Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади ботантана таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Турсунов С. маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Дӯсматов А. ва устоди коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турсунов С. саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт ва тараққиёти кишвар  таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқи тоҷик як умр боқӣ хоҳад монд.

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ

Баҳри иҷроиши барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ботантана таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муродов А. маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ба ҳозирин моҳияти ин санаро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шакли идораи президентӣ муфассал шарҳ дод. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муродов А. дар баромади худ қайд намуд, ки маҳз тавассути талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфт.

Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Дар  сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.

Конститутсия – роҳнамои имрӯзу фардои давлату миллат

  Бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази бозомӯзии сарраёсат дар шаҳри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид. Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ чорабинии мазкурро оғознамуда, қайд кард, ки Пешвои миллат зимни Паёмашон изҳор доштаанд, ки «Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ вадӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдорибунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад». Қобили зикр аст, ки пешбурд ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳитизистазКонститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон сарчашма мегирад. Дар моддаи 13-и Конститутсия омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ истиснои давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Тибқи моддаи 44 Конститутсияи ҶТ«Ҳифзитабиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст». Сипас сармутахассис оид ба ҳуқуқи сарраёсат оиди Конститутсия ки асосан шиносномаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад, суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки дар Конститутсия тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтаанд, ки ҳамаионҳо дар маҷмуъ ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.