October 2022

27 October 2022

Ба сӯзиши хазон роҳ надиҳед!

   Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кӯчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст. Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад. Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурӯҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рӯзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд.

Читать далее

Вохӯрӣ бо маорифчиёни вилояти Суғд

  Дар толори Раёсати маорифи вилояти Суғд вохӯрии намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ва Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин кормандони масъули Раёсати маориф баргузор гардид. Вохӯрии мазкур бо мақсади амалӣ гардонидани «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» пешбинӣ гардида, дар рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист маълумот оид ба натиҷаҳои яксолаи иҷрои Барнома пешкаши иштирокдорон гардид. Махсусан қайд гардид, ки ҳамкории судманд бо ташкилоти ҷамъиятӣ ба амалӣ гардидани як қатор чорабинию муҳимаш ба чоп расонидани 1500 нусха китобчаи худи Барнома ва то ҳол бо забони русӣ 450 нусха дастурамали «Раҳнамо оид ба таълими иловагии экологӣ» оварда расонид.

Читать далее

Вохӯрӣ ҷиҳати мустаҳкам намудани дониши назариявии экологии донишҷӯён

  Дар доираи амалӣ гардидани нақша чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ-амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, вохӯрӣ бо донишҷӯёни курси 4-и ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи мутахассисони соҳа Собиров Ҳ.Ф., Саидов Х.М. ва Ёқубов Б.Ш. доир ба сохтори мақомоти ҳифзи муҳити зист, дар бораи қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, назорати давлатии самтҳои ҳифзи муҳити зист, вазифаҳои асосии шуъбаҳо, таъсири манфии ифлосшавии ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳои пластикӣ ва муаммоҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордоштае, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд ва дигар маълумотҳо пешкаши донишҷӯён гардид.

  Дар интиҳо донишҷуён ба саволҳои худ оид ба сабаби шинонидани дарахти арча ва аҳамияти он ба муҳити зист, таъсири корхонаҳои калони саноатӣ ба муҳити атроф, бештар гузаронидани вохӯриву корҳои фаҳмондадиҳӣ байни донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Конибодом

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  мунтазам аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуда истодааст. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом дар ҷамоати Куҳандиёр бо иштироки васеи аҳолӣ, кормандони соҳаи маориф ва хонандагон ҳамагӣ 250 нафар аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Соҳили дарёи Сир аз тарафи иштирокчиёни аксия аз партовҳои гуногун тоза карда шуда,  6 м3 партов бароварда шуд. Ҷараёни аксия тариқи телевизиони маҳаллӣ наворбардорӣ карда шуд.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Иҷлосияи ХУ1 - уми Шӯрои Олӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал ва роҳ» гузаронида шуд. Дар он аҳолии ҷамоатҳо, кормандони муассисаю ташкилотҳо, хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ  ҳамагӣ  530 нафар  фаъолона иштирок доштанд.  Рафти аксия қадди роҳҳо ва ҷамоати деҳоти Ёва ва Исфисор аз партовҳои гуногуни пластикӣ, алафҳои бегона  тоза карда шуда, 7 м3  партов бароварда шуд.

Читать далее

25 October 2022

Машварати корӣ бо гурӯҳи кории ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба масъалаҳои экологӣ

  Баҳри баланд бардоштани донишу маърифати экологии сокинони ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори бинои маъмурии ҷамоат машварати корӣ бо гурўҳи кории ҷамоати деҳоти мазкур оид ба масъалаҳои экологӣ баргузор гардид. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар ҳалли мушкилот оид ба партовњои уран дар Осиёи Марказӣ, Марҳилаи II» вохӯрӣ дар ин ҷамоати деҳот дуюм маротиба амалӣ гардида, дар рафти кори он намояндагони муовини раиси ҷамоат, раисони Кумитаҳои маҳаллӣ, Маркази саломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сокинони фаъол ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Таъсиси гурӯҳи корӣ ҷиҳати таъмини ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии корҳои барқарорсозӣ дар ҷамоати мазкур бахшида шуда, тибқи барнома аз ҷониби намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурўҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ва сармуҳаррири рўзномаи вилоятии «Согдийская правда» иштирокдорон бо маълумоти амалигардии лоиҳаи «Татбиқи роҳҳои дастраси кишоварзӣ дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим», нақши ВАО ва ташкилоти ҷамъиятӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, маълумот оид ба таҳияи лоиҳаҳо барои ҳал намудани масъалаҳои экологӣ шинос гардиданд.

