Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Бӯстон

Category: News Written by Администратор Hits: 1093

  Дар шаҳри Бӯстон бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии шаҳр  фаъолона иштирок намуда, кӯли  шаҳрӣ   аз партовҳои истеъмолию пластикӣ ва алафҳои хушк тоза карда шуд. Чунин шанбегиву аксияҳо то ҷашни 30-солагии Иҷлосияи ХУ1- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар миқёси шаҳр  идома меёбад.