Озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин»

Category: News Written by Администратор Hits: 5850

Санаи 19 октябри соли равон дар муассисаи давлатии Маркази солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи «20 солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон» дар н.Ч.Расулов дар асоси «Барномаи давлатии экологии Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» озмуни вилоятии «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид.

Дар озмун маҳфилҳо, табиатдӯстони ҷавон ва хонандагоне, ки дар мактабу муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ сабақ омӯхта, ғолиби даври ноҳиявии озмуни «Тирамоҳи заррин» дониста шудаанд, иштирок намуданд.

Онҳо дар 3 шарти озмун, ки аз ташкили намоишгоҳ аз маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз, саволу ҷавоб (викторина) аз фанҳои экология ва биология ва ҳимояи рисолаву рефератҳо, намоиши намудҳои гулҳои ороишӣ, тубакӣ, зимистона ва ороиш додани сабад дар мавзӯи муҳити зист иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷаи шартҳои озмун, ки аз намоиши маводҳои табиӣ, намунаҳо аз гербарияҳо, лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти нозирони сабз иборат буд, дастаи н Ҷ.Расулов соҳиби ҷои якум, дастаи ш.Конибодом  соҳиби ҷои дуюм ва дастаи н.Ашт  ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.

Аз рӯи шарти дуюми озмун, ки аз саволу ҷавоб аз фанҳои табиатшиносӣ иборат буд, ҷои якум насиби хонандаи мактаби ш.Истиқлол, ҷои дуюм аз н.Б.Ғафуров ва ҷои сеюм аз ш.Конибодом гардид.  

Аз рӯи шарти сеюми озмун, ки ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзӯи муҳити зист ва экологияро дар бар мегирифт, ҷои аввалро хонандаи н.Ашт, ҷои дуюмро хонандаи ш.Бӯстон ва ҷои сеюмро хонандаи н.Спитамен гирифт.

Аз рӯи шарти чоруми озмун, ки аз намоиши намудҳои гулҳои ороишӣ, тубакӣ, зимистона ва ороиш додани сабад иборат буд, ҷои якум ба дастаи ш.Хуҷанд, ҷои дуюм ба дастаи н.Б.Ғафуров ва ҷои сеюм ба дастаи ш.Панҷакент дода шуд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар озмун аз тарафи Раёсати маорифи вилоят ва Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба хонандагони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истиқлол, Исфара,  Истаравшан, Зафаробод, Исфара бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадаф аз гузаронидани озмун ин фаъол гардонидани кори маҳфилҳои иттиҳодияҳои кӯдаконаи экологӣ дар самти омӯзиши табиати диёр, бунёдкорӣ ва ғанӣ сохтани маънавии хеш, нигоҳубин ва ҳифзи муҳити зист, муайян ва дастгирӣ намудани хонандагоне, ки майл ба фаъолияти тадқиқотӣ ва амалӣ оид ба ҳифзи муҳити зистро доранд, ташаккули тарбия ва маърифати экологӣ, фаъол гардонидани кори маҳфилҳо маҳсуб меёбад.