Ифтитоҳи бинои нави маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан

Category: News Written by Администратор Hits: 1186

   Санаи 9 августи  соли 2022 дар доираи ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А, Раиси Суди  Конситутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода А.А ва муовини якуми раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар  бинои нави маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан ифтитоҳ карда шуд. Майдони умумии ҷудо гардида 412 метри мураббаъ, майдони зери бино 256 метри мураббаъ ва худи бино аз се ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум – маҷлисгоҳ, китобхона ва утоқњои корӣ ҷойгир карда шудаанд. Маҷлисгоҳ  25 ҷойи нишаст дошта, китобхона барои 1000 адад китобҳои адабиёти гуногун ва бо компютер таҷҳизонида шудааст, ки дар он китобхонаи шакли электронӣ насб гардидааст. Дар ошёнаи дуюм - қабулгоҳ ва 5 адад утоқњои корӣ  барои кормандон ҷойгир  буда, њамаи  онњо бо лавозимотҳои зарурӣ барои фаъолияти мутахассисон, аз он ҷумла 4 адад компютер ва принтер (3 дар 1) таҷҳизонида шудааст.

  Ошёнаи сеюм ҳамчун меҳмонхона барои кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, аз чор ҳуљра иборат мебошад. Ҳар як ҳуҷра бо ду ҷойи хоб, ҳамагӣ барои қабул ва ҷойгиронии  8  нафар омода гардида, бо ҳамаи лавозимотҳои зарурӣ таъмин карда шудааст. Дар ҳар як ошёна нуқтаи санитарӣ – гигиенӣ мавҷуд аст. Ҳамчунин, пеш аз даромади бинои бахш саҳни ҳавлӣ кабудизору гулзор карда шудааст. Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ташкилоти ҶДММ “Кӯҳистон 2017” ба иҷро расонида шудааст.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
https://ecosugd.tj/en/news/1134-newbistaravshan082022.html?tmpl=component&print=1&layout=default&page=#sigProGalleria4dbd63d04a
joomlamodniyportal.ru