Озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз дар шаҳри Хуҷанд

Category: News Written by Администратор Hits: 677

  Дар толори бинои МД «Қасри ҷавонони ба номи Л.Шералӣ»-и шаҳри Хуҷанд озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз баргузор гардид. Дар озмун – намоиш меҳмонон, парандапарварони чунин парандаҳои хушовоз аз пойтахти ҷумҳуриамон шаҳри Душанбе, аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Деваштичи вилояти Суғд дар маҷмуъ беш аз 40 нафар иштирок намуданд. Тибқи шартҳои баргузории чорабинӣ, аз ҳамаи иштирокчиён 25 парандаҳои хушовоз ба озмун роҳ дода шуда, доварони интихобгардида пас аз шунидани ҳар як паранда баҳогузорӣ намуданд. Дар натиҷа иштирокчиён аз шаҳри Хуҷанд ҷойи якум ва сеюмро ишғол карда, иштирокчӣ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи дуюм гардид ва онҳо бо дипломи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, медал, ҷом ва тўҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, ба ғолиби озмун - намоиши VIII-уми ҷумҳуриявии парандаҳои хушовоз аз ҷониби намояндаи сарраёсат Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид. Ҳамчунин, ба 10 нафар барои иштироки фаъолона сипосномаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят супорида шуд.

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят минбаъд низ, ҳаваскорон ва дӯстдорони парандаҳои хушовози маҳаллиро дастгирӣ карда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани чунин озмун - намоиши парандаҳои хушовоз, иди паранда ва дигар чорабиниҳое, ки барои рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад, мусоидат менамояд.