Тарғиби маърифати экологӣ асоси фаъолият

  Дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист нишаст баргузор гардид. Азиз Дўстматов, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд таъкид дошт, ки ҳамасола дар қаламрави олам санаи 5-уми июн ҳамчун Рўзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Воқеан ҳам вазъи муҳити зист дар сайёра дигаргун мегардад ва мо, сокинони сайёраро зарур меояд, ки баҳри ҳифз ва ҳимояи неъматҳои табиат талош варзем. Эълом гардидани Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист маҳз ҳамин маъниро дорад ва барои огоҳӣ пайдо намудани ҷомеа ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии онҳо вобаста ба муаммоҳои экологӣ тадбири асосӣ ва саривақтӣ маҳсуб меёбад. Инсон бо табиат робитаи зич дорад ва онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебарад. Сипас барои саҳмгузорӣ дар ҳамкории мутақобилан судманд сармуҳаррири рўзномаи “Тирози ҷаҳон” Муҳайё Воситзода, сардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод, наворбардори Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Зокирҷон Холов ва роҳбарони литсейҳои политехникӣ, сохтмонӣ, касбӣ-хизматӣ, техникии шаҳри Хуҷанд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии шуъбаи ҳифзи муҳити зист қадршиносӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки дар оянда низ барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳр, тарғиби фарҳанги зебоипарастӣ, маърифати  экологӣ ва тарзи ҳаёти тозаву солим дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд корҳо тақвият бахшида мешавад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.