June 2023

24 June 2023

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳанӯз 26 сол муқаддам санаи 27 июни соли 1997 бо имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди тоҷик аз имтиҳони садоқат, имон ва талоши суботу оромӣ сарбаландона гузашта тавонист. Дар таърихи навини давлатдориамон маҳз расидан ба ваҳдати миллӣ ба таҳкими давлатдории миллӣ, баланд шудани эътибори байналмилалии давлатамон, хештаншиносии мардуми тоҷик ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ мусоидат намуд. Бо эҳтироми хоса ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта,таманнои онро дорам, ки эҳсоси баланди ватандориву хештаншиносӣ, нангуномуси миллӣ ва ифтихор аз муқаддасиву пойдории Ваҳдати доимии халқи азизамон ҷовидона ва оламгир бошад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ, муборак!

Читать далее

20 June 2023

Дарси омӯзишӣ таҳти «Ҳифзи табиат омили саломатии ҷомеа»

  Дар асоси мактуби  Кумитаи иҷрои ҳизби  халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши экологии  шунавандагони Мактаби захираҳои кадрҳои назди КИ ҲХДТ дар вилоят  намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ёқубов Б.Ш. дар дарси омӯзишӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат омили саломатии ҷомеа» иштирок намуд. Мақсади асосии  Мактаби захираи кадрҳо  дар доираи татбиқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани савияи дониши сиёсии мутахассисони ҷавони болаёқат  мебошад. Намояндаи Сарраёсат ба шунавандагон доир ба сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ,  эътироф гардидани  соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», дигар масъалаҳои экологӣ ва роҳҳои халли он, самтҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти ҳифзи муҳити зист  баромад намуд. Рафти дарси омӯзишӣ аз тарафи шунавандагон вобаста ба экология, проблемаҳои ҷойдошта, таклифу пешниҳод баҳри беҳбудии муҳити зист дода шуд. Дар интиҳо аз тарафи намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят  Ёқубов Б.Ш. ба намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  ду  ҷилд  Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Читать далее

Ҷамъбасти озмуни «Ҳифзи пирьяхҳои Тоҷикистон – омили сабзу хуррамгардонии шаҳру деҳоти кишвар» байни мактаббачагон

  Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд чорабинии супоридани диплом ва мукофотҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибони озмуни даври ҷумҳуриявӣ ва диплому тўҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ба ғолибони озмуни даври вилоятӣ доир гардид. Дар он сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз, сардори Маркази ахбори экологӣ, тарғибот ва барномасозии компютерӣ Тиллоӣ Гулрухсор, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят   Соҳибназаров Зикриддин,  омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ғуфронзода Азиз  бо суханони ифтитоҳӣ барои иштироки фаъолонаи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати минбаъд ташаккул додани мавқеи фаъоли мактаббачагон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ҷалби онҳо ба ҳалли муаммоҳои экологӣ изҳори ақида намуд. Сипас  барои гирифтани ҷойҳои намоён аз рӯи 6 номинатсия - «Расми беҳтарин»,«Шеъри беҳтарин», «Сурати беҳтарин», «Ҳикояи беҳтарин», «Видеоролики беҳтарин» ва «Кори меъмории беҳтарин» 9 нафар хонандагон бо диплом ва туҳфаҳои пулии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 23 нафар хонандагон  бо диплом ва тӯҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Читать далее

«Маданият ва масъулияти тозанигоҳдории мухити зист»

   Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҷиҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» баргузор намудани чорабиниҳои экологиро идома дода истодааст. Дар студияи ширкати телевизион ва радиои «СМ-1» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ барномаи яксоата - ток шоуи «Печутоби замон» дар мавзўи «Маданият ва масъулияти тозанигохдории муҳити зист» бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятӣ ба навор гирифта шуд. Дар оғози барнома наворҳои ҳолати баъзе аз минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо, аз он ҷумла ҷӯйборҳо ҷиҳати партофтани партовҳо ба ҷойҳои ғайрирасмӣ пешкаши иштироккунандагон гардида, то ба охир расидани барнома оид ба камбудиҳои ба назар мерасида ва роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологии бахусус ҷавонон сӯҳбату саволу ҷавоб  идома ёфт. Барои пурмазмун ва таъсирбахш гузаштани барномаи телевизионии мазкур ба студия ғайр аз намояндагони сарраёсату ташкилоти ҷамъиятӣ, собиқадори соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун коршинос, устодони донишгоҳ, омўзгорони Марказҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, донишҷӯён, рӯзноманигорон, ташкилоти сайёҳӣ, волонтёрон ва дигар ташкилоти ҷамъиятӣ даъват гардида, давоми барнома ҳамаи иштирокчиён нисбати мавзӯи асосӣ фикри худро баён намуданд.  Боиси қайд аст, ки аз ҷониби аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба ҳамаи дар студия нишастагон рўзномаи соҳавии «Инсон ва табиат» дастрас гардида, ҷиҳати минбаъд шинос намудани тамошобинон бо намудҳои нодири олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ба китобхонаи ШТР «СМ-1» Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Читать далее

