Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Спитамен

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ , тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам дар маҳалҳои аҳолинишин аксияҳои экологии тозагии маҳал ва соҳил, ҳамчунин вохӯриву суҳбатҳо бо аҳолии ҷамоату шаҳракҳо гузаронида мешавад. Чунин вохӯрӣ дар шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси нақшаи корӣ бо иштироки  кормандони бахши ҳифзи муҳити зист гузаронида шуд. Дар вохӯрӣ намояндагон ва фаъолони ҷамоатҳо ва шаҳрак, нозири минтақавӣ ва сокинони ҷамоатҳо иштирок доштанд.   Намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист рафти вохӯрӣ оид ба пешгирии ифлосшавии муҳити зист аз партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраку деҳот, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва созандагӣ, иштироки фаълонаи аҳолӣ дар аксияҳои экологӣ баромад намуд.

Фохтак парандаи соли 2024

 Ҳамасола Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистонро бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он парандаи сол интихоб менамоянд. Имсол фохтак парандаи соли 2024 интихоб гардид. Фохтак парандаи андозааш миёна буда, ба оилаи кабӯтарҳо мансуб мебошад. Дарозии бадани ин паранда то ба 26-29 см мерасад ва 180-300 грамм вазн дорад. Парҳои болоии қаноти фохтак тобиши қаҳваранг дошта, парҳои маҳини гардан ва қафаси синаро ранги норинҷӣ оро медиҳад. Ҷинси наринаи фохтак  аз ҷинси модина каме калонҷусса буда, аз рӯйи ранг фарқ намекунад. Яке аз аломатҳои хоси фохтак мавҷудияти рахҳои сиёҳ дар паҳлӯи гардан ба шумор меравад. Фохтаки нарина дар давраи афзоиш бо такрор садои хоси “ғурр-ғурр” мебарорад. Бо назардошти чунин хусусият фохтакро дар баъзе маҳалҳои Тоҷикистон ғурак низ ном мебаранд. Дар шароити Тоҷикистон фохтак парандаи лонагузор ва кӯчанда буда, зимистонро дар  Африқо мегузаронад.

Тоза нигоҳ доштани муҳит бахше аз ватандӯстист!

  Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар шоҳроҳи Душанбе -Чаноқ дар ҳамовози бо Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, аксияи тозагии муҳити зист доир шуд. Дар ин аксия муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони фаъол ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия иштирок намуда, ду тарафи шоҳроҳро аз даромадгоҳи ноҳияи Мастчоҳ то ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бӯстон аз партовҳо тоза намуда, саҳми худро дар тозагии муҳити зист гузоштанд.

Ҳифзи муҳити зист ва маърифати экологии ҷомеа

Зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами наботот ва ҳайвонот, вазъи экологӣ муносибати ҷиддӣ нишон диҳем ва бо ин мақсад бо таҷдиди назар дар масъалаи такмили қонунгузорӣ дар ин соҳа ноил гаштем.” Эмомалӣ РАҲМОН. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири ҳамаи самтҳои фаъолияти мардуми шарифи Тоҷикистон буд. Сарвари давлат дар Паёми худ дар баробари дигар масъалаҳои ҳалталаби дохиливу берунӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист диққати махсус доданд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки “Гармшавии ҳарорати сайёра ва оқибатҳои манфии он - камобӣ, хушксолии паёпай ва дигар офатҳои табиӣ, аз ҷумла сардии бесобиқаи зимистони гузашта, яъне торафт бад шудани ҳолати муҳити зисти инсоният, илова бар ин, ки боиси торафт вазнин шудани таъминот бо маводи ғизоӣ ва оби босифати нӯшокӣ дар бисёр кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон гардида истодааст, ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва торафт устувор гардидани муқовимати воситаҳои дорувории мавҷуда бар зидди вируси чунин бемориҳо мусоидат карда истодааст. Бинобар ин, аҳли башар, аз ҷумла мо маҷбур ҳастем, ки барои ислоҳи вазъи ногувори муҳити зист ва пешгирӣ кардани харобшавии минбаъдаи он, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинониву кабудизоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.”

Скачано с веб-сайта JooMix.org.