Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Бӯстон

  Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва бахши ҳифзи муҳити зист бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 31 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.

Шиносоӣ аз рафти сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, аз рафти сохтмони ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дидан намуданд. Боиси қайд аст, ки сохтмони объекти ҷашнӣ бо ҷалби техникаҳои муосир идома дорад. Бинои сехи инкубатсияи сунъӣ сохта шуда, дар он беш аз 90 ҳазор адад кирминамоҳичаҳои гулмоҳӣ дар шароити хуб афзоиш ва тибқи талаботҳои биотехнологияи ҷавобгӯ парвариш ёфта истодаанд.

Баргузории ярмарка - фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар маркази вилояти Суғд

Санаи 20 феврал баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят, ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав ярмарка - фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар майдони назди Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ беш аз 1,2 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд. Дар ярмаркаи мазкур Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафкан пешниҳод намуданд.

Семинари бозомӯзӣ барои баланд бардоштани дониши кормандон

 Бо мақсади баланд бардоштани дониши кормандон дар толори раёсат семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Мувофиқи барномаи семинари мазкур доир ба масъалаҳои муҳим – оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корбарӣ тибқи талаботи Дастурамали коргузории тасдиқгардида», «Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи иҷозати буриши дарахт ва тарзи ҳисоби дурусти маблағи зарар дар самти ҳифзи наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохт ва зарар дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохти партовобҳо ва истифодаи пурраи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ваколати мақомоти ҳифзи муҳити зист дода шудааст» ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромаду маърӯзаҳо шунида шуд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии корбарӣ ба ҳисоб меравад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.