04 February 2021

Иди Сада дар шаҳри Конибодом

  Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Иди миллии Сада дар шаҳри Конибодом низ бо шукӯҳу шаҳомати хоса бо ҷалби тамоми табақаҳои аҳолӣ ҷашн гирифта шуд. Чорабинӣ дар назди варзишгоҳи «Ҷавонӣ» баргузор гардида, дар он маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, гулу парандаҳо, ниҳолҳои ороишиву мевадиҳанда, техникаи кишоварзӣ ,таомҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинии мазкур аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом 20 намуди ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу буттаҳо пешкаши аҳолӣ гардид.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара

  Дар асоси фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»санаи 30 январи соли равон дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия ҷавонон ва волонтерони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр якҷоя бо шуъбаи кор ба ҷавонон чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии чавонон мусоидат менамояд.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Айнӣ

  Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Айнӣ маъракаи ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Бо ин мақсад дирӯз дар роҳи асосии Душанбе – Айни бо иштироки муташакилонаи аҳолии ноҳия зиёда аз 500 бех ниҳоли арча шинонида шуд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар дигар маҳалҳои ноҳия идома меёбад.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.