21 October 2020

Семинар-вохўрӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

   Тибқи нақшаи пешбинигардида ва дархости маъмурияти ҷамоати деҳоти ба номи Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б.Ғафуров семинар – вохўрии намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо раисони Кумитаҳои маҳалла ва сокинони фаъол баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории вохўрии мазкур пеш аз ҳама дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Аз ҷониби мутахассиси мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба қонунгузории амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист суханронӣ карда шуд. Ҳамзамон, ҳангоми ба амал омадани саволу чавоб ба иштирокдорон оид ба ҳолатҳои андешидани чораҳои дар қонуну кодекс барои вайрон кардани талаботи онҳо пешбинӣ гардида,  маълумоти мушаххас дода шуд.

Читать далее

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Спитамен

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалла ва кўчаҳои ноҳияи Спитамен бо иштироки намояндагони муассисаю ташкилот ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксия корҳои сефед кадани бордюри қади роҳ – 1,7 км, рўбучини роҳравҳои пиёдагард – 2,4 км, тоза намудани ҷўйбор – 2 км ва дигар корҳои монанди рўбучини атрофи маҳали зист ба сомон расонида шуд. Дар чорабинӣ 110 нафар сокинони ноҳия иштирок карда, беш аз 18 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Читать далее

Идомаи аксияи «Тозагии роҳ» дар шаҳри Хуҷанд

    Дар кўчаҳои марказии шаҳри Хуҷанд санаи 17 октябри соли равон аксияи «Тозагии роҳ» ва омода намудани ҷўйборҳо ба боришоти фасли тирамоҳу зимистон амалӣ гардид. Дар рафти чорабинӣ намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони муассисаи ободонии шаҳр, намояндагони коргоҳҳои қади роҳ дар маҷмўъ, зиёда аз 180 нафар иштирок кардаанд. Дар натиҷа беш аз 7 км қади роҳ аз партовҳо тоза гардида, ҳамчунин бо мақсади тоза намудани ҷўйборҳо ва омода намудани онҳо ба боришотҳои фасли тирамоҳу зимистон корҳои мазкур дар масофаи зиёда аз 6 км ба иҷро расонида шуд. Чунин амалиёт бо истифода аз мусоидии обу ҳаво ҳар ҳафта идома дода мешавад.

Читать далее

Амалиёти фаврӣ дар ҷангал

 Дар давоми як ҳафта аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан амалиётҳои фаврии шабонарўзӣ гузаронида шуд. Мақсади асосии амалиётҳо ба пешгирии буриши ғайриқонунии дарахтон, худсарона чаронидани чорво, шикорӣ ғайриқонунӣ ва дигар амалҳои ғайрирасмии соҳаи ҳифзи муҳити зист равона гардида, дар минтақаи Навобод, мазеъҳои Темур, таги Сурфа ва болои таги Сурфа як қатор қонунвайронкунӣ, аз он ҷумла, буриши дарахтони арча, буттаҳои бисёрсола ва бе чиптаи хоҷагии ҷангал чаронидани чорво ошкор гардид. Дар натиҷа маводи зарурӣ тартиб дода шуда, бо сабаби зиёд будани ҳаҷми зарари ба табиат расонида ва номуайян будани шахсияти қонунвайронкунанда барои баррасӣ ба мақомоти прокуратураи вилоят ирсол гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.