Читать далее

Риояи Қонун ба манфиати ҷомеа

Бо мақсади фаҳмонидани  моҳият ва таъмини иҷрои талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар  бораи масъулияти падар модар оид ба  тарбияи  фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  вохӯрии  судяи суди иқтисодии вилоят Давлатзода Т. бо кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Вохӯриро муовини сардори Сарраёсат Абдумаликзода Б.А. оғоз намуда, оид ба рафти иҷрои талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падар модар оид ба тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат бо коррупсия  ва муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Сарраёсат ва зерсохторҳо қайд намуд. Таъкид карда шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани Қонунҳои мазкур нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, як қатор корҳои амалӣ ба сомон расонида шуданд. Дар давраи баргузории чорабиниҳои гуногун - аз ҷумла, Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи забони давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.

Читать далее

Ҳифзи олами ҳайвоноти нодир

  Тибқи иҷрои нақшаи корӣ, дар асоси фармоиши сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, бо мақсади пурзӯр намудани назорати ҳифзи олами ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, аз тарафи  нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат  дар ноҳияи Деваштич амалиёти назоратӣ гузаронида шуд.Рафти амалиёт дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд – Чаноқ ҳангоми фурӯши ғайриқонунии мори печони шарқӣ сокинони ноҳияи Деваштич, ҷамоати деҳоти Яхтан, деҳаҳои Хоҷа Боҳир ва Хуҷатоир - Солиев Нуралӣ ва Шарипов Элёр ошкор гардида, нисбати онҳо протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда барои андешидани чораҳоимаъмурӣ ба суди ноҳия фиристода шуд.Мори печон як навъ мори безаҳрбуда, дарқитъаҳои шағалу  гилдори камрастанӣ маскан мегирад. Доманакуҳҳо ва минтақаҳои куҳии ҳамшафати водиҳои хеле тангро меписандад. Аз моҳи март то ноябр  фаъол буда,  дар моҳи ноябр ба хоби  зимистона  меравад.Зоҳиран ба кӯрмор  монандӣ дорад, бинобар ин мардуми таҳҷоӣ онро барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа миқдораш солҳои охир кам шудааст.

Читать далее

17 October 2022

Озмуни «Тирамоҳи заррин» дар ноҳияи Зафаробод

  Бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ноҳияи Зафаробод озмуни «Тирамоҳи заррин» гузаронида шуд. Дар озмун 15 адад муассисаҳои таълимии шаҳр бо гӯшаҳои ба намоиш гузоштаи худ ширкат варзиданд. Мактаббачаҳо гӯшаҳои худро бо нозу неъматҳои фасли тирамоҳи заррин, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо, аксҳои ранга, маводи дастисохт, расмҳои бо ғалладонаҳо тасвиркардаву бо ресмонҳо кашидашуда оро дода буданд. Озмун аз рӯи 5 шарт: ташкили намоишгоҳ, истифодаи маводи табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, суратҳои ранга, маводи видеоӣ оид ба корҳои иҷрошудаи гуруҳи нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои табиатшиносӣ ва ҳимояи рисолаву рефератҳои хонандагон дар мавзӯи муҳити зист ва экология гузаронида шуд. Аз рӯи ин шартҳо зиёда 180 нафар хонандагони синфҳои аз 6 то 11 иштирок намуданд. Ҳайати ҳакамон, намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маориф, ба донишу фаҳмиши хонандагон доир ба муҳити зист баҳои баланд доданд. Ғолибони озмун  хонандагони МТМУ № 1, № 6 ва № 16 эълон гардида, аз тарафи намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист ва шуъбаи маорифи шаҳр бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Читать далее

Аксияи экологӣ бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир»

  Бахшида ба «Рӯзи дарёи Сир» дар «Боғи фарҳангӣ - фароғатии Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд, дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, Раёсати минтақавии захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё, Ташкилоти ҷамъятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Дафтари Барномаи Рушди СММ дар вилоят аксияи экологӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бисёр дўстдорони табиатро ҷалб намуд, ки беш аз 60 нафар донишҷӯёни эко – фаъолон, аъзоёни «Эко – клуб»-и Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, волонтёрон, зиёда аз 20 нафар шаҳрвандон ва намояндагони васоити ахбори омма ҳам дар корҳои тоза намудани боғ аз партовҳои пластикӣ ва ҳам дар озмун – викторинаи ташкилгардида иштирок карда, ғолибон соҳиби тӯҳфаҳо шуданд. Ҳамчунин, рафти чорабинӣ дар баробари иҷро намудани корҳои ободонӣ, насби ду адад қуттии махсус барои зарфҳои пластикӣ амалӣ гардид. «Рўзи дарёи Сир» бо мақсади нишон додани муҳимияти захираҳои об қайд гардида, ҷиҳати ҷалб, иттилоотонидан ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, мустаҳкам намудани амнияти экологӣ ва беҳсозии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо мусоидат менамояд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.