Дар бораи қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

Category: Legislation Written by Администратор Hits: 24336

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

 Дар бораи қабули Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №3, мод.189)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1992 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 10, моддаи 142) беэътибор дониста шавад.

 

       Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996

№ 326                                              

 

Ба матни Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 23 соли 1996, мод. 351) тағйиру иловаҳои қабулшуда (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1997, № 23-24, мод. 333; соли 1999, № 5, мод.59; соли 2001, № 4, мод.176; соли 2004, № 2, мод.55; №3, мод. 190; соли 2006, №7, мод. 347) ворид карда шудаанд.

 

 

КОДЕКСИ  ЗАМИНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 Кодекси мазкур муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои  истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад.

 

Боби  I.  ҚОИДАҲОИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузорӣ дар бораи замин

Муносибатҳои вобаста ба замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд.

Муносибатҳои вобаста бо истифодабарии боигариҳои кeҳсор, ҷангалзору обҳо, муносибатҳои истифодабарию ҳифзи набототу ҳайвонот, ҳавои атмосфера бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мешаванд.

 

Моддаи 2. Моликият ба замин

Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад.

 

Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии замин

Тамоми заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи таъиноти мақсаднокашон ба гурeҳҳои зайл тақсим мешаванд:

1) заминҳои таъиноти кишоварзӣ;

2) заминҳои маҳалҳои аҳолинишин (шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот);

3)  заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар;

4) заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ;

5)  заминҳои фонди давлатии ҷангал;

6)  заминҳои фонди давлатии об;

7)  заминҳои захираи давлатӣ.

Гурeҳҳои замин дар ҳуҷҷатҳои зерин нишон дода мешаванд:

а)  дар кадастри давлатии замин;

б)  дар китоби бақайдгирии замин;

в)  дар қарорҳои ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;

г) дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин.

 

       Моддаи 4. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:

а) тасдиқ намудан ва тағйир додани ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурӣ (вилоятҳо, шаҳрҳо,  ноҳияҳо ва шаҳракҳо);

б) муайян намудани минтақаҳои дорои низоми махсуси ҳуқуқӣ, муқаррар намудан ва тағйир додани ҳудуди онҳо.

 

Моддаи 5. Салоҳияти  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳият дорад:

а) ихтиёрдории (мусодира ва додани) заминҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои умумидавлатӣ бо ризояти мақомоти дахлдори  ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо;

б) ташкили корҳо ҷиҳати таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатию байнидавлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи замин, афзудани маҳсулнокии хок, ҳифзи заминҳо дар маҷмeъ бо дигар тадбирҳои ҳифзи табиат;

в) ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар мавриди  татбиқи барномаҳои  давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи замин;

г) таъмини маблағгузории тадбирҳо оид ба истифодаю ҳифзи замин дар ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ ва пешниҳоди он ба Маҷлиси Олӣ;

д) бо ризояти мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо муқаррар намудани ҳудуди майдонҳои муҳофизати махсуси табиат;

е) муқаррар намудани тартибу рeёнидани андози замин ва иҷорапулии замин;

ж) идоракунии умумии заминсозӣ, муқаррар намудани тартиби ташкил ва гузаронидани  кадастри давлатии  замин ва мониторинги замин;

з) тасдиқи ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти давлатӣ алоқаманданд.

 

Моддаи 6. Салоҳиятҳои мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин

Мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳиятҳо доранд:

а) гузаронидан ва амалӣ гардонидани корҳои заминсозӣ;

б) гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;

в) назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, пешниҳод намудани талабот оид ба  бартараф  намудани вайронкуниҳои ошкоргаштаи    қонунгузории  замин;

г) дар доираи қонунгузории амалкунанда такмил додани усулҳои  идоракунии захираҳои замин;

д) таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими давлатии муносибатҳои вобаста ба замин;

е) бо тартиби муқарраргардида намояндагӣ намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ;

ж) назорати истифодабарии мақсадноки маблағҳое, ки барои беҳдошти ҳолати заминҳо равона карда шудаанд;

з) таҳия ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани миқдори андози замин, муайян намудани зиёни иқтисодӣ ва ҷарима барои вайронкунии қонунгузории замин;

и) бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва ба заминистифодабарандагон мувофиқи тартиби муқарраргардида додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин;

к) боздоштани ҳама гуна сохтмонҳо, истихроҷи канданиҳоифоиданок ва торф, истифодаи иншоотҳо, иҷрои корҳои мелиоративии ҷангал, иктишофи геологӣ, ҷустуҷeӣ, геодезӣ ва манъ кардани фаъолияти заминистифодабарандагоне, ки амалҳояшон хилофи қонунгузории замин мебошад;

л) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти маҳаллӣ ва ё суд манзур намудани пешниҳодҳо оид ба  бекор намудани санадҳое, ки хилофи қонунгузории  замин мебошанд;

м) боздоштани иҷрои қарорҳо  оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин, ки мухолифи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, то қабули қарори мақомоти дахлдор (мақомоти болоии ҳокимияти иҷроия, суд);

н) ҳалли  баҳсу мунозираҳо оиди заминистифодабарӣ;

о) иҷрои дигар ваколатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 7. Салоҳиятҳои Ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо

Ҳукуматҳои Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар ҳудуди маъмуриашон чунин салоҳиятҳо доранд:

а) ташкил ва амалӣ гардонидани заминсозӣ, тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои заминсозии вобаста ба иҷрои корҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва дар заминҳои  дар ихтиёри онҳо буда гузаронидани кадастри давлатии замин ва мониторинги замин;

б) додани қитъаҳои замин барои истеҳсолоти кишоварзӣ;

в) додану гирифтан ва вобастакунии қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ;

г) ҳифзи ҳуқуқи заминистифодабарандагон ва иҷоракорон;

д) қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

е) бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин;

ж) назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин.

 

       Моддаи 8. Салоҳиятҳои ҷамоатҳо

Ҷамоатҳо дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин дар қаламрави маҳалҳои аҳолинишини деҳот чунин салоҳиятҳо доранд:

а) ба мақомоти ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо ва ноҳияҳо пешниҳод намудани таклифҳо доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замин;

б) додану пас гирифтани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои ёрирасони шахсӣ, ки тибқи тартиби муайяншуда ҷудо карда шудаанд;

в) муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи заминҳои наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳое, ки дар моддаи 71 ҳамин Кодекс оварда шудаанд;

г) бақайдгирии ҳуқуқи истифодабарӣ ва шартномаҳои иҷораизамин;

д) тартиб додани китобҳои кадастри давлатии замин ва хоҷагидорӣ, инчунин ба танзим даровардани заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;

е) назорати  истифода ва ҳифзи заминҳо;

ж) тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои заминсозие, ки ба иҷрои корҳо дар заминҳои дар ихтиёри онҳо буда алоқаманданд.

 

Моддаи 81. Салоҳиятҳои ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳое, ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо ва ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳое, ки дар ҳудуди маъмурии  ноҳияҳо ҷойгиранд

Ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳое (шаҳрҳое), ки дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо (ноҳияҳо) ҷойгиранд,  дар соҳаи танзими муносибатҳои вобаста ба замин чунин салоҳиятҳо доранд:

а) пешниҳод намудани таклифҳо ба ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо (ноҳияҳо) дар бораи ҷудо намудани қитъаҳои замин;

б) пешниҳод намудани таклифҳо ба ҳокимияти маҳаллии шаҳрҳо (ноҳияҳо) дар бораи қатъ гардонидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

в) вобастакунии қитъаҳои замин мутобиқи моддаи 26 ҳаминКодекс;

г) назорати   истифода  ва ҳифзи  заминҳо. 

 

Моддаи 9. Мансуб  донистани заминҳо ба гурeҳҳо ва аз як гурeҳ  ба гурeҳи  дигар гузаронидани онҳо

Мансуб донистани заминҳо ба гурeҳҳои дар моддаи 3 Кодекси мазкур овардашуда ва аз як гурeҳ ба гурeҳи дигар гузаронидани онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад.

Вайрон кардани қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳои дигар ва санадҳои дигари ҳуқуқии меъёрии аз як гурeҳба гурeҳи дигар гузаронидани қитъаҳои замин барои инҳо асос шуда метавонад:

а) беэътибор донистани қарорҳои ҳокимияти иҷроия оиди муносибатҳои вобаста ба замин;

б) надодани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва ба қайд нагирифтани ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин.

 

Моддаи 10. Заминистифодабарандагон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминистифодабарандагон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд заминистифодабарандагони  якумдараҷа ва дуюмдараҷа бошанд.

Заминистифодабарандагони якумдараҷа шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқиемебошанд, ки ҳуқуқи истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва ё меросии якумраи заминро доранд.

Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки қитъаҳои заминро дар асоси шартномаи  иҷора истифода мебаранд.

 

Моддаи 11. Истифодаи бемeҳлати замин

Бе мeҳлати пешакӣ муқарраршудаи истифодаи замин, истифодаи бемeҳлат эътироф  карда мешавад.

Истифодаи бемeҳлати замин ба заминистифодабарандагони зайл дода мешавад:

а) корхонаҳои кишоварзии давлатӣ ва кооперативӣ;

б) ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию динӣ;

в) фондҳои хайрия ва фондҳои дигар;

г) корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои саноатӣ, нақлиёт ва дигар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайрикишоварзии давлатию кооперативӣ;

д) барои эҳтиёҷоти мудофиа;

е) корхонаҳои муштарак, ташкилоту иттиҳодияҳои байналмилалӣ бо иштироки шахсониҳуқуқии  хориҷӣ;

ж) ба шаҳрвандон қитъаи замини иловагӣ барои ташкили хоҷагии ёрирасони шахсӣ.

