25 January 2023

Дар минтақаи шаҳри Истаравшан чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвоноти ваҳшӣ гузаронида шуд

   Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.01.2023, №2/12-05-59 дар минтақаҳои баландкўҳ ва доманакўҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» баргузор гардида истодааст. Бо мақсади беталаф баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сармои зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан якҷоя бо Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар минтақаи Навободи ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳр, ки минтақаи сардтарин ва сербориштарин ба ҳисоб меравад, корҳои биотехникиро гузарониданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки зимни мушоҳидаҳои бисёрсола дар доманакӯҳ ва талу теппаҳои минтақаи мазкур, дар ҳаргуна вақт намудҳои ҳайвонот ва парандагони нодир, аз ҷумла рӯбоҳ, хирс, шоҳин, ҷайра, тазаври тоҷикӣ, бургут, каргас ва дигар намояндагони олами ҳайвонот дида мешаванд, ки шомили Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар маҷмўъ, рафти корҳои биотехникӣ 70 кг гандум, 60 кг ҷав, 40 кг лаблабуи сурх, 30 кг картошка, 20 кг намак ва 12 бастаи коҳи гандум дар доманакӯҳҳои ин минтақа пошида шуд. Барои минбаъд, аз сардиҳои фасли зимистон эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту парандагоне, ки дар доманакӯҳ ва минтақаҳои сардтарин  сукунат доранд, гузаронидани чунин амалиёт ва корҳои биотехникӣ идома дода мешаванд.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара

   Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Исфара бо мақсади ҳифз ва беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагон аз фасли сармо дар доманакуҳҳои куҳи Сиёҳ корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа дар мавзеи сукунати ҳайвонот 750 кг донагиҳои намудашон гуногун, 25 адад бастаи беда ва 100 кг намак ба замин пошида шуд. Рафти чорабинӣ тариқи телевизиони Сафина ба навор гирифта шуда, бо мақсади нигоҳ доштани ҳайвоноту паррандагоне, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданд, аз тарафи бахш гузаронидани корҳои биотехникӣ дар дигар минтақаҳо низ идома дода мешавад.

Читать далее

Корҳои биотехникӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

  Дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  № 2/12-05-59 аз 10.01.2023 ва иҷрои нақшаи кории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ, Ашт, Масчоҳ, Деваштич, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Б.Ғафуров, Спитамен ва Исфара корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкур дар доманакуҳҳо ва мавзеи сукунати ҳайвонот ва парандагони ваҳшӣ гузаронида шуда, маводҳои хӯрока  ба монанди гандум - 900 кг, ҷав - 600 кг, бастаи юнучка - 60 кг, гушти мурғ - 200 кг, картошка - 330 кг, сабзӣ - 200 кг, намак - 350 кг, бастаи коҳи гандум - 80 кг, лаблабу - 40 кг, донаи ҷуворимакка - 300 кг, бастаи биринҷреза - 43 адад  пошида шуд. Рафти чорабинӣ тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистон, Синамо, Ҷаҳоннамо, Сафина, телевизиони вилояти Суғд ва телевизонҳои маҳаллӣ инъикос карда шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.