Вохӯрӣ бо ронандагон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент

Category: News Written by Администратор Hits: 1336

  Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ин пешгирии вайронкунии талаботи қонунгузорӣ дар соҳа ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пешгирии вайроншавии талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент аз ҷониби сардори шуъба вохӯрӣ бо 25 нафар ронандагони воситаҳои нақлиёти боркашон ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон ҷиҳати ҳифз ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, истихроҷи ғайриқонунии канданиҳои фоиданоки маъмули умум, муомилот бо партовҳо, талаботи қонунҳои амалкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба самтҳои мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

 Короҳи фаҳмонидадиҳӣ, ҳамчунин дар татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва барои бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда саҳми назаррас мегузорад. Дар интиҳо иштирокчиён ба саволҳои худ вобаста ба роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо ҷавобҳои мушаххас гирифта, гузаронидани вохӯриро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.