 

Моддаи 12. Истифодаи меросии якумра

Ба истифодаи меросии якумра замин ба шахсони воқеӣ ва коллективҳои шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)  ва касбҳои анъанавии мардумӣ, инчунин ба шаҳрвандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода мешавад.

Қитъаҳои замине, ки бо ҳуқуқи истифодаи меросии якумра дода шудаанд, ҳангоми маълум гаштани мерос бояд аз нав ба қайд гирифта шаванд.

 

Моддаи 13. Истифодаи мeҳлатноки замин

Ба истифодаи мeҳлатнок қитъаҳои замин ба шахсони воқеию  ҳуқуқӣ ба мeҳлати муайян дода мешаванд.

Истифодаи мeҳлатноки замин метавонад кeтоҳмуддат - то се сол ва дарозмуддат - аз се то даҳ сол бошад. 

 

Моддаи 14. Иҷораи замин

Заминистифодабарандагони якумдараҷа метавонанд қитъаҳои заминро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд.

Шартномаи иҷораи замин бе тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи  замин  баста мешавад.

Қитъаҳои замин ба мeҳлати то 20 сол ба иҷора дода мешаванд. Муносибатҳои заминистифодабарандагон оид ба иҷораи қитъаҳои замин  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегиранд.

 

Моддаи 15. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин

Бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо амалӣ мегардад.

Ба расмият даровардан ва додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин мутобиқи моддаи 17 Кодекси мазкур сурат мегирад.

Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз вақти гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ки аз қайди давлатӣ гузаштааст, оғоз меёбад.

Тартиби бақайдгирии давлатии ҳуқуқи   истифодаи  замин, шакли китоби бақайдгирии замин ва шаклҳои ҳуҷҷатҳои намунавиро, ки барои муқаррар ва тасдиқ намудани ҳуқуқи истифодаи замин заруранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

       Моддаи 16. Асосҳо барои рад кардани бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замин

Асосҳои рад кардани  бақайдгирии давлатии  истифодаи замин чунинанд:

а) набудани қарори мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар бораи додани замин;

б) дар мақоми бақайдгирандаи давлатии ҳуқуқи истифодаи замин мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷой доштани баҳсу мунозира оиди мансубияти ҳамин қитъаи замин шаҳодат медиҳанд;

в) тағйир додани таъиноти мақсадноки қитъаи замин бо вайронкунии қоидаҳои дар моддаи 9 ҳамин Кодекс пешбинигардида.

 

Моддаи 17. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи замин

ҳуқуқи истифодаи замин бо ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ карда мешавад:

а) ҳуқуқи бемeҳлату мeҳлатноки истифодаи замин ва ҳуқуқи истифодаи меросии якумраи қитъаи замин - бо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин;

- миқдори саҳми замин бо Шаҳодатномаи саҳми замин муайян карда мешавад;

- шаҳрвандони дорои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ низ ҳуқуқ доранд тавассути мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин гиранд;

б) ҳуқуқи иҷораи қитъаи замин - бо шартномаи иҷора. Маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин сабт гардидаанд, бояд ба маълумоти ба китоби бақайдгирии замин дохилгардида мутобиқ бошанд.

Ҳуҷҷатҳое, ки дар банди «а», қисми якуми ҳамин модда оварда шудаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи моддаи 15 Кодекси мазкур бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд.

Шартномаҳои иҷора фақат дар китоби давлатии бақайдгирии замин ба қайд гирифта мешаванд.

 

Моддаи 18. Манъ будани истифодаи қитъаи замин то ба расмият даровардани  ҳуқуқи истифодаи замин

То ҳудуди қитъаи заминро муқаррар намудани мақомоти дахлдори танзими замин ва додани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи заминро тасдиқ менамоянд, ба истифодаи қитъаи замин шурeъ намудан манъ аст.

 

Боби II.  ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҳОИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН

 

Моддаи 19. Ҳуқуқи заминистифодабарандагони якумдараҷа

Заминистифодабарандагони якумдараҷа ҳуқуқ доранд:

- мустақилона дар замин хоҷагидорӣ намоянд;

- молики маҳсулоти кишоварзию даромади фурeши он бошанд;

- аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷи хоҷагиашон истифода баранд;

- бо дарназардошти талаботи  ҳамин Кодекс манзил, иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва дигар иншоотро бунёд намоянд;

- молики кишти зироатҳою ниҳолҳои шинонидашудаи кишоварзӣ бошанд;

- қитъаи заминро ба иҷора диҳанд;

- дар мавридҳое, ки дар моддаи 41 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, товони зарарҳои расонидашударо пурра гиранд;

- ихтиёран аз қитъаи замин даст кашанд.

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи заминистифодабарандагони дуюмдараҷа

Заминистифодабарандагони дуюмдараҷа ҳуқуқ доранд:

- заминро мувофиқи шартҳои муайяншуда истифода баранд;

- аз канданиҳои фоиданоки маъмул, торф, ҷангал, манбаъҳои оби воқеи  қитъаи замин, инчунин дигар ҷиҳатҳои муфиди замин мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд;

- дар мавриди пеш аз мeҳлат қатъ гардидани шартномаи иҷора ҷуброни хароҷотеро, ки барои беҳбудии замин аз ҳисоби худ сарф кардаанд, гиранд.

 

Моддаи 21.Eҳдадориҳои заминистифодабарандагон

Заминистифодабарандагон eҳдадоранд:

- заминро мувофиқи мақсад ва шартҳои муайяншуда истифода баранд;

- замини додашударо самаранок истифода баранд ва аз технологияи барои  ҳифзи табиат пешбинишудаи истеҳсолот истифода намуда, ба бад шудани вазъи экологии маҳал  дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ роҳ надиҳанд;

- барои ҳифзи замин маҷмeи чорабиниҳоеро, ки дар моддаҳои 51, 52 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, амалӣ намоянд;

- сари вақт андоз ва иҷорапулии заминро супоранд;

- ҳуқуқи дигар заминистифодабарандагонро вайрон накунанд;

- маълумоти дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқарраргардидаи оиди вазъу истифодаи заминро сари вақт ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия пешниҳод намоянд.

 

Боби III.  ДОДАНИ ЗАМИН

 

Моддаи 22. Тартиби додани замин

Қитъаҳои замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарорҳои мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия  мувофиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешаванд.

Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 23. Додани замин барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ

Заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ муносибанд, пеш аз ҳама барои истеҳсолоти кишоварзӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ба ташкилоту муассисаҳои истеҳсолӣ дода мешаванд.

Барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ мувофиқ будани заминро  мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои хокшиносӣ, тадқиқоти геоботаникӣ, гидромелиоративӣ, агроиқтисодӣ ва дигар тадқиқотҳо муайян мекунад.

 

Моддаи 24. Додани замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ

Барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, нақлиёти роҳи оҳан, автомобил, обӣ ва ҳавоӣ, хатҳои интиқоли барқ, алоқа ва қубурҳои магистралӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ заминҳое дода мешаванд, ки барои истеҳсолоти кишоварзӣ номувофиқанд, ё заминҳои пастсифати кишоварзие, ки арзиши кадастриашон аз ҳисоби миёнаи ноҳия паст мебошад.

Дар майдонҳои дорои канданиҳои фоиданок қитъаҳои замин барои сохтмон бо розигии мақомоти назорати давлатии манбаъҳои кeҳӣ дода мешаванд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки корҳои геологӣ, ҷустуҷeӣ, геодезӣ ва дигар корҳои муваққатии тадқиқотиро мегузаронанд, дар асоси иҷозатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои заминро барои иҷрои чунин корҳо бе гирифтани ин қитъаҳои замин аз заминистифодабарандагон, бо розигии заминистифодабарандагон ва ҳокимияти  маҳаллӣ истифода мебаранд. Зараре, ки ҳангоми ишғоли муваққатии қитъаи замин барои иҷрои корҳои дар боло зикршуда расонида шудааст, мувофиқи ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 25. Додани замин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ

Қитъаҳои заминро ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба истифодаи мeҳлатнок ба мeҳлати то 50 сол додан мумкин аст.

Заминҳое, ки таҳти муҳофизати махсус мебошанд, ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ дода намешаванд.

 

Моддаи  26. Ҳуқуқи ҳокимияти маҳаллӣ дар мавриди додан ва вобастакунии қитъаҳои замин

Ҳокимияти маҳаллии ноҳияҳо (шаҳрҳо), ки қитъаҳои заминро бо мувофиқаи мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва ба иҷора аз заминҳои захиравӣ вазаминҳои таъиноти кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, сарфи назар  аз андозаи қитъаи замин ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ, ба ғайр аз заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 10 гектар, аз заминҳои   фонди   ҷангал, ба  ғайр аз заминҳои  ҷангали  гурeҳи   якум ва  заминҳои фонди  об барои эҳтиёҷоти  кишоварзӣ ба андозаи то 10 гектар ва барои эҳтиёҷоти   ғайрикишоварзӣ то 5 гектар медиҳанд. Вобастакунии қитъаҳои замин сарфи назар аз андозаи қитъаи замин амалӣ карда мешавад. 

Ҳокимияти маҳалии Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон ва вилоятҳо қитъаҳои заминро бо мувофиқаи ҳокимияти маҳалии ноҳияҳо (шаҳрҳо) ва  мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва ба иҷора аз ҳамаи намудҳои заминҳо, ба ғайр аз заминҳое, ки дар моддаи 29 ҳамин Кодекс оварда шудаанд, ба андозаи то 20 гектар  медиҳанд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми намудҳои замин қитъаҳои заминро ба истифодаи бемeҳлат ва мeҳлатнок бо мувофиқаи  ҳокимияти  маҳаллии ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо ва мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз андозаашон медиҳад.

