April 2022

29 April 2022

Чорабиниҳои ҳифзкунандаи моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Айни замон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ин ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби нозирони шуъба ва зерсохторҳои сарраёсат бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ доир гардида истодааст. Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии сарраёсат давоми ду шабонарӯз амалиёт гузаронида натиҷаҳои муайян ба даст оварданд. Амалиёти аввал дар минтақаи Қатағани обанбори Баҳри Тоҷик баргузор гардида, санад тартиб дода шудааст ва 300 метр тӯри бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд. Амалиёти дигар дар минтақаи Ҷаҳонзеби обанбори Баҳри Тоҷик гузаронида шудааст. Дар натиҷа, барои сайди ғайриқонунии моҳӣ ду нафар сокинони деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Юлдошев Х. ва Эргашев Ф. боздошт гардиданд. Нисбати 15 сар нуқрамоҳии ғайриқонунӣ сайдгардида маводи зарурӣ дар ҷояш тартиб ёфта, зарари ба табиат расонидашуда 960 сомонӣ муайян шудааст. Ҳамчунин қаиқи резинӣ муваққатан мусодира гардида, ҷиҳати чораандешӣ мавод ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шуд.

Читать далее

Чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2022 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳитизист дар шаҳриИстаравшан амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуд. Рафти амалиёт дар ҳудуди бозори марказии шаҳр дар байни фурӯшандаҳои нуқтаҳои моҳифурӯшӣ корҳои ташвиқотиву тарғи-ботӣ гузаронида, лавҳаҳои иттилоотӣ насб карда шуд. Ҳамчунин тариқи баландгуяки идораи бозор фармоишҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ қироат карда шуд.

Читать далее

28 April 2022

Амалиёти назоратӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ дар минтақаи Маҳрами шаҳри Конибодом

  Аз ҷониби нозирони шуъбаи назорати давлатӣ ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба афзоиши табиии захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли ҷорӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст. Ҳангоми гузаронидани яке аз чунин амалиётҳои шабона, дар минтақаи Маҳрами обанбори Баҳри Тоҷик ду нафар истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом – Муродов Муҳаммад ва Мирхаёлов Одил, ки бо сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд боздошт гардиданд. Барои сайд намудани 34 сар моҳӣ санад тартиб дода шуда, мавод бо хулосаи ихтиологӣ барои андешидани чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом супорида шуд. Бо дастрасии моддаи 230-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин ду шаҳрванд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар айни замон дар ҳолати баррасӣ мебошад ва ҷиҳати пешниҳод ба мақомоти судӣ корҳои омодагӣ амалӣ шуда истодааст. Тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2022, № 38 «Дар бораи ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2022» корбарӣ пурзӯр ва идома дода мешавад.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Истиқлол

  Баҳри иҷрои нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлил ва ахбороту иттилоот ва шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Сарраёсат дар кӯчаи Шириншо Шотемур-и шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент

  Мувофиқи нақшаи корӣ, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо ҳамкории кормандони шуъбачаи экологӣ ва сайёҳии ВКД дар водии Зарафшон дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент, ҷамоати деҳоти Чинор амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 1 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.

Читать далее

27 April 2022

Баргузории аксия бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ноҳияи Ашт

  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар ҷамоати шаҳраку деҳоти Ашт, Понғоз ва Ошобаи ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии замин» баргузор гардидааст. Аксия мазкур бо мақсади тоза намудани сойҳо аз партовҳои бесоҳиб ташкил гардида, дар рафти чорабинӣ ба ғайр аз намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия кормандони ташкилот, муассиса доираи васеи сокинони маҳаллаҳо, дар маҷмуъ беш аз 630 нафар иштирок намуданд. Дар натиҷа ҳудуди сойҳо аз партовҳои гуногун, аз ҷумла партовҳои пластикӣ тоза гардида, зиёда аз 7,3 метри мукааб партовҳои бесоҳиб бароварда шудааст.

Читать далее

Ба таваҷҷӯҳи кормандони воситаҳои ахбори омма!

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рӯзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  ва омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтарин маводи журналистӣ дар мавзӯи  «Пиряхҳои Тоҷикистон - сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълу-мотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад.

Читать далее

26 April 2022

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Исфара

  Бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин дар соҳили дарёи Исфара аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 200 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ фаъолона иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона ба миқдори 2 м3 тоза карда шуд. Мавриди зикр аст, ки бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара якҷоя бо Гӯшаи Амрикоӣ чунин аксияҳои экологиро мунтазам доир менамояд, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон мусоидат менамояд.

Читать далее

Дарси кушод дар МДТ Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ҷ.Расулов

  Санаи 23 апрели соли равон аз тарафи мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов дар муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ-техникӣ дарси кушод бахшида ба санаи экологӣ - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин гузаронида шуд. Ба хонандагони Литсей доир ба таърихи пайдоиши ин ҷашн, моҳияти истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани донишҳои экологӣ, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» сӯҳбат гузаронида шуд. Рафти суҳбат хонандагон ва омӯзгорон ба суолҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Читать далее

Амалиётҳои фаврии ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов дар давраи тухмгузорӣ

  Дар давраи тухмгузории моҳӣ дар обанбор ва дарёҳои вилояти Суғд мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодаанд. Ҳафтаи охир аз ҷониби нозирони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳӣ, ҳамчунин пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар самти мазкур се маротиба амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ дар минтақаҳои дарёи Сир доир гардида, дар маҷмӯъ 1 адад санад ва 1 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.  Ҳамзамон, 650 метр тӯри ғайриқонунӣ ба дарё партофташудаи бесоҳиб аз об бароварда, тариқи сӯзонидан несту нобуд гардидааст. Нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ҷиҳати пешбурди масъалаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ минбаъд то ба охир расидани мавсими тухмгузории моҳӣ чораҳои зарурӣ меандешанд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.