01 June 2021

Иштироки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар фестивали гулҳо дар шаҳри Намангон

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон   60-умин Ҷашнвораи  гул баргузор гардид. Дар ин ҷашнвора  ба ғайр аз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз давлатҳои Кореяи ҷанубӣ, Россия, Туркия, Нидерланд ва аз кишварҳои ҳамсоя Кирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ даъват шуда буданд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ беш аз  450  нафар соҳибкорон – гулпарварон  иштирок  намуданд. Боиси қайд аст,ки фестивали гулҳо аз соли 1961 гузаронида шуда,  имсол 60-умин солгарди он қайд гардид. Дар таърихи ин фестивал имсол якумин бор қариб 10 миллион кӯчати гулҳо  шинонида шуд. Чорабинӣ аз паради мошини гулҳо оғоз ёфта, беш аз 150 адад нақлиётҳои  гуногун, аз ҷумла комбайнҳо, тракторҳо, автокранҳо, инчунин техникаи ҳарбӣ, ки  бо гулҳои гуногун  оро  дода шуда буданд, дар кӯчаҳои марказии шаҳри Намангон ҳаракат намуданд. Маросими расмии ифтитоҳи ҷашн дар боғи истироҳат ва фароғати ба номи Захириддин Муҳаммад Бобурӣ оғоз гардида, дар доираи нақшаи чорабиниҳо намоишгоҳҳо, намоишҳои мӯд, ярмаркаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва консерти идона дар боғи “Водии афсона” доир гардид.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.