Ҷойгиронии гайрирасмии партовхо

    Баҳри иҷроиши нақшаи корӣ, хангоми гузаронидани амалиётҳои  назоратӣ дар маҳаллаи нави шаҳри Бустон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз ҷониби истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон - Шарипов Т. ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо ошкор карда шуд. Нисбати қонуншикан  Шарипов Т. бо моддаи 232 Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ  протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Нишасти матбуотӣ

Санаи 6 феврали соли равон дар бинои Сарраёсати кишоварзӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи МИҲД вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят ва  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда», «Ризқофарин», «Боҷу хироҷ», «Нилюфар», «Халқ овозӣ», «Кайҳон»,  оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Сугднюс», «Спутник», «Фергана ру»,  телевизионҳои  ШТР СМ-1, ШТР «Азия», ТВ «7 ситора»,» ТВ «Танин», ҳамагӣ 17 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2019  дастрас гардид.

Ғайриқонунӣ чаронидани чорво

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсат баҳри иҷрои нақшаи корӣ ва фармоиши сардори Раёсат №3 аз 15.01.2020 сол «Оид ба гузаронидани амалиётҳои шабонарӯзӣ дар ҳудуди вилояти Суғд баҳри ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ» дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят  мунтазам амалиётҳои шабонарӯзӣ гузаронида истодаанд. Бо ин мақсад  дар шаҳри Конибодом амалиёти фаврӣ гузаронида шуда, ҳангоми амалиёт аз тарафи нозирони шуъба ҳодисаи ғайриқонунӣ чаронидани чорво дар ҳудуди боғоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор карда шуд.

Шанбегӣ ва маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан

    Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан  назди бинои нави Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ  маъракаи   ниҳолшинонӣ  доир гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ва  Коллеҷи мазкур иштирок намуда,  ба миқдори умумии 250 адад ниҳолҳои дарахтони туя шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.