Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 8 Март – Рўзи Модар

Category: News Written by Администратор Hits: 1268

   Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо самимияти афзун модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи 8 март - Рўзи Модар табрику таҳният мегўяд. Дар оғози фасли зебои баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ мардуми шарафманди мо Рўзи Модарро, ҳамчун яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ ҷашн мегиранд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи муқаддас ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Бигзор модарону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо шарафманду соҳибиқбол бошанд. Бо чунин муҳаббату дилбастагӣ ба Шумо хушбахтиву хушрўзӣ, сиҳатмандию пирўзӣ ва дар фаъолияти ҳамешагии пурзаҳмат комёбиҳои бензир таманно дорем. Фархундаву поянда бод Рӯзи Модар!