Маҷлиси машваратии назди Сардори Раёсат

Category: News Written by Администратор Hits: 4852

Санаи 14 октябри соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар  ш.Гулистон ҷаласаи машваратии назди сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки сардори шӯъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои характери коррупсионӣ доштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Наим Саломзода, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Раҳматулло ва Амрихудоев Амрихудо, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласаи машваратӣ масъалаҳои   «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020»  ва  пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 30.09.2016, №8/247-16(3) дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ҳангоми иҷрои қонунгузории ҷорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Бо «Стратегияи муқовимат бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» сардори шӯъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои характери коррупсионӣ доштаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Чумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Наим Саломзода баромад намуд, оиди ҳадафҳои қабул шудани стратегияи мазкур, масъалаҳои сӯиистифода аз мансаб, сабабҳои паҳн гардидани амалҳои коррупсионӣ сухан намуда, қайд кард,  ки фаъолияти хизматчиёни давлатӣ бояд дар чорчӯбаи қонунгузорӣ пеш бурда шуда, норозигии аҳолиро ба миён наорад.

  Дар рафти маҷлис кормандони Раёсат оид ба масъалаҳои гуногуни вобаста ба масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.            

         Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласаи машваратӣ, ки аз Пешниҳоди Прокуратураи вилояти Суғд аз 30.09.2016, №8/247-16(3) дар бораи бартараф кардани конунвайронкуниҳо ҳангоми иҷрои қонунгузории ҷорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист иборат буд, сармутахассис оид ба ҳуқуқи  Раёсат Толибҷон Юсупов  ҳозиринро шинос намуда, қайд кард, ки аз тарафи прокуратураи вилоят фаъолияти бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳрҳои Конибодому  Исфара ва дигар масъалаҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки дар баъзе самтҳои фаъолияти ин бахшҳо камбудиву норасогиҳо вуҷуд доранд. Дар рафти маҷлис қарори дахлдор қабул карда шуда, масъулин вазифадор карда шуданд, ки оид ба бартараф намудани қонунвайронкунӣ, беҳтар намудани фаъолияти маъмурии мақомоти ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарурӣ андешиданд.