Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 Санаи 22.04.2021 дар толори раёсат бахшида ба 22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии замин семинари амалӣ таҳти унвони «Замин – кафили амнияти озуқаворӣ» баргузор гардид. Дар кори семинари мазкур кормандони шуъбаҳои раёсат ва мутахассисони ҷавони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо, ба назорати самти ҳифзи замин вобаста мебошанд иштирок намуданд. Дар оғози семинар сухани ифтитоҳии муовини сардори раёсат шунида шуд. Минбаъд, мувофиқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби сардори шуъба ва сармутахассисони таҷрибадори раёсат баромадҳо дар мавзӯи «Роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами вилояти Суғд», «Истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он» ва «Ҳолати мелиоративии заминҳои корами шаҳри Исфара» пешкаши иштирокдорон гардид.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Зафаробод

  Тибқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилӣ, бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндаи БДА-и ноҳияи Зафаробод бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар ҳудуди ноҳия амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян нагардид.

Корҳои ободонӣ дар ноҳияи Масчоҳ

 Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои он, вусъат бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар Боғи фарҳангии «Тоҷикистон»-и ноҳияи Масчоҳ 6400 адад гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида шуд. Ҳамчунин баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ободу зебо намудани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ дар назди бинои бахш гулҳои мавсимиву ороишӣ шинонида шуд.

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Тибқи нақшаи кории раёсат аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати таҳлилӣ, бахши ҳифзи муҳити зист ва намояндаи БДА-и ноҳияи Ҷ.Расулов бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар роҳи нақлиётгарди Ҷ.Расулов - Исфана амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандаи 1 адад воситаи нақлиёт, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кард, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.