Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии Замин

Category: News Written by Администратор Hits: 1329

  Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», баланд бардоштани дониши экологӣ ва ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии  Замин фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз 14.04.2022, №24 «Дар бораи гузаронидани семинар ва аксияи экологии «Тозагии замин» бахшида ба санаи 22 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии Замин» ба имзо расида, санаҳои 22 ва 23 апрели соли ҷорӣ дар миқёси вилоят бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Санаи 22 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Б.Ғафуров, Зафаробод ва Ҷ.Расулов бо иштироки хонандагону омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла Литсейҳои касбӣ семинар бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии Замин аз ҷониби кормандони зерсохторҳои сарраёсат гузаронида шудааст. Ҳамчунин, санаи 23 апрел дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аксияи «Тозагии замин» бо иштироки оммаи васеъ ташкил ва баргузор гардидааст, ки дар маҷмўъ беш аз 16,6 ҳазор нафар ширкат варзида, дар натиҷа 11,2 км ҷуйбор, 14,6 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд, 23 км соҳилҳои обӣ, 9,5 км заҳбуру канал ва 12,2 ҳазор метри мураббаъ майдонҳо аз партовҳо, аз ҷумла пластикӣ, алафҳои бегона ва хушк тоза гардиданд.

  Ҳамагӣ 62,9 метри мукааб партовҳо ҷамъ ва бароварда шуданд. Боиси қайд аст, ки бахшида ба ин санаи муҳими экологӣ чорабиниҳои асосӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар се нуқтаи шаҳри Хуҷанд – обутобгоҳҳои соҳили росту чапи дарёи Сир, «Боғи ботаникӣ» ва «Наврўзгоҳ» баргузор гардид. Бо иштироки кормандони сарраёсат, Дафтари Барномаи Рушди СММ дар вилоят, Котиботи байналхалқии захираҳои об, Ассотсиатсияи «Хелветас Свисс Интеркооперейшн» филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва зиёда аз 250 нафар ҷавонон ва дўстдорони табиат дар ду обутобгоҳи марказии шаҳрӣ бо мақсади саҳмгузорӣ барои омода намудани онҳо ба мавсими тобистон аксияи мазкур гузаронида шуд. Дар оғоз пас аз суханони ифтитоҳии сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. ва роҳбари Дафтари минтақавии Барномаи Рушди СММ дар вилоят Мирсаидова Ҷ., тибқи барномаи чорабинӣ бозӣ барои муттаҳид намудани ҷавонон (айсбрейкер)  гузаронида шуда, дар рафти аксия насби ду қутии калонҳаҷм барои зарфҳои пластикӣ, тоза намудани ҳудуди обутобгоҳ, шинонидани 10 бех дарахти сояафкан бо иштироки муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва дар интиҳои аксия викторина (саволу ҷавоб) бо қадршиносии ғолибон доир гардид. Дар «Боғи ботаникӣ»-и шаҳри Хуҷанд низ бо иштироки сардори сарраёсат, собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, ҷавонон, дар маҷмӯъ беш аз 150 нафар корҳои тозакунӣ ва шинонидани 10 бех ниҳолҳои ороишию сояафкани пурқимат амалӣ гардид.