Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Category: News Written by Администратор Hits: 1872

  Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 23 ба номи Абулқосими Фирдавсии шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омӯзгорон чорабинӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба таърихи Парчам ва тавсифи он, ки барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии хонандагон ва ифтихор аз Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мусоидат менамояд, баромад намуд. Дар қисмати адабии чорабинӣ хонандагон оиди муқаддасоти ватан ва гиромидошти он, дар васфи Тоҷикистони соҳибистиқлол  шеъру сурудҳо қироат намуданд.