May 2021

05 May 2021

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Хуҷанд

  Дар асоси фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021 аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд  амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуда истодааст. Давоми моҳ аз тарафи кормандони шуъба ба мағозаву  қаҳвахонаҳои шаҳр 15 адад амрнома оиди ғайриқонунӣ хариду фурӯши моҳӣ дода шуда, 15 адад санаду протоколҳо тартиб дода шуд. Ҳангоми  гузаронидани амалиёт дар ҳудуди бозори «20 солагии Истиқлолият» барои хариду фурӯши ғайриқонунии моҳӣ нисбати Дадобоева М. ва Тураева Д. протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар байни фурӯшандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Конибодом

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Конибодом амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод

  Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия назди партовгоҳи марказии КДВ ХМК, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷӯёни коллеҷи политехникӣ, литсеи касбии саноатӣ- кишоварзӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ҳудуди назди партовгоҳ аз партовҳои гуногуни полиэтиленӣ ва қоғазпораҳо пурра тоза карда шуд.

Читать далее

Амалиётҳои назоратӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

   Шуьбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва иҷрои нақшаи чорабинӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ мунтазам амалиётҳоиназоратӣ гузаронида истодааст. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти навбатӣ аз тарафи нозирони шуъба дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисор минтақаи Шӯркул зиёда аз 200 метр тӯрҳои бесоҳиб дарёфт ва мусодира гардида, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

Читать далее

Ифтитоҳи мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» дар шаҳри Хуҷанд

  Дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят, табиатдӯстон ва сокинони маҳалла мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мағозаи мазкур бо мақсади тарғиби зебоипарастӣ ва табиатдўстӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ташкил гардида, беш аз 25 намуди паранда, зиёда аз 50 намуди моҳичаҳо, 10 намуди гурба, якчанд намуди хазандаю ҳашароти баҳрӣ бо шароити лозимии нигоҳдорӣ барои тамошо ва фурўш гузошта шудааст.

Читать далее

03 May 2021

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Гулистон

 Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар роҳи Гулистон - Қатаған амалиётҳои назоратӣ гузаронида, барои ғайриқонунӣ сайд намудани моҳӣ нисбати сокини шаҳри Гулистон Самадов Исроил протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар давоми моҳ 8 амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Рафти амалиётҳо 8 адад санад ва 1 адад протокол тартиб дода, ба ошхонаву нуқтаҳои савдои шаҳр 5 адад амрнома дода шуд. Ҳамчунин 700 метр турҳои моҳидорӣ мусодира ва дар ҷояш сӯзонида шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.