 

Моддаи 27.  Ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва вобастакунии он

Дар сурати ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба бино, сохтмону иншоотҳо дар баробари  ин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ки ин объектҳо дар он қарор доранд, ба вай мегузарад.

Зимнан қитъаи замини пештар мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷудошуда, аз нав ҷудо карда нашуда, аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо ба шахсе, ки ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ба e мегузарад, вобаста карда мешавад.  

Дар ҳолати тағйир ёфтани мақсади истифодаи  замини вобастакардашуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи заминро мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо аз нав ба расмият дароварда, ба  қайд  мегиранд.

Дар ҳолати пурра истифода набурдани қитъаи замине, ки чунин бино, сохтмону иншоотҳо дар он қарор доранд,  ҳуқуқи   истифодаи қитъаи  замини истифоданашуда қатъ гардонида мешавад.

Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ, дар баробари ин ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ низ ба вай мегузарад.

 

Моддаи 28. Муқаррар ва аниқ муайян намудани ҳудуди қитъаҳои  замин дар  маҳал

Ҳангоми  ҷудо намудани қитъаи замин,  корҳои вобаста ба муқаррар ва аниқ  муайян намудани ҳудуди қитъаи замин дар маҳал аз ҷониби мақомоти давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» гузаронида мешаванд.

 

Моддаи 29. Хусусияти гирифтани баъзе гурeҳҳои замин барои эҳтиёҷоти  ғайрикишоварзӣ

Гирифтани заминҳои махсусан пурқимати ҳосилхез (мазраъ, заминҳои партов ва дарахтзор), чарогоҳу алафзор, инчунин заминҳое, ки дар он ёдгориҳои табиат, таърихию фарҳангӣ ва иншооти солимгардонии махсус ҳифзшаванда воқеъ гаштаанд, манъ аст. Дар ҳолатҳои махсус, ҳангоми зарурати сохтмони иншоотҳои асосӣ, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои саноат ва дигар объектҳои муҳим чунин заминҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд.

 

Моддаи 30. Тартиби гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти  ғайрикишоварзӣ

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки ба гирифтани қитъаи замин барои сохтмони иншоотҳо манфиатдоранд, ба мақомоти ҳокимияти маҳалии дахлдор  муроҷиат менамоянд.

Мақоми дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ бо пешниҳоди мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо, бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ, экологию шаҳрсозӣ ва шароити дигар, дурнамои истифодаи замини дахлдор ва қаъри он бо розигии истифодабарандаи замин дар хусуси мувофиқи мақсад будан ё набудани ҷойгиронии объект қарор қабул менамояд. Қарор барои аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида интихоб кардани қитъаи замин, муайян намудани ҳудуди ҳамин қитъа дар маҳал ва ба расмият даровардани санад дарбораи мувофиқати пешакии маҳали ҷойгиршавии объект асос мешавад.

Мақоми дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ оид ба тасдиқи санад дар бораи мувофиқати пешакии маҳали ҷойгиршавии объект ё дар бораи рад кардани ҷойгиршавии объект қарор қабул менамояд.

Дар сурати рад намудан ҷиҳати додани қитъаи замин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мeҳлати даҳ рeз аз рeзи қабули он ба таври хаттӣ огоҳ карда мешаванд.

Дар хусуси рад намудан ҷиҳати додани қитъаи замин шахсонивоқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба суд шикоят намоянд.

 

Моддаи 31. Шартҳои додани замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ

Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо пешниҳоди мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои танзими заминро доир ба ҷудо намудани қитъаи замин баррасӣ намуда, дар муддати як моҳ оид ба шартҳои ҷудо кардани қитъаи замин ба заминистифодабарандагоне, ки барои сохтмони иншоот манфиатдор мебошанд, қарор қабул менамоянд.

Шартҳои додани қитъаи замин ба заминистифодабарандагони нав барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ бояд ҷуброни тамоми зараре, ки ба гирифтани қитъаҳои замин аз заминистифодабарандагони аввала алоқаманд аст, инчунин ҷуброни зарари истеҳсолоти кишоварзиро ба эътибор гиранд.

Маблағгузории сохтмон баъди ба мақомоти  маблағдиҳанда пешниҳод намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин сурат мегирад.

 

Боби IV.  ПАРДОХТИ  ЗАМИН

 

Моддаи 32. Истифодаи пулакии замин

Истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пулакӣ мебошад. Пули замин ҳар сол дар шакли андози замин, иҷорапулӣ дар мeҳлатҳои муқарраргардида ситонида мешавад.

 

Моддаи 33. Меъёр, тартиби андозбандӣ ва иҷорапулии замин

Андози замин ва меъёри он бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Иҷорапулии заминҳои кишоварзӣ вобаста ба сифату ҷойгиршавии қитъаи замин бо дарназардошти арзиши кадастриаш муайян карда мешавад.

Меъёри пардохт барои истифодаи дигар навъҳои замин бо дарназардошти чойгиршавии онҳо, хусусияти истифодабарӣ, ҷиҳатҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодиашон муайян карда мешавад.

Баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқаррар намудани нархи меъёрии замин бо мақсади андозбандии воқеӣ ва пардохти иҷора тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 34. Ворид кардани пули пардохти замин

Андози замин мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Иҷорапулӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба  заминистифодабарандаи аввал супурда мешавад.

 

Моддаи 35. Имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози замин

Масъалаҳои вобаста ба муқаррар намудани имтиёзҳо дар мавриди ситонидани андози заминро Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

 

Моддаи 36. Истифодаи маблағи пардохти замин

Маблағи пардохти замин, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мешавад, барои маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи замин ва баланд бардоштани маҳсулнокии он, ободонии заминҳои нав, иҷрои корҳои танзими замин (аз ҷумла корҳои муқаррару барқароркунии ҳудуди  замин дар маҳал, тартиб додани харита ва ё нақшаҳои онҳо, таҷҳизонии техникии хадамоти давлатии танзими замин) пешбурди кадастри давлатии замин, анҷом додани корҳо оиди мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба кор бурда мешавад.

 

 

Боби V. ҚАТЪ  ГАРДИДАНИ  ҲУҚУҚИ  ИСТИФОДАИ  ЗАМИН

 

Моддаи 37. Асосҳои  қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи замин

Ҳуқуқи истифодаи замин  ё як қисми он дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

а) даст кашидан аз қитъаи замин;

б) қатъ гардидани фаъолияти заминистифодабарандагон;

в) ғайриоқилона истифода бурдани қитъаи замин;

г) истифода бурдани замин на мувофиқи мақсаде, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин нишон дода шудааст;

д) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилнокии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва бад шудани вазъи экологӣ мегардад;

е) ба охир расидани мeҳлати  истифодаи замин;

ж) мунтазам насупоридани андози замин дар мeҳлатҳои муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

з) дар сурати барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ дар давоми як сол ва барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ дар давоми ду сол истифода нашудани қитъаи замин;

и) гирифтани замин дар ҳолатҳои  пешбиникардаи ҳамин Кодекс;

к) мунтазам вайрон кардани қонунгузории замин.

 

Моддаи 38. Асосҳои қатъ гардидани шартномаи иҷораи замин

Шартномаи иҷора бо сабабҳои зайл бекор карда мешавад:

а) бо изҳори ризояти тарафайн;

б) дар ҳолати ба охир расидани мeҳлати амали шартнома;

в) дар сурати вафоти иҷоракор ва набудани ворисони e;

г) азнавташкилдиҳӣ ва барҳам хeрдани заминистифодабарандаи якумдараҷа;

д) дар мавриди вайрон кардани шартҳои шартномаи иҷора, аз ҷумла ҳангоми мунтазам насупоридани иҷорапулӣ;

е) нодуруст истифода бурдани қитъаи замин;

ж) мувофиқи мақсад истифода набурдани замин;

з) истифодаи қитъаи замин бо усулҳое, ки боиси паст шудани ҳосилнокии замин, заҳролудшавии он бо маводи кимиёӣ, радиоактивӣ ва дигар мавод ва бад шудани вазъи экологӣ мегардад;

и) дар давоми як сол истифода набурдани қитъаи замин;

к) гирифтани замин дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Кодекс.

 

Моддаи 39. Қатъи ҳуқуқи истифодаи замин

Барои қатъи ҳуқуқи истифодаи замин новобаста аз масоҳату навъи замин бо пешниҳоди мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дар бобати минбаъд мувофиқи мақсад истифода шудани қитъаи замин мақоми ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) қарор қабул мекунад.

Қитъаҳои замине, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо қатъ гардидааст, ба фонди махсуси замини ноҳия (шаҳр) дохил карда мешавандё ба заминистифодабарандагони аввала баргардонида мешаванд.

 

Моддаи 40. Тартиби қатъи маҷбурии ҳуқуқи истифодаи замин

Қатъи маҷбурии ҳуқуқи истифодаи замин бо асосҳои дар бандҳои «в», «г», «д», «е», «ж», «и», «к» моддаи  37 ҳамин Кодекс ва бандҳои «б», «г», «д», «е», «ж» «з», «и» моддаи 38 ҳамин Кодекс овардашуда бо тартиби зайл сурат мегирад:

а) дар мавриди муайян кардани қонуншиканӣ мақомоти давлатии махсуси ваколатдор, ки корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро (моддаи 55 ҳамин Кодекс) дар доираи салоҳияти ба онҳо додашуда анҷом медиҳанд, ба шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима меандозанд;

б) мақомоти дар банди «а»-и ҳамин модда зикршуда дар баробари ҷарима андохтан оид ба бартараф  намудани ҳуқуқвайронкуниҳои мавҷуда амр медиҳанд.

Дар сурати бартараф карда нашудани қонуншиканӣ мақомоти давлатии махсуси ваколатдор, ки корҳои назорати давлатии истифода ва ҳифзи заминро анҷом медиҳанд, ба мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) оид ба қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин пешниҳод манзур менамоянд.

