Ҷамъбасти озмуни «Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди «Сабз» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма

Category: News Written by Администратор Hits: 943

 Дар маҷлисгоҳи Сарраёсат ҷамъбасти озмуни Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди «Сабз» байни кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Зимни баромад сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. нақши матбуот ва воситаҳои ахбори оммаро дар замони муосир қайд намуда, саҳми назарраси онҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ арзёбӣ намуд. Сипас ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Синамо» Каримов О.,номинатсияи «Бахши маводи матбуот» - идораи нашрияҳои “Ҳақикати Суғд”, “Согдийская правда”, “Тирози ҷаҳон” ва идораи нашрияи ҳизби халқи демократӣ дар ноҳияи Масчоҳ “Нигоҳи халқ”  котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод диплом  ва мукофотҳо супорида шуд.

 Озмун бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ роҳандозӣ гардидааст.