Аксияи экологӣ дар ноҳияи Ашт

Category: News Written by Администратор Hits: 1483

  Ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ид ва ҷашнҳои миллии дар пешистода, иҷрои нақшаи чорабиниҳо ва такон бахшидан ба корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар ноҳияи Ашт аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо кормандони дигар муассисаю ташкилот ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар рафти аксияи мазкур 6,4 ҳазор нафар иштирок дошта, 29,2 км роҳи асосии протоколии ноҳия аз партовҳо тоза карда шуд.  Ҳамзамон, зиёда аз 650 без пояҳои дарахтон сафед гардида, дар канори роҳи асосии Ашт - Хуҷанд 725 бех дарахтони ороишию сояафкан, аз ҷумла ҳамешасабз  шинонида шудааст.