05 November 2020

Натиҷагирӣ аз фаъолияти 10 моҳаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Дар маркази бозомӯзии раёсат дар шаҳри Гулистон санаи 5 ноябри соли равон бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. маҷлис баргузор гардид. Дар он аъзоёни гурӯҳи кории Кумита, сардорони шуъбаҳо ва мутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Бо сухани ифтитоҳи Раиси Кумита кормандони мақомотро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, оид ба ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон ибрози ақида намуд. Дар рафти маҷлис  натиҷаҳои фаъолияти раёсат ва зерсохторҳои он тибқи санҷиши комплексии гурӯҳи корӣ баррасӣ гардид. Маълумоти роҳбари гурӯҳи корӣ ва сардорони шуъбаҳои назоратии Кумита шунида шуд.

Читать далее

Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

 Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлиси назди муовини сардори раёсат барои кормандону мутахассисони ҷавони мақомот баромад ташкил гардид. Зимни баромад қайд карда шуд, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Дар рафти маҷлис  байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, бобати ин дастоварди бузурги даврони Истиқлолият, дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон иброз гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.