Агар заминистифодабаранда аз қарори қатъ гардидани ҳуқуқи  истифодаи қитъаи замин норозӣ бошад, ҳақ дорад ба суд муроҷиат намояд. Дар ин ҳолат то баромадани қарори суд бақайдгирии  давлатии манъ кардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин гузаронида намешавад.

 

Боби VI. РEЁНИДАНИ ТОВОНИ ЗАРАРИ ЗАМИНИСТИФОДАБАРАНДАГОН, ТАЛАФИ  ИСТЕҲСОЛОТИ КИШОВАРЗӢ ВА ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 41. Рeёнидани товони зарари заминистифодабарандагон

Товони зарар дар ҳаҷми пурра, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта дар мавридҳои зайл руёнида мешавад:

а) гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ;

б) маҳдуд кардани ҳуқуқи заминистифодабарандагон;

в) бадшавии сифати замин дар натиҷаи фаъолияти заминистифодабарандагони дигар.

Товони зарар аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиерeёнида мешавад, ки барои манфиати онҳо қитъаҳои замин гирифта мешаванд ва ё ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин маҳдуд карда мешавад, инчуниншахсони вокеӣ ва ҳуқуқие, ки  фаъолияти онхо боиси зарурати муқаррар кардани минтақаҳои муҳофизатию санитарӣ гардидааст ва сабабгори маҳдудкунии ҳуқуқи заминистифодабарандагон ё бадшавии сифати заминҳои онҳо мегардад.

 

Моддаи 42. Ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал

Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал аз тарафи шахсони зайл ҷуброн карда мешавад:

а) аз тарафишахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо заминҳои кишоварзӣ барои мақсадҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо карда мешавад;

б) аз тарафи шахсони ҳуқуқие, ки барои онҳо минтақаҳои муҳофизатию санитарӣ, ба истиснои мавридҳои дар моддаҳои 89 ва 90-уми ҳамин Кодекс пешбинигардида муқаррар карда мешавад.

Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ  ва хоҷагии ҷангал дар муддати як моҳ пас аз  қабули қарори мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оиди гирифтани қитъаи замин бояд ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 43. Муайян кардани товони зарари заминистифодабарандагон ва ҷуброни талафи истеҳсолоти  кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал

Дар мавриди ҳисоб кардани андозаи товони зарари заминистифодабарандагон нархҳои дар лаҳзаи гирифтани қитъаҳои замин ё дар лаҳзаи таҳияи санади арзиши таҷҳизоту мавод амалкунанда, инчунин нархи корҳои сохтмонию  монтаж ва корҳои дигари дар қитъаҳои замин иҷрогардида истифода карда мешавад.

Дар мавриди ҳисоб кардани талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал меъёрҳои  арзиши ободонии заминҳои нав ва беҳтар кардани заминҳои мавҷуда ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи на камтар аз истеҳсоли дар қитъаҳои замин гирифташаванда ё истеҳсоли маҳсулоти пеш аз пастшавии сифати ин қитъаҳо гирифташаванда истифода мешаванд.

Ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо оид ба андозаи товони зарар ва талафот ин баҳсҳо ба тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.

Тартиби руёнидани товони зарар ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 44. Истифодаи маблағҳое, ки дар натиҷаи рeёнидани товони зарари заминистифодабарандагон ва талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дохил мешаванд

Маблағҳое, ки зарари заминистифодабарандагонро ҷуброн мекунанд, ба суратҳисоби онҳо гузаронида мешаванд.

Маблағҳое, ки дар натиҷаи ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дохил мешаванд, ба ҳисобномаи махсуси буҷети ҷумҳурӣ дохил ва мутобиқи моддаи 36 ҳамин Кодекс сарф карда мешаванд.

 

Моддаи 45. Озод кардан аз ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал

Талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал дар мавриди  гирифтани қитъаҳои замин барои мақсадҳои зайл ҷуброн намешавад:

-барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ;

-барои қабристонҳо;

-барои иншооти хоҷагии об ва мелиоративӣ ҳангоми ободонии заминҳои нав ва ё аз нав танзим кардани шабакаҳои обёрию заҳбурҳо; 

-барои мактабу интернатҳо, хонаҳои бачагон ва муассисаҳои тиббӣ;

-дар дигар ҳолатҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Боби VII. ҲИФЗИ  ҲУҚУҚИ  ОИД БА ЗАМИН ВА БАРРАСИИ

БАҲСҲО  ДАР БОБАТИ ЗАМИН

 

Моддаи 46. Усулҳои ҳифзи ҳуқуқи оид ба замин

Ҳифзи ҳуқуқи оид ба замин ба тариқи муқарраркардаи қонунгузории шаҳрвандӣ, ҳамин Кодекс  ва қонунҳои дигар амалӣ мегардад, аз ҷумла бо роҳи:

а) эътироф кардани ҳуқуқи оид ба замин;

б) манъ кардани мудохила ба фаъолияти заминистифодабарандагон аз тарафи давлат ва заминистифодабарандагони дигар, ба ғайр аз мавридҳои вайрон кардани қонуни замин аз тарафи заминистифодабарандагон;

в) дар қонун муқаррар кардани номгeи мукаммали ҳолатҳои манъ ва ё маҳдуд кардани ҳуқуқи оид ба замин аз тарафи давлат;

г) дар қонун муқаррар кардани кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқи оид ба замин ҳангоми манъ ё маҳдуд гардидани онҳо.

 

Моддаи 47.  Баррасии баҳсҳо доир ба замин

Баҳсҳое, ки  аз муносибатҳои вобаста ба замин пайдо мешаванд, аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо мутобиқи талаботи  ҳамин Кодекс баррасӣ мешаванд. Дар сурати иҷро карда нашудани қарори мақоми давлатии заминсозӣ он мақом ҳақ дорад маводро ба баррасии мақомоти тафтишотӣ пешниҳод намояд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз қарори мақомоти давлатии заминсозӣ розӣ нестанд, метавонанд  дар суд онро мавриди баҳс қарор диҳанд.

 

Моддаи 48. Кафолатҳои ҳуқуқи  заминистифодабарандагон

Қитъаҳои замин барои  эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд аз шахсони воқеӣ дар мавридҳои зайл ситонида шаванд:

а) баъди бо хоҳиши онҳо ҷудо кардани қитъаи замини баробарарзиш;

б) баъди дар ҷои нав бо тартиби муқарраргардида аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки барояшон қитъаи замин ҷудо карда мешавад, сохтани  биноҳои истиқоматӣ, иморатҳои истеҳсолӣ ва дигар иморатҳое, ки аз ҷиҳати таъинот мушобеҳ ва баробарарзиши биною иморатҳои ситонидашаванда мебошанд;

в) баъди дар ҳаҷми пурра рeёнидани тамоми товони зарарҳои дигар, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта дар асоси моддаҳои 41-42-юми ҳамин Кодекс.

Барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ситонидани қитъаҳои  замин аз шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, метавонад ба шарте сурат гирад, ки:

а) бо хоҳиши онҳо бо тартиби муқарраргардида биноҳои истиқоматӣ, иморатҳои истеҳсолӣ ва иморатҳои дигар, объектҳои  мелиоративӣ ва объектҳои дигар ба ивази  биною иморату объектҳои ситонидашаванда сохта шаванд;

б) тамоми зарарҳои дигар, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта дар асоси моддаҳои 41-52 ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда шавад.

 

Моддаи 49. Эътироф кардани ҳуқуқи оид ба замин

Эътироф кардани ҳуқуқи оид ба замин аз тарафи мақомоти заминсозӣ дар маҳалҳо бо роҳи баровардани қароре, ки ҳуқуқи оид ба заминро муқаррар менамояд, амалӣ мегардад. Қароре, ки ҳуқуқи оид ба заминро муқаррар мекунад, барои аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудани асноди тасдиқкунандаи ҳуқуқи оид ба замин асоси ҳуқуқӣ мебошад.

 

Моддаи 50. Барқарор кардани ҳуқуқи вайроншуда оид ба замин

Ҳуқуқи вайроншуда дар мавридҳои зайл барқарор карда мешавад:

а) аз тарафи мақомоти заминсозӣ беэътибор дониста шудани санаде, ки ба қонунгузорӣ мутобиқ нест ва ҳуқуқи оид ба замин ва манфиатҳои қонунан муҳофизашавандаи заминистифодабарандагонро вайрон мекунад;

б) худсарона ишғол намудани қитъаи замин;

в) дар мавридҳои дигаре, ки бо қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

 

Боби VШ. ҲИФЗИ ЗАМИН

 

Моддаи 51. Мақсаду вазифаҳои ҳифзи замин

Ҳифзи замин системаи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳоро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо ҳифзу истифодаи  дурусти замин, муҳофизати  ҳосилнокии хок, пешгирии харобшавии онҳо ва беасос аз истифодаи кишоварзӣ хориҷ намудани заминҳои пурқимат, инчунин барқарор намудан ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин мебошад.

Ҳифзи замин дар асоси муносибати комплексӣ ба замин чун ба воҳидҳои мураккаби табиӣ (системаҳои экологӣ) бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавию ноҳиявии онҳо сурат гирифта,  мақсадҳои зайл дорад:

- пешгирӣ намудани харобшавию вайроншавии замин ва дигар оқибатҳои номусоиди фаъолияти хоҷагидорӣ;

- таъмини беҳтару барқароршавии заминҳое, ки дучори харобшавию вайроншавӣ гардидаанд;

- ба вуҷуд овардани механизми баҳисобгирӣ ва тафтиши вазъи экологии замин, инчунин бо меъёрҳои экологӣ таъмин намудани заминистифодабарандагон, ки бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешаванд.

