Татбиқи «Моҳи амал барои иқлими сабз» дар н.Айнӣ

Category: News Written by Администратор Hits: 1106

  Бахшида  ба «Моҳи  амал барои иқлими  сабз», ки бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, дар ноҳияи Айнӣ аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар аксия кормандони ташкилоту муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ ва сокинони ноҳия ширкат варзида, назди биноҳои идораву ташкилотҳо аз партовҳои мухталиф тоза карда шуданд. Аз ҷониби Лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ба ишти-рокчиёни аксия халта барои партов  - 200 адад, дастпӯшак  ба миқдори  300  адад харидорӣ ва тақсим карда шуд. Аксия дар ҳамҷоягии бахши ҳифзи мухити зист дар н.Айнӣ ва Лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон «Идораи ҳамгироишудаи захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда аз тарафи Консорциуми шарикон AKAH, AKHS, MSDSP ва Сароб иҷро шуда истодааст, роҳандозӣ гардид.