Вохурӣ бо маорифчиёни н.Б.Ғафуров

Бо мақсади пешбурди фаъолият дар самти иттилоот ва маориф, дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаичорабинињои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», баҳрибаланд бардоштани маърифат ва донишҳоиэкологии аҳолӣ, санаи 23.05.2019 дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Б.Ғафуров вохўрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят якҷоя бо намояндаи рўзномаи «Садои мардум» бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус бо омўзгорони фанни экология, химия ва биологияи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Б.Ғафуров баргузор гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ ҷонишини мудири шуъбаи маорифи мазкур баромад карда, оид ба зарурияти тарбия ва маърифати экологӣ изҳори ақида намуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

     Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, бо мақсади аз партовҳо тоза намудани соҳили дарё ва бо ҳамин васила баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар ду соҳили дарё аз кӯпруки ҷашнӣ то даромадгоҳи боғи Камоли Хуҷандӣ санаи 25 майи соли равон аксияи  “Тозагии соҳил” гузаронида шуд. Дар аксия муҳассилини муассисаҳои миёнаи касбии №№ 31, 44, 56, кормандони Маркази дилшиносии вилоят ва беморхонаи физиотерапевтӣ, кӯдакистони президентӣ, ташкилотҳое, ки дар назди соҳил ҷойгиранд, иштирок доштанд. Дар рафти аксия  ду соҳили дарё аз партовҳои маишӣ, алафҳои бегона тоза карда шуда, 1, 2 м 3 партовҳо бароварда шуд.

Аксияи экологӣ таҳти унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» дар шаҳри Хуҷанд

Таҷлили  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муҳити  зист  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардид. Бо мақсади таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист ва дар доираи он гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳиву тарғиботӣ, тарбияи маърифати экологии аҳолӣ бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд аксияи экологӣ зери унвони «Ҳифзи табиат – ҳифзи Ватан аст» дар шоҳроҳи Хуҷанд – Чаноқ доир гардид. Дар аксияи мазкур  75 нафар - донишҷӯён ва устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров фаъолона иштирок дошта, қисмати даромадгоҳи шарқии шаҳри Хуҷанд аз ҳар гуна партовҳои маишиву сохтмонӣ ва ғайра  дар ҳаҷми 10 м3  тоза  карда шуд.  Боиси қайд аст, ки аз ҷониби шуъба донишҷуён ҳамчун иштирокчиёни доимӣ ва фаъоли аксияҳои экологӣ бо дастӯшаку халтаҳои ҷамъоварии партов, футболкаву сарпӯшҳо бо насби логотипи  мақомоти ҳифзи муҳити зист таъмин гардиданд.

22 май- Рӯзи байналмиллалии гуногунии биологӣ

Дар даҳсолаи охир масъалаҳои нигаҳдории гуногунии биологӣ яке аз муаммоҳои глобали замони муосир маҳсуб меёбад, ки на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Вазъи имрӯзаи нигаҳдории гуногунии биологиро ба этибор гирифта 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда  ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия  қабул кард.

    Дар байни гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олами наботот ва ҳайвоноти вилояти Суғд бо рангорангӣ ва хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад, зеро дар ин ҷо дар масоҳати начандон калон тақрибан 2500 намуди растаниҳои рагдор, ки намояндагони 99 оила ва 698 ҷинси растаниҳо маҳсубанд, дида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.