 
Моддаи 52. Мазмун ва тартиби ҳифзи замин

Заминистифодабарандагон корҳои зеринро амалӣ менамоянд:

-ташкили дурусти қаламрав;

- барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок, ҳамчунин хусусиятҳои дигари замин;

- ҳифзи замин аз бодлесии (эрозияи) обу шамол, сел, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, сахту шeршавӣ ва олудашавӣ бо партовҳои истеҳсолот, моддаҳои кимиёию радиоактивӣ ва аз дигар протсессҳои харобшавӣ;

- ҳифзи заминҳои кишоварзӣ аз пайдоиши буттазор, чакалакзор ва дигар равандҳои бадшавии ҳолати техникии киштукори замин;

- рекултиватсияи заминҳои харобшуда, барқарор кардани ҳосилнокии онҳо ва дигар хосиятҳои фоиданоки заминҳо ва сари вақт барои истеҳсолоти кишоварзӣ истифода бурдани онҳо;

- ҳангоми иҷрои корҳои вобаста ба харобшавии замин гирифтан, истифода бурдан ва нигоҳ доштани қабати ҳосилхези замин.

Агар дар кeтоҳтарин фурсат барқарор намудани ҳосилнокии заминҳои кишоварзии харобгардида, ҳамчунин заминҳои бо моддаҳои кимиёӣ ва радиоактивӣ зиёда аз меъёри ҷоизи заҳролудшавӣ олудашуда ғайриимкон бошад, ба тартиби муқарраргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи онҳо муваққатан манъкарда мешавад.

 

Моддаи  53. Талаботи экологӣ ва ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба  истифода додани объектҳо, иморату биноҳое, ки  ба ҳолати замин таъсир мерасонанд

Ҳангоми ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани объекту иморатҳо ва биноҳои нав ва таҷдиду таъмиршаванда, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои наве, ки ба ҳолати замин таъсири манфӣ мерасонанд, бояд доир ба ҳифзи замин тадбирҳо андешида шуда, амалан татбиқ гарданд, риояи талаботи экологӣ, санитарию гигиенӣ ва дигар талаботи махсус (қоидаю меъёрҳо) таъмин карда шаванд.

Ба истифода додани объектҳо ва истифодаи технологияе, ки ҳифзи заминро аз харобшавӣ ё вайроншавӣ таъмин намекунанд, манъ аст.

Дар мавриди ҷобаҷогузории объектҳо, ки ба ҳолати замин таъсир мерасонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо мақомоти ноҳиявии заминсозӣ, мақомоти ҳифзи табиат, меъморӣ ва мақомоти дигар мувофиқа карда шавад.

 
Моддаи 54. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи дуруст ва ҳифзи замин

Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодаи дуруст ва ҳифзи замин ба афзоиши ҳавасмандии заминистифодабарандагон барои нигоҳдорӣ ва барқарор кардани ҳосилнокии қабати хок, ҳамчунин ба ҳифзи он аз оқибатҳои манфии фаъолияти истеҳсолӣ нигаронида шуда, инҳоро дар бар мегирад:

а) ҷудо кардани маблағҳои буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин истифодаи маблағҳои ба тариқи ҷарима ба суратҳисоби махсус дохилшаванда барои барқарорсозии заминҳое, ки ба вайроншавии онҳо шахсони истифодабарандаи ин заминҳо гунаҳкор нестанд, инчунин барои анҷом додани корҳои агротехникӣ, мелиоратсияи ҷангал ва дигар тадбирҳои ҳифзи қабати хок;

б) озод кардан аз пардохти пули қитъаҳои замине, ки мувофиқи лоиҳаи иҷрои корҳо дар марҳалаи ободонии кишоварзӣ ё беҳбуди тарккунии ҳолаташон қарор доранд;

в) додани қарзҳои имтиёзнок барои чорабиниҳои беҳбуди ҳолат ва ташкили истифодаи замин;

г) қисман аз маблағҳои буҷет талофӣ намудани камшавии даромад дар натиҷаи муваққатан манъ кардани истифодаи қитъаҳои замине, ки ба ҳаробшавии он заминистифодабарандагон гунаҳкор нестанд;

д) ҳавасмандгардонӣ барои беҳтар намудани  сифати замин, баланд бардоштани ҳосилнокии замини фонди ҷангал, истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ пок.

 

Боби 1Х. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ РИОЯИ ҚОНУНГУЗОРИИ  ЗАМИН,

ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАМИН

 
Моддаи 55. Мақомоте, ки назорати давлатии риояи истифода ва  ҳифзи заминро анҷом медиҳанд

Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти он дар маҳалҳо ва Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Тартиби анҷомдиҳии назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаю ҳифзи замин ва тақсими вазифаҳо дар байни мақомоте, ки назорати давлатиро анҷом медиҳанд ва риояи низомномаҳои онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 56. Вазифаҳои назорати давлатии риояи қонунгузории замин,  истифода ва ҳифзи замин

Вазифаи назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаи дуруст ва ҳифзи замин аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон аз таъмини иҷрои қонунгузории замин, риояи талаботи (қоидаю меъёрҳои) махсус ва иҷрои чорабиниҳои оид ба истифодаю ҳифзи замин иборат мебошанд.

 

Боби Х. ЗАМИНСОЗӢ, КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ЗАМИН ВА МОНИТОРИНГИ ЗАМИН

 

Моддаи  57.  Таъиноти  заминсозӣ

Заминсозӣ маҷмeи чорабиниҳоест, ки танзими ҳудудии муносибатҳои вобаста ба замин, омeзиш, банақшагирӣ, ташкили истифода ва ҳифзи заминҳо, таъсиси заминистифодабарии нав ва танзими заминистифодабарии мавҷуда, фондҳои замин, воҳидҳои марзию маъмурӣ ва дигар объектҳои заминсозӣ бо нишон додани сарҳадҳо дар маҳал, ободонии қаламрави ташкилотҳои кишоварзӣ ва беҳдошти манзараҳои табиатро таъмин мекунад.

Ба танзимдарории муносибатҳо вобаста ба заминсозӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 58 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 59 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 60 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи 61. Мафҳум ва таъиноти кадастри давлатии замин

Кадастри давлатии замин ягонагии ҷудонашавандаи системаи автоматикунонидаи маълумоти кадастри замин ва раванди кадастри замин мебошад.

Мақсади кадастри давлатии замин аз дастрас шудани маълумоти боэътимод оид ба ҷойгиршавии заминҳои фонди ягонаи давлатии замин аз ҷиҳати табиӣ, ҳуқуқӣ ва хоҷагидорӣ иборат мебошад.

Кадастри давлатии замин маълумоти оид ба ташкили истифодаи  дурусту ҳифзи замин, ба низом овардани муносибатҳои  вобаста ба замин, асоснок кардани андозаи пардохти пули замин, танзими замин ва арзёбии фаъолияти хоҷагидориро дар бар мегирад. Вай яке аз самтҳои идоракунии фонди давлатии замини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Кадастри давлатии замин бо системаи ягонаи дар ҷумҳурӣ буда аз ҳисоби воридшавии пули замин аз тарафи мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо бурда мешавад.

Тартиби амалӣ кардани кадастри давлатии заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Мақомот ва шахсони мансабдор, ки кадастри давлатии заминро ҷорӣ менамоянд, вазифадоранд дурустии маълумоти ба ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохилшаванда, ҳамчунин ба шахсони ҳуқуқии манфиатдор дастрас шудани ин маълумотро таъмин намоянд.

 

Моддаи 62.  Раванди кадастри замин

Раванди кадастри замин ба мақсади давра ба давра ё пай дар пай аз нав кардани маълумоти кадастри замин ба роҳ монда мешавад.

Раванди кадастри замин аз қисмҳои таркибии зайл иборат мебошад:

- бақайдгирии давлатии истифодаи замин;

- баҳисобгирии миқдор ва сифати замин;

- бонитировкаи (муайянсозии сифати) хок;

- арзёбии  иқтисодии замин.

Амалисозии раванди кадастри замин дар натиҷаи бароҳмонии корҳои аэрокайҳонӣ, топографию геодезӣ, картографӣ, хокшиносӣ, геоботаникӣ, мелиоративӣ ва навъҳои дигари корҳои чустуҷeю таҳқиқот таъмин карда мешавад.

 

Моддаи  63.  Мониторинги замин

Мониторинги замин мушоҳидаи мунтазами (корҳои аксбардорӣ ва таҳқиқоту ҷустуҷeӣ) ҳолати замин, муайян кардани тағйироти воқеъшаванда ва арзёбии онҳо мебошад.

Вазифаҳои мониторинги замин аз инҳо иборат аст:

а) сари вақт маълум кардани тағйироти ҳолати замин, арзёбии ин тағйирот, ояндабинӣ ва таҳияи тавсияҳо оиди пешгирию бартараф кардани оқибатҳои равандҳои манфӣ;

б) таъмини иттилоотии  пешбурди кадастри давлатии замин, истифодаи дурусти замин, заминсозӣ, назорати истифода ва ҳифзи замин ва дигар вазифаҳои идоракунии давлатии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Боби Х1. ЗАМИНҲОИ ТАЪИНОТИ КИШОВАРЗӢ

 

Моддаи 64. Мафҳум ва таркиби заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ тамоми заминҳое ба ҳисоб мераванд, ки барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд.

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо, инчунин заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ ва биною иморатҳо воқеъ буда, барои истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди аввали маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, иборат мебошанд.

 

Моддаи 65. Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба инҳо дода мешаванд:

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои боғдорию полезкорӣ;

- ба ҷамоатҳо барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва замини иловагӣ барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон;

- ба муассисаҳои таҳқиқоти илмӣ, таълимӣ ва дигар муассисаҳою корхонаҳои кишоварзӣ, омeзишгоҳҳои истеҳсолию техникии деҳот ва мактабҳои таълимоти умумӣ барои мақсадҳои тадқиқотӣ, таълимӣ, тарғиби таҷрибаҳои пешқадам ва барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ;

- ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ташкилотҳои динӣ барои бароҳмонии хоҷагии ёрирасони кишоварзӣ.

