Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Category: News Written by Администратор Hits: 1270

  Дар асоси барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар бораи гузаронидани чорабиниҳо ва аксияи экологии «Тозагии замин» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1  ҷамоати деҳоти Ёва-и н.Б.Ғафуров конференсия гузаронида шуд. Дар он намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва ҷамоати деҳоти Ёва, омӯзгорони  факултети геоэкология ва туризми  Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров,  хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок доштанд. Тибқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба таърихи ин санаи экологӣ, муносибати эҳтиёткорона доштан  нисбати муҳити зист, иштироки фаъолонаи насли наврас дар беҳбудии муҳити атроф баромадҳо намуданд. Рафти конференсия  дар байни хонандагони синфҳои болоӣ озмун дар мавзӯи  “Ҳифзи Замин ” гузаронида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмун ва фаъолони чорабинӣ сипосномаву  туҳфаҳо тақдим гардид. Конференсияи мазкур аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ташкил карда шуда, баҳри иҷрои бандњои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» равона гардидааст.