Тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан

Category: News Written by Администратор Hits: 1458

  Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва баргузор гардид. Дар чорабинии умумишаҳрӣ зиёда аз 400 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, аз ҷумла кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуда, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Ҷўйбори обгузари ду канори хиёбонҳои шаҳр ба масоҳати 12 км, ҳамзамон атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза карда шудааст. Аксарият ҷамоати шаҳраку деҳот амалӣ гардидани чунин чорабиниро дастгирӣ намуда, мавзеъҳои қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ низ аз партовҳо ва алафи бегонаи хушк ва 5 км Катасой аз партовҳои ҳархелаи истеъмолӣ тоза гардид. Ҳамзамон, корҳои сафед намудани зиёда аз 200 пояҳои дарахтон ва шинонидани 250 бех ниҳоли дарахти санавбар ба иҷро расидааст. Дар доираи аксияи мазкур 18 тн партов ба партовгоҳи КДФ «Ҳоҷагии манзилӣ коммуналӣ»-и шаҳри Истаравшан бароварда шудааст.