 

Моддаи  66. Додани замин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

Қитъаи замин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ба истифодаи меросии якумра тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дода мешавад.

 

       Моддаи 67 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

       Моддаи 68 хориҷ карда шуд (бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

       Моддаи 69 хориҷ карда шуд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28.02 соли 2004, № 23)

 

Моддаи  70.  Ба шахси дигар додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин

Шаҳрванди машғули хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) метавонад ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба шахси дигар диҳад.

Ҳангоми ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барасмиятдарории ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи  71.  Додани замин барои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ

Ба ҳар оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба андозаи то 0,12гектар аз замини обӣ ва ба андозаи то 0,25 гектар аз замини обёринашаванда, дар ноҳияҳои навкорам ва кeҳӣ ба андозаи то 0,15 гектар замини обӣ ва ба андозаи то 0,40 гектар замини обёринашаванда, ки масоҳати биною ҳавлӣ ба ҳамин ҳисоб доҳил мешаванд, дода мешавад.

Андозаи мушаххаси қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёрҳои нишондодашуда бо назардошти фонди замини ҳар як заминистифодабаранда муайян карда мешавад.

Тартиби додани қитъаҳои замини наздиҳавлигиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 711. Додани заминҳои наздиҳавлигӣ ба оилаҳои навташкил

Тақсим шудани оилаи шаҳрвандон боиси тақсими қитъаи замини наздиҳавлигӣ намегардад.

Дар мавридҳои алоҳида, агар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз меъёри муайяншуда зиёд бошад, онро ба оилаи навташкил ва ё ба дигар оила тақсим кардан мумкин аст.

Агар оилаи навташкил мувофиқи тартиби муқарраргардида дар ҷамоат ба қайд гирифта шуда бошад, тибқи тартиби умумӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 712.  Додани замин барои ташкили хоҷагии ёрирасони шахсӣ

Ба шаҳрвандон барои ташкили хоҷагии ёрирасони шахсӣ бо розигии заминистифода-барандагони якумдараҷа қитъаҳои замин тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 713. Додани қитъаҳои замин ба шаҳрвандон барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ

Ба шаҳрвандон, ки дар моликияти шахсиашон чорво доранд, барои чаронидани чорво ва алафдаравӣ бо дархости ҷамоатҳо аз заминҳои захиравӣ, фонди ҷангал, заминҳои маҳалҳои аҳолинишин, инчунин аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд, қитъаҳои замин бо тартиби зерин ҷудо карда мешаванд:

а) аз заминҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар истифодаашон заминҳои кишоварзӣ доранд - бо қарори маҷлиси умумии ин хоҷагиҳо ва ташкилотҳо;

б) аз заминҳои захираи давлатӣ - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо);

в) аз заминҳои фонди давлатии ҷангал - бо қарори раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар мувофиқа бо мақомоти хоҷагии ҷангал.

Пардохти андози  чунин заминҳо тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 72.  Додани қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ

Қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз заминҳое, ки қаблан дар истеҳсолоти кишоварзӣ истифода намешуданд, дода мешавад. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз рeи ҳисоби то 0,06 гектарӣ ба ҳар як аъзои коллектив дода мешавад. Тартиби додани қитъаи замин барои боғдорию полизкории коллективӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 73. Шартҳои тағйир додани ҳудуду андозаҳои заминистифодабарӣ

Ҳудуду андозаҳои заминистифодабарии корхонаю ташкилот ва муассисаҳои кишоварзӣ ҳангоми калон ё хурд кардани хоҷагиҳо бо назардошти мавқеи ҷойгиршавӣ, шумораи аҳолӣ, кормандон, саҳмдорон дар асоси қарори маҷлиси умумӣ ё маҷлиси намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуда, ҳуқуқи истифодаи замин аз нав ба қайд гирифта мешавад.

 

Моддаи 74. Ҷойгиркунии объектҳои сохтмони дохилихоҷагӣ

Объектҳои сохтмони дохилихоҷагии корхонаҳои кишоварзӣ мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи  заминсозӣ, лоиҳаҳои дохилихоҷагии  заминсозӣ ё лоиҳаҳои тарҳрезию сохтмони маҳалҳои аҳолинишини деҳот ҷойгир кунонида мешаванд.

Ҷойгиркунии иншоот барои сохтмони дохилихоҷагӣ дар заминҳои дар моддаи 29-и ҳамин Кодекс зикршуда танҳо дар ҳолатҳои махсус бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.

Тартиби додани қитъаҳои замин барои сохтмони дохилихоҷагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.  

 

Моддаи 75. Тартиб ва шартҳои додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ

Заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо тартиби  заминсозии байнихоҷагӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  бо мувофиқаи заминистифодабарандагон мутобиқи Кодекси мазкур дода мешаванд.

Додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ дар ҳудуди барои фаъолияти хоҷагӣ мувофиқ сурат мегирад. Ба порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодакунии онҳо роҳ дода намешавад.

Барҳамдиҳии порчадармиёнӣ, рахнашавии заминҳо ва дигар норасоиҳо дар заминистифодабарии корхонаҳои кишоварзӣ бо ризояти тарафайн аз ҷониби мақоми давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо, бо тартиби заминсозии байнихоҷагӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ» ба амал бароварда мешавад.

Ба корхона, ташкилоту муассисаҳои ғайрикишоварзӣ, ҳамчунин ба ташкилоти динӣ қитъаҳои замин барои пешбурди хоҷагии кишоварзии ёрирасон ба мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои таъмини кормандону хизматчиёни корхона, ташкилоту муассисаҳои  мазкур, ошхонаҳои мактабҳо,  муассисаҳои бачагона, беморхонаҳо, хонаҳои пиронсолону маъюбон, шифохонаҳо ва истироҳатгоҳҳо дода мешавад.

 

Боби  ХII.  ЗАМИНҲОИ ШАҲР ВА МАҲАЛИ АҲОЛИНИШИН

 

Моддаи  76.  Замини шаҳр

Ба замини шаҳр ҳамаи заминҳои ҳудуди маъмурии шаҳр дохил мешаванд.

Замини шаҳр дар ихтиёри ҳокимияти маҳалии шаҳр мебошад.

 

Моддаи 761.  ҳудуди маъмурии шаҳр

Ҳудуди маъмурии шаҳр сарҳади заминҳои шаҳр мебошад, ки онро аз дигар намудҳои замин ҷудо мекунад.

Ҳудуди маъмурии шаҳр аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тағйир дода мешавад.

Ба ҳудуди маъмурии шаҳр дохил намудани қитъаҳои замин боиси қатъ гардидани ҳуқуқи заминистифодабарандагони пештара намегардад. Гирифтани ин қитъаҳо мувофиқи нақшаи генералии шаҳрсозӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  сурат мегирад.

 

Моддаи  77.  Таркиби заминҳои шаҳр

Ба таркиби заминҳои шаҳр инҳо дохил  мешаванд:

а) заминҳои зери сохтмонҳо;

б) заминҳои истифодаи умумӣ;

в) заминҳои истифодаи кишоварзӣ;

г) заминҳои зери ҷангалу буттазорҳо;

д) заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва заминҳои таъиноти дигар;

е) заминҳои  зери обанборҳо ва акваторияҳо.

 

Моддаи 771. Истифодаи замини шаҳр

Замини шаҳр мувофиқи нақшаҳои генералии шаҳр, лоиҳаҳои муфассали тарҳрезию сохтмонӣ, инчунин нақшаҳои сохтмони замину хоҷагидории ҳудуди шаҳр истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 772. Додани қитъаҳои замин дар шаҳр

Қитъаҳои замин дар шаҳр барои истифодаи бемeҳлат, мeҳлатнок ва иҷора бо қарори раиси шаҳр мутобиқи моддаи 26 ҳамин Кодекс дода мешаванд.

 

Моддаи 773. Гирифтани қитъаҳои замин дар шаҳр

Дар шаҳр қитъаҳои замин бо розигии заминистифодабарандагони якумдараҷа дар асоси қарори раиси шаҳр гирифта мешаванд.

Заминҳои пурарзиши кишоварзӣ (заминҳои корам, заминҳои дарахтони бисёрсола, чарогоҳ, заминҳои обию лалмӣ), майдони таҷрибавии муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ, инчунин ҷангалҳои дорои режими махсуси истифода (боғҳои маданию истироҳатӣ, кабудизорҳо, дарахтони зидди бодлес), ки ба хоҷагии ҷангал вобаста нестанд, дар мавриди дигар шудани мақсади истифода танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешаванд.

 

Моддаи 774. Заминҳои зери сохтмонҳои шаҳр

Заминҳои зери сохтмонҳои шаҳр аз заминҳое иборат мебошанд, ки дар онҳо биноҳо, иншоотҳо сохта шуда, барои сохтмони биною иншоотҳо таъин гардидаанд.

 

Моддаи 775.  Додани қитъаҳои замин барои сохтмон

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои сохтмони саноатӣ, манзилӣ, маданию маишӣ ва дигар намудҳои сохтмони асосӣдода мешаванд.

Андозаи қитъаҳои замин ва шартҳои ба мақсади мазкур истифода бурдани онҳо мувофиқи меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои банақшагирию лоиҳавии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшуда муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 776.  Заминҳои истифодаи умумӣ

Заминҳои истифодаи умумӣ аз заминҳои роҳҳо, роҳравҳо, боғҳои истироҳатӣ, гулгаштҳо, майдонҳо, заминҳои таъиноти маданию маишӣ, қабристонҳо ва дигар заминҳои истифодаи умумӣ иборат мебошанд.

