07 April 2021
Сайди моҳӣ манъ аст!
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021, № 29 дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», ва банди «а» моддаи 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар давраи тухмигузории моҳиҳо хамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95
Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар семоҳаи якуми соли 2021
- Подробности статьи
- Автор
- Категория News
Санаи 6 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Акбаров С. баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин зимни баромади худ оид ба тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.