January 2024

25 January 2024

Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

  Бо мақсади иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.10.2021, №442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ» ва тибқи Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаи навбатии Комиссия дартолори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо - муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд. Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар  соли 2023 ва вазифагузорӣ барои фаъолияти минбаъда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Читать далее

23 January 2024

Сафари кории Раиси Кумита ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд

 Баҳри таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод. Бо мақсади иҷрои барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкорона, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ,хурраму сарсабз гардонидани кишвар ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А. ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 моторолери барқӣ, 8 қуттӣ барои зарфҳои пластикӣ, 25 адад қуттӣ барои партовҳо тӯҳфа карда шуд. Инчунин дар маркази шаҳр 5 нуқтаи партовгоҳҳои муваққатии замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.

Читать далее

19 January 2024

Амалиёти назоратӣ оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик

  Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ  дар обанбори Баҳри Тоҷик, минтақаи Шӯркули  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ҳангоми сайди ғайриқонунии моҳӣ сокинони  н.Б.Ғафуров   Шарипов М. ва Қурбонов Ҷ. боздошт гардиданд. Қонуншиканон бе иҷозати мақомоти ҳифзи муҳити зист бо турҳои моҳидории лескавӣ ва қаиқи алюминӣ ва резинӣ бо моҳидорӣ машғул шуда, дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки зиёда аз  182  сар  8 намуди моҳиҳо (ҷерсон, суфмоҳӣ, нуқрамоҳӣ, морсармоҳӣ, пешонапаҳм,  зағорамоҳӣ ва амури сафед) сайд шудааст, ки ин амали қонуншиканон бар хилофи моддаи 44, 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” буда, дар натиҷа бо моддаи 208-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд.

Читать далее

Партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ хокпӯш карда шуд

 Бо мақсади  беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, пешгирии таъсири зарарноки партовҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист аз тарафи  Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ» партовгоҳи ноҳияи Мастчоҳ  хокпӯш карда шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Мастчоҳ масоҳати умумии партовгоҳ 5 гектар буда, айни замон  масоҳати 2 га  бо ҷалби техника ҳамвор ва хокпӯш  карда шуд.

Читать далее

15 January 2024

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа

  Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат соати сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд Темирова Х. И. ва  Қурбонова Д. баргузор гардид. Сармутахассис оид ба ҳуқуқи Сарраёсат Султонӣ Д. зимни баромад қайд намуд, ки дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои ҳалталаби дохиливу берунӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус дода, таъкид намуданд, ки “Бо мақсади истеҳсоли “энергияи сабз”, рушди ”иқтисоди сабз” ва паст кардани партови газҳои гулхонаӣ зарур аст, ки дар самти сармоягузории давлатӣ ва рақамикунонии ҳифзи муҳиит зист тадбирҳои иловагӣ  амалӣ карда шаванд”.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Айнӣ

  Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ тибқи дастуру супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар ноҳияи Айнӣ идома дорад. Бо ин мақсад аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Айни қариб 600 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан ва ороишӣ харидорӣ карда шуда,  дар маркази ноҳия, ҷамоату деҳот  ва  шафати роҳҳо бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо ва сохторҳои масъул шинонида шуд.

Читать далее

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

  Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар миқёси вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ  идома дорад. Бо мақсади кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту идораҳо дар канори шоҳроҳи Қаҳрамон -Шайдон зиёда аз 2500 адад дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд. Бо истифода аз вазъи мусоиди  обу ҳаво  дар дигар минтақаҳо низ  маъракаи ниҳолшинонӣ идома меёбад.

Читать далее

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон

  Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром ҷараён дорад. Бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, кормандони КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр", омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр дар назди даромадгоҳи шаҳр,  боғу гулгаштҳои шаҳр 152 бех ниҳолҳои  сояафкан,  ҳамешасабзу ороишӣ  шинонида шуд. Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Читать далее

Насби қуттиҳо барои зарфҳои пластикӣ дар шаҳри Гулистон

 Бо мақсади тоза обод нигоҳ доштани муҳити зист, беҳтар намудани ҳолати санитариву экологӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар даромадгоҳи шаҳр, назди дидбонгоҳи БДА, кӯчаҳои марказии назди ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, соҳили обанбори Баҳри Тоҷик, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад   қуттиҳои махсус барои  зарфҳои пластикӣ насб карда шуд. Ин иқдом тибқи дастуру супориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон роҳандозӣ гардид.

Читать далее

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

 Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати санитариву экологӣ дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби 250 нафар сокинони шаҳр, кормандони воҳидҳои сохторӣ, идораҳо, муассисаҳои таълимӣ новобаста аз тобеият ва шакли моликият ҳашари тозагиву ободонӣ гузаронида шуд. Дар ҳашари умумишаҳрӣ қадди роҳҳои протоколии хиёбони Истиқлол, Исмоили Сомонӣ, Ваҳдат ва Оли Сомон ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, тариқи техникаҳои борбардори КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ш.Истаравшан ва Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Истаравшан ба партовгоҳи шаҳрӣ ба миқдори 7 тн партов интиқол дода шуд.

Читать далее

Скачано с веб-сайта JooMix.org.