 

Моддаи 777. Додани заминҳои истифодаи умумӣ барои сохтмон

Қитъаҳои замин аз заминҳои истифодаи умумӣ ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба истифодаи бемeҳлат ва мeҳлатнок барои сохтмонҳои навъи сабук (хаймаҳои савдо, дeконҳо, иншооти рекламавӣ ва ҳоказо) бидуни расонидани зарар барои истифодаи умумӣ дар асоси қарори раиси шаҳр дода мешаванд.

 

Моддаи 778. Заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар шаҳр

Ба заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар шаҳр заминҳои корхонаю ташкилотҳои кишоварзӣ, ки дар ҳудуди заминҳои маъмурии шаҳр воқеанд, дохил мешаванд.

Додану гирифтани заминҳои истифодаи кишоварзӣ дар асоси моддаҳои 26 ва 29 ҳамин Кодекс сурат мегирад.

 

Моддаи 779. Заминҳои зери ҷангал ва буттазорҳои шаҳр

Ба заминҳои зери ҷангал ва буттазорҳои шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки дар онҳо ҷангал ва буттазорҳо ҷойгир шуда бо мақсади беҳбуди вазъи муҳити зист, қонеъ гардонидани талаботи маданию эстетикии аҳолӣ, ҳифзи замин аз бодлесшавии обу шамол хизмат мекунанд.

 

Моддаи 7710. Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ ва  заминҳои таъиноти дигар

Ба заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, қубурҳои магистралӣ  ва заминҳои таъиноти дигар дар шаҳр заминҳое дохил мешаванд, ки онҳо барои истифода ба роҳҳои  нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, роҳҳои обӣ ва ҳавоӣ, қубурҳо, хатҳои интиқоли барқ, алоқа, заминҳои саноатии  коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра  дода шудаанд.

Иҷозати дар ин заминҳо бунёд кардани сохтмонҳою иншоотҳо, инчунин гузаронидани корҳои ободонӣ бо розигии заминистифодабарандагон дар асоси қарори раиси шаҳр сурат мегирад.

Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои замин барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок бо тартиби муқарраршуда баъди ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дода мешавад.

 

Моддаи 7711. Заминҳои зери обанборҳо ва акваторияҳо

Ба заминҳои зери обанборҳо ва акваторияҳо заминҳои обанборҳо, кeлҳо, дарёҳо, каналҳо, ботлоқзорҳо ва иншоотҳои гидротехникӣ дохил мешаванд.

 

Моддаи 7712. Заминҳои шаҳрак

Тамоми заминҳои дохили ҳудуди шаҳрак ба заминҳои шаҳрак дохил мешаванд.

Заминҳои шаҳрак дар ихтиёри мақомоти худидоракунии шаҳрак мебошад.

Ба заминҳои шаҳрак муқаррароти моддаҳои 76-80 ҳамин Кодекс паҳн мегарданд.

 

Моддаи 7713. Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот

Ба заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот ҳамаи заминҳое тааллуқ доранд, ки дар дохили сарҳадҳои муқарраршудаи ин маҳали аҳолинишин воқеъ мебошанд.

Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти  маҳаллӣ мебошанд.

Заминҳои маҳали аҳолинишини деҳот мувофиқи лоиҳаҳои сохтмон ва нақшаи хоҷагидорӣ барои заминҳои наздиҳавлигӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маданию маишӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар мақсадҳо истифода бурда мешаванд.

Ҳудуди маҳали аҳолинишини деҳот бо пешниҳоди мақомоти худидоракунии деҳот аз тарафи мақомоти дахлдори ҳокимияти маҳаллӣ дар доираи салоҳияти он муқаррар ва тағйир дода мешавад.

 

Моддаи 78.  Заминҳои минтақаи наздишаҳрию сабзазорҳо

Заминҳои берун аз ҳудуди шаҳр, ки  манбаи васеъшавии ҳудуди шаҳр, маҳали ҷойгиронӣ ва сохтмони иншооти зарури марбут ба ободонию фаъолияти мeътадили хоҷагии шаҳр мебошанд, инчунин замини ҷангалу бешабоғ ва дигар дарахту буттазор, ки вазифаи муҳофизавӣ ва санитарию гигиениро иҷро менамоянду  ҷои истироҳати омма мебошанд, мутобиқан ҳамчун заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизори шаҳр истифода мешаванд.

 

Моддаи 79. Тартиби ҷудо кардани минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо

Минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муайян кардани андозаю ҳудуди минтақа, инчунин тартиби заминистифодабарӣ дар онҳо ҷудо карда мешаванд.

Ба минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо дохил намудани қитъаҳои замин боиси мусодираи қитъаҳои замин намегардад ва заминистифодабарандагон ҳуқуқи худро ба ин қитъаҳо нигоҳ медоранд.

 

Моддаи  80.  ҳифзи заминҳои минтақаи наздишаҳрию кабудизорҳо

Заминҳои минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо таҳти муҳофизати махсус мебошанд.  Дар ин заминҳо сохтани иншоот, ки ба корҳои муҳофизатӣ, санитарию гигиении минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо ва ба мақсади ташкили истироҳати омма алоқаманд намебошанд, манъ аст.

 

Боби ХIII. ЗАМИНҲОИ САНОАТ, НАҚЛИЁТ, АЛОҚА, МУДОФИА

ВА ТАЪИНОТИ ДИГАР

 

Моддаи  81.  Заминҳои саноат

Заминҳои саноат заминҳое мебошанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои саноатӣ барои сохтмон, истеҳсолоти саноатӣ, ҳамчунин барои эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ ва дигар эҳтиёҷоти махсус дода шудаанд.

 

Моддаи 82. Заминҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок

Заминҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок қитъаҳои замине ба ҳисоб мераванд, ки ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд.

Шахсони воқеию ҳуқуқӣ ҳангоми иҷрои корҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок eҳдадоранд, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии заминистифодабарандагони ҳамсояро вайрон накунанд ва тамоми тадбирҳои зарурии таъмини истифодаи дурусту ҳифзи заминро андешанд.

 

Моддаи 83. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини  барои коркарди канданиҳои фоиданок додашуда

Баробари қатъ гардидани ҳуқуқи коркарди канданиҳои фоиданок аз рeи асосҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар бораи сарватҳои зеризаминӣ  ҳуқуқи шахсони воқеию ҳуқуқӣ барои истифодаи қитъаи замини барояш ҷудокардашуда низ қатъ мегардад.

Дар ин маврид шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ eҳдадоранд, ки заминро ба ҳолати аввала барқарор намуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда ба заминистифодабарандаи якумдараҷа баргардонанд.

 

Моддаи  84.  Заминҳои  нақлиёт

Тамоми заминҳое, ки барои эҳтиёҷоти навъи нақлиёти дахлдор дода шудаанду бо нигоҳдошт, таҷдид, тараққию такмили роҳҳои алоқа вобастаанд, заминҳои нақлиёт дониста мешаванд.

Ин заминҳо ба заминҳои нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ ва   ҳавоӣ ҷудо мешаванд.

 

Моддаи  85.  Заминҳои қубурҳои магистралӣ

Заминҳои қубурҳои магистралӣ (қубурҳои газ, нафт) қитъаҳои замине ҳисоб мешаванд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҷойгиронии биною иншоотҳои ёрирасон, хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳои таъминкунандаи истифодаи меъёрии ин соҳа мутобиқи лоиҳаҳои техникӣ дода шудаанд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи мeҳлатнок ҷиҳати гузаронидани қубурҳои магистралӣ ҷудо шудаанд, пас аз анҷом додани корҳои сохтмонӣ вазифадоранд ин қитъаҳоро ба ҳолати пештараашон баргардонанд.

 

Моддаи  86. Заминҳои хати алоқа, радио ва барқ

Ба заминҳои хати алоқа, радио ва барқ заминҳое мансубанд, ки ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои истифодабарандаи ин хатҳо мувофиқи меъёр ва лоиҳаҳои техникӣ барои сохтани пояҳои хати ҳавоии алоқа, радио ва интиқоли барқ, сохтани иморату иншоот ва дигар дастгоҳҳо дода шудаанд.

 

Моддаи 87. Заминҳо барои эҳтиёҷоти  мудофиа

Заминҳо барои эҳтиёҷоти  мудофиа заминҳое ба ҳисоб  мераванд, ки  барои ҷойгир  кунондан ва фаъолияти  доимии қисмҳо ва муассисаҳои  ҳарбӣ, мактабҳои таълимии ҳарбӣ, ташкилоту  корхонаҳои  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қeшунҳои  сарҳадӣ ва дохилӣ дода шудаанд.

 

Боби ХIV. ЗАМИНҲОИ  ҲИФЗИ ТАБИАТ, СОЛИМГАРДОНӢ,

РЕКРЕАТСИОНӢ ВА ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

 

Моддаи 88. Заминҳои ҳифзи табиат

Ба заминҳои ҳифзи табиат заминҳои  мамнeъгоҳҳо, боғҳои  миллию дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои  шикорӣ) ва ёдгориҳои  табиат  мансубанд.

Дар заминҳои  мазкур фаъолияти  хилофи таъиноти  мақсадноки онҳо манъ аст.

Барои таъмини  режими мамнeъгоҳҳо, боғҳои  миллию дендрологӣ, боғҳои ботаникӣ, парваришгоҳҳо (ғайр аз парваришгоҳҳои  шикорӣ), ёдгориҳои  табиат минтақаҳои  муҳофизатӣ  таъсис  дода,  дар заминҳои ин минтақаҳо машғул шудан бо фаъолияте, ки ба риояи режими онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ карда мешавад.

