Аксияи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд

    Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд санаи 9.11.2019 якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» -Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бобати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» аксияи шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз гузаронида шуд. Чорабинии мазкур дар доираи «Лоиҳаи баланд бардоштани маърифати экологӣ» дар соли равон охирон буда, дар аксия ба ғайр аз кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва Маркази Орхус, инчунин кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд, хонандагони се мактаби ба лоиҳа ҷалб гардида ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар маҷмуъ, дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд зиёда аз 100 бех дарахти ҳамешасабзи ардач шинонида шуд.

Ҳамкории судманд дар сохаи моҳипарварӣ дар вилояти Суғд

    Рушди соҳаи моҳипарварӣ ва коркарди маҳсулоти моҳигӣ дар вилояти Суғд руз то руз рушд ёфта истодааст. Чанде пеш, дар рӯзҳои баргузории намоишгоҳи байналмилалии  универсалии «Тоҷикистон – 2019» дар шаҳри Душанбе намояндагон аз  вилояти худмухтори Ханты – Мансийски Федератсияи Россия ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз рафти сайди моҳӣ ва коркарди маҳсулоти моҳигии хоҷагиҳои моҳидории ҶСК «Мохипарвари Гулистон» ва ҶСК  «Моҳии тоҷик» шинос шудаанд. Дар рафти шиносоӣ сарвари маркази маъмурии лоихаи байниминтақавии вилояти худмухтори Ханты-Мансийск ва Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кулдашев Т.Б. ва директори генералии истеҳсоли заводи коркарди масолеҳи нимтайёри маҳсулоти моҳигӣ Соколова Т.В. аз коркарди моҳии баландсифати обанбори Баҳри тоҷик изҳори қаноатмандӣ зоҳир намуданд.

Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти назоратӣ аз тарафи шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Б.Ғафуров ҳолати истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум - шағал ошкор гардид. Аз ҷониби сокини деҳаи Қипчоқи ҷамоати мазкур Ирисқулов Баҳодур Абдулҳаевич ғайрирасмӣ ва худсарона, бе иҷозати мақомоти дахлдор аз селроҳаи дашти Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров шағали табиӣ барои истифодабарӣ истихроҷ карда шуд. Шағали ғайриқонунӣ истихроҷгардидаро Ирисқулов Б.А. бо воситаи нақлиёти худ тамғаи «Ҳундай-Портер», рақами давлатӣ «9085 НО 02», кашонидан мақсад дошт. Дар натиҷа нисбати Ирисқулов Б.А. бо дастрасии моддаи 238-и «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои татбиқи ҷазои маъмурии ҷаримабандӣ ва пешниҳоди ҷуброни маблағи зарар мавод ба шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ҷ.Расулов

    Дар ҷамоати деҳоти Ғўлакандози ноҳияи Ҷ.Расулов, дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба эълон гардидани «1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон» аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 100 нафар сокинони ҷамоат ва омўзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд. Дар натиҷаи баргузории аксияи мазкур кўчаҳои марказии шаҳраки Меҳробод ва ҳамчунин 3 километр ҷўйбор аз партовҳо тоза гардид. Дар маҷмуъ, 11 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд. Чунин аксияи ҳар ҳафта дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот низ бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов гузаронида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.