13 June 2023

Баргузории аксияи экологӣ дар минтақаи истироҳатии ноҳияи Шаҳристон

   Дар доираи Лоиҳаи «Баланд бардоштани маърифати экологӣ», ки аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд татбиқ гардида истодааст, бо ҷалби ризокорон, ҷавонон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони идораю муассисаҳо ва васоити ахбори омма давоми соли равон дуюм маротиба аксияи экологӣ дар минтақаҳои истироҳатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд. Дар мавзеи Хуррамдараи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон бо мақсади тоза намудани минтақа аз партовҳои пластикӣ дар мавсими истироҳатӣ аксияи экологӣ ташкил ва баргузор гардид. Рафти аксия хонандагону омӯзгорон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Шаҳристон ва Б.Ғафуров, ҳамчунин волонтёрон,  кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал, намояндагони рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда», телевизиони вилояти Суғд ва хоҳишмандон аз нафароне ба истироҳат омада, дар маҷмўъ қариб 100 нафар иштирок доштанд. Мувофиқи барномаи аксия баъд аз қисми оғози чорабинӣ, иштирокдорон бо халта ва дастпушак таъмин гардида, ҳамагӣ 4 метри мукааб партовҳо, аз ҷумла зарфҳои пластикию шишагӣ ва халтаҳои полиэтилении аз ҷониби истироҳаткунандагон мондарафта ҷамъоварӣ карда шуд. Ҳамаи халтаҳои бо партовҳо пур гардида, бо воситаи нақлиёти боркашони хоҷагии ҷангал бароварда шуд. Дар рафти аксия гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ аз ҷониби истироҳаткунандагон хуб арзёбӣ гардид.

Читать далее

Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” дар ноҳияи Масчоҳ

  6 июни соли ҷорӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёту табиат” баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист ва эълон гардидани “Соли 2025 – соли ҳифзи пиряхҳо” бахшида шуда буд. Дар ҳамоиш раиси ноҳияи Мастоҳ Аъзам Ализода, муовини сардори Сарраёсат Гулов А., кормандони сарраёсат, мудирони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру навоҳии вилоят, собиқадорони соҳа, ғолибони озмунҳои экологӣ, фаъолон ва  сокинону меҳмонони ноҳия иштирок намуданд. Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ализода Аъзам бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим гуфт, ки сокинони сайра  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешниҳодҳои муфиду мушаххас дар ҳалли масоили глобалӣ  эҳтироми махсус доранд. Дар идомаи ҳамоиш ба ғолибони озмуни ноҳиявии “Ҳифзи пиряхҳо - ҳифзи ҳаёту табиат” аз рӯи номинатсияҳои мақолаи беҳтарин, шеъри беҳтарин ва расми беҳтарин бо Сипоснома ва маблағҳои пулии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Сипас ба як гуруҳ фаъолон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Барномаи рангини консертӣ ва рақсу бозии ҳунармандон дар либоси ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба ҳамоиш шаҳомати дигар бахшид.

Читать далее

08 June 2023

Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 5 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид. Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ як қатор кормандони фаъоли мақомот  бо сипосномаву тӯҳфаҳо  сарфароз гардонида шуданд.

Читать далее

Баргузории аксияи ташвиқотӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист

  Бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба марказҳои савдои   Амид воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва  маҳаллаи  13, «Доро» ва «Анис» барои харидорон  ба миқдори 6 ҳазор адад халтаҳои қоғазӣ тақсим карда шуд. Мақсади асосии баргузории чунин аксияи ташвиқотӣ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон баҳри ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, пешгирии истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ, ивази онҳо ба халтаҳои коғазӣ, ки ба муҳити зист зарар надоранд.

Читать далее

07 June 2023

Қадрдонии кормандон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист

  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии  муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маросими қадрдонии кормандон ва собиқадорони ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуд, ки  ин рўзҳо барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи фаромӯшнашаванда ва хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад ва ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар маҷмўъ зиёда аз 130 давлат санаи 5–уми июнро ботантана қайд менамоянд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардида, дар асоси он ҳар сол, ҳамчун Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад ва ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода мешавад. Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз   кормандон ва собиқадорони соҳаро бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.

Читать далее

Аёдати оилаҳои собиқадороне, ки айни ҳол дар ҳаёт нестанд

  Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва собиқадори соҳа Султонов Абдуазиз оилаҳои собиқадоронеро,  ки айни ҳол дар қайди ҳаёт нестанд аёдат намуданд. Ҳомидов Аъзам тайи 24 сол - аз соли 1988 то соли 2012 ҳамчун сармутахассиси соҳаи об то сардори шуъбаи ҳифзи захираҳои об дар Раёсат фаъолият бурдааст. Мухамедҷонов Султонмурод давоми 16 сол -  фаъолияташро аз соли 1989 ҳамчун аввалин сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд оғоз намуда, то соли 2005 чун сардори шуъбаи экспертизаи давлатии экологӣ фаъолият бурдааст. Мамадҷонова Мавҷуда аз соли 2013 то соли 2016 дар вазифаи сармуҳосиб фаъолият бурда, ҳангоми сафари хизматӣ вафот намудааст.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.