Тартиби истифодаи заминҳои  ҳифзи табиатро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 89. Заминҳои солимгардонӣ

Ба заминҳои солимгардонӣ қитъаҳои замине дохил мешаванд, ки омилҳои табиии муолиҷавӣ (чашмаҳои оби маъданӣ, гили шифобахш, шароити иқлим ва дигар шароит) дошта, барои ташкили профилактикаю табобат мусоид мебошанд.

Заминҳои курортҳо бояд махсус муҳофизат шаванд. Ба мақсади ҳифзи омилҳои муолиҷавии табиат дар ҳамаи курортҳо минтақаҳои муҳофизати санитарӣ муқаррар карда мешавад. Қитъаҳои замине, ки дар онҳо минтақаҳои мазкур муқаррар мегарданд, аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд. Дар доираи ин минтақаҳо ба корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо муҳофизати хусусиятҳои муолиҷавии табиӣ ва шароити мусоиди истироҳати аҳолӣ номувофиқанд, барои истифода додани қитъаҳои замин манъ аст.

Тартиби истифодаи заминҳои солимгардониро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн менамояд.

 

Моддаи 90. Заминҳои рекреатсионӣ (истироҳатӣ)

Заминҳои рекреатсионӣ заминҳое мебошанд, ки барои истироҳати муташаккилонаи оммавӣ, туризми аҳолӣ пешбинӣ ва истифода мешаванд.

Ба онҳо қитъаҳои замини хонаҳои истироҳатӣ, пансионатҳо, санаторияҳо, кемпингҳо, базаҳои туристӣ, лагерҳои туристию солимгардонии статсионарию хаймавӣ, хонаҳои моҳигирон ва шикорчиён, бошишгоҳҳои туристии бачагона, боғҳои истироҳатӣ, лагерҳои пионерӣ ва варзишии берун аз заминҳои солимгардонӣ ҷойгиршуда мансуб мебошанд.   

Дар заминҳои рекреатсионӣ фаъолияте, ки барои истифодаи мақсадноки заминҳо монеъ мешаванд, манъ аст.

Тартиби истифодаи заминҳои мазкурро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 91. Заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ

Ба заминҳои таъиноти таърихию фарҳангӣ заминҳои мамнeъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, боғҳои ёдгорӣ, мақбараҳо ва ёдгориҳои бостонӣ дохил мешаванд.

Дар ин заминҳо ҳар гуна фаъолияти хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст. Тартиби истифодаи чунин заминҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Боби  ХV.  ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи  92. Заминҳои фонди давлатии ҷангал

Заминҳои фонди давлатии ҷангал заминҳои ҷангалзор, инчунин заминҳои бедарахте, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал дода шудаанд, ба ҳисоб мераванд.

Заминҳои фонди давлатии ҷангал бояд аз дигар гурeҳҳои заминҳо ба воситаи нишонаҳои марзии намунаашон муқарраршуда ҷудо карда шаванд.

 

Моддаи 93. Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангал

Заминҳои фонди давлатии ҷангал мувофиқи мақсади асосии таъиноташон барои ташкили хоҷагии ҷангал ва эҳтиёҷоти хоҷагии халқ истифода мешаванд.

Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангалро барои ташкили хоҷагии ҷангал (барқарор ва парвариш намудани ҷангалзор ва ғайра) ва ҷамъоварии неъматҳои табиат мақомоти хоҷагии ҷангал, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатию ҷамъиятие, ки заминҳои фонди ҷангал ба онҳо вобаста карда шудааст, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 94. Додану гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал  барои эҳтиёҷоти  кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ

Заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал ва саноати он истифода намешаванд, тибқи тартиби муқарраргардидаи  Кодекси мазкур ба истифодаи  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ дода мешаванд.

Дар ҳолати ғайриоқилона истифода бурдан  ё мувофиқи таъинот истифода набурдан ингуна заминҳо  мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи  Кодекси мазкур гирифта мешаванд.

Ҷуброни талафи замини фонди давлатии ҷангал якҷоя бо маблағи зарари истифодаи ҷангал пардохт карда  мешавад.

Тартиби истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангалро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Боби ХVI. ЗАМИНҲОИ ФОНДИ ДАВЛАТИИ ОБ

 

Моддаи 95. Заминҳои фонди давлатии об

Ба заминҳои фонди давлатии об заминҳои обанборҳо, пиряхҳо, тармаҳо, ботлоқу иншооти гидротехникӣ ва дигар иншооти хоҷагии об, инчунин заминҳое, ки барои соҳили обанборҳо, каналҳо ва заҳбурҳои асосӣ ва байнихоҷагӣ ҷудо шудаанд, мансубанд.

 

Моддаи  96. Таъинот ва истифодаи заминҳои фонди давлатии об

Заминҳои фонди давлатии об ба мақсади таъмини истифодаи оқилонаи тамоми заҳираҳои об ва инчунин барои мақсадҳои хоҷагии об, моҳидорӣ, ҷангал, дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, нақлиёти обӣ, гузаронидани корҳои тадқиқотӣ ва мақсадҳои дигар истифода бурда мешаванд.

Дар заминҳои фонди давлатии об корҳои зайл анҷом дода мешаванд:

- сохтмони иншооте, ки эҳтиёҷоти аҳолӣ ва хоҷагии халқро бо оби нeшокӣ ва ғайринeшокӣ пурра таъмин менамоянд;

 - бунёд ва азнавсозии иншооти гидротехникӣ барои обшор ва обёрӣ кардани заминҳои кишоварзӣ;

 - сохтмони иншооти муҳофизати соҳилҳо, садду дарғотҳо ва дигар объектҳои пешгирикунанда ё барҳамдиҳандаи таъсири бади об (обхезӣ, обзеркунӣ, зери об мондан, ботлоқзору шeршавӣ, бодлесии хок, пайдошавии ҷарҳо,  ярч, сел ва ғайра);

- истифодаи қитъаҳои замини мавзеъҳои назди соҳилҳо барои кишоварзӣ, полизкорӣ ва заминҳои саҳмии хизматӣ.

Тартиби  истифодаи заминҳои фонди давлатии обро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 97. Маҳдуд кардани истифодаи қитъаҳои замини назди соҳили обанборҳо

Дар доираи замини ҷудокардаи соҳили обанборҳо сохтани иншооте, ки ба истифодаи заминҳои фонди давлатии об мувофиқи таъиноташон монеъ мегардад, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 98. Минтақаи  муҳофизатии заминҳои фонди давлатии об

Барои таъмин намудани ҳолати зарурии тозагии обе, ки барои нeшокӣ ва таъминоти маишӣ, инчунин барои эҳтиёҷоти табобатӣ, маданию солимгардонии аҳолӣ истифода бурда мешавад, минтақаҳои муҳофизатӣ муқаррар мегарданд.

Андозаи минтақаҳои муҳофизатиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Боби ХVII. ЗАМИНХОИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 99. Заминҳои захираи давлатӣ

Хамаи заминҳое, ки ба истифода дода нашудаанд, заминҳои захираи давлатӣ ба шумор мераванд. Ба ин намуди заминҳо инчунин заминҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо мувофиқи моддаи 37 ҳамин Кодекс қатъ гардидааст ва фонди махсуси ташкилшудаи замин дохил мешаванд. Заминҳои захираи давлатии дар ихтиёри Ҳукумати ноҳия буда ҷиҳати ба истифода ва иҷора додан бештар барои истеҳсолоти кишоварзӣ пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 100. Таъиноти заминҳои захираи давлатӣ

Заминҳои захираи давлатӣ ҳамчун манбаъ барои истеҳсолоти кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва дигар эҳтиёҷотҳо мебошанд.

 

Боби ХVIII. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЗАМИН

 

Моддаи 101. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории замин

Ҷавобгариро барои вайронкунии қонунгузории замин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 102. Таъиноти маблағҳое, ки аз вайронкунандагони қонунгузории замин ситонида мешаванд

Маблағи ҷаримаи аз шахсони воқеию  ҳуқуқӣ воридгардида бо таъиноти мақсаднок барои мақсадҳои зайл истифода мешавад:

а) обод кардани заминҳои нави дар соҳаи кишоварзӣ истифодашаванда, барқарор кардан ва баланд бардоштани ҳосилнокии хок;

б) барқарор кардани заминҳои харобгардида, рекултиватсияи заминҳои ифлосшудаю вайронгардида ва чорабиниҳои дигари беҳдошти замин;

в) ҳифзи замин ва дигар захираҳои табиӣ;

г) анҷом додани корҳои арзёбии  замин ва инвентаризатсияи замин;

д) анҷом додани корҳои кадастрии замин;

е) анҷом додани корҳои  заминсозӣ;

ж) таъминоти моддию техникии мақомоте, ки назорати давлатии истифодаю ҳифзи заминро иҷро менамоянд;

з)  тартиб ва татбиқ намудани лоиҳаҳо, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои беҳдошти ҳолати замин.

 

Моддаи 103.  Барқарор намудани аломатҳои марзӣ

Тамоми хати сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва заминистифодабарандагон бо аломатҳои марзӣ нишон дода мешаванд.

Барои вайрон кардани аломатҳои марзӣ шахсони гунаҳкор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 104.  Баргардонидани қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда

Заминҳои худсарона ишғолшуда бе ҷуброни хароҷоте, ки дар муддати ғайриқонунӣ истифода бурдан сарф шудааст, ба соҳибаш баргардонида мешавад. Барои истифода коршоям кардани қитъаҳои замин, ҳамчунин ғалтондани иморатҳо аз ҳисоби корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва ё шаҳрвандоне, ки худсарона заминро ишғол намудаанд, сурат мегирад.

Қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бо қарори мақоми ҳокимияти иҷроияи ноҳия (шаҳр) баргардонида мешаванд.

 

Боби ХIХ. ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Моддаи 105. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбинӣ шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегиранд.