Ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар 7 моҳи соли 2018

Category: News Written by Администратор Hits: 4731

