Конфронси илмӣ-адабии «Об манбаи ҳаёт»

Category: News Written by Администратор Hits: 5474

Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, баҳри татбиқи талаботҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, дар муассисаи таълимии щайридавлатии гимназияи «Нур» конфронси илмӣ адабӣ таҳти унвони «Об манбаи ҳаёт» доир гардид. Дар он  намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, хонандагон ва устодони гимназия иштирок доштанд. Дар рафти конфронс хонандагон оиди ҳифз, тоза нигоҳ доштан ва самаранок истифодабарии об, масъалаҳои партов ва коркарди онҳо, сабаб ва оқибатҳои тащйирёбии иқлим ва дигар муаммоҳои экологӣ баромадҳо намуданд. Ҳамзамон намояндагони Раёсат ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 сухан намуданд.

Дар қисмати адабии чорабинӣ аз тарафи хонандагон шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, табиати зебову нотакрор ва ҳифзи он  манзури тамошобинон гардид. Ҳамчунин аз ҷониби хонандагон саҳначае оиди муаммоҳои ҷойдошта дар ҳифзи захираҳои обӣ  намоиш дода шуд, ки хусусияти муҳими тарбиявӣ дошта, барои ҳидоят намудани насли наврас ба захираҳои табиӣ равона гардида буд. Дар хотимаи чорабинӣ директори гимназия ҷиҳати баргузории чорабинии мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда,  иштирокчиёни фаъолро бо дипломҳо сарфароз гардонид ва қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии хонандагон, ҳамчунин бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи неъматҳои нотакрори табиати диёр мусоидат менамояд.