳашар баромада, ду тарафи роҳи  Бӯстон - Азизобод, ки ҷамоатҳои деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон ва Палдоракро ба маркази ноҳия мепайвандад, аз алафу хошок тозаву озода намуданд. Чунин кори наҷиб дар доираи ҳашари умуми ноҳиявӣ, ки дар Мастчоҳ ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидааст, сурат гирифта, баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли мусоидат менамояд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод

  Дар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳраки Зафаробод аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур зиёда аз 400 нафар кормандони ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар давоми аксия 1120 метр ҷуйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз 3500 бех гулҳо шинонида шуда, 450 бех дарахтон сафед карда шуд. Ба партовгоҳи ноҳия 6,7 м3 партовҳо бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо иштироки беш аз 650 нафар ҳашарчиён аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид.  Рафти аксия  500 метр ҷуйборҳо  ва  2000 метр қадди роҳҳо,   500 метр заҳбуру каналҳо тоза карда шуданд. Дар натиҷаи аксия  26 м3  партов  ба партовгоҳи ноҳия  бароварда шуд.

Читать далее

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 5500 солагии Саразми бостонӣ

    Дар моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Панҷакент бо тантана 5500 солагии Саразми бостонӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани љашни мазкур дар ин минтақа корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дорад. Бо баробари гузаронидани хашару шанбегиҳо дар шаҳри Панҷакент инчунин бо мақсади кабудизор намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани ҳолати экологӣ дар мамнунъоҳи Саразми бостонӣ 15 бех дарахти бед шинонида шуда дигар корҳои ободонӣ идома дорад.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Спитамен

   Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ, бахшида ба ҷашнҳои дар пешистода дар ноҳия ксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия сокинони маҳаллаҳо, кормандони ташкилоту идораҳо ҳамагӣ  420 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия кӯчаҳои марказии ноҳия бо истифодаи 1 адад техника тоза карда шуда, 5 м3 партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии махал ва роҳ» дар шаҳри Истаравшан

    Корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Санаи 22 август дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» бо иштироки дастҷамъонаи қариб 1,5 ҳазор аҳолӣ ва корхонаву ташкилотҳо доир гардид. Ҷараёни аксия  2400 метр ҷуйбор тоза карда шуда, роҳравҳо ба масоҳати 2 ҳазор метр таъмир гардид Инчунин ба партовгоҳи шаҳр 16,5 м3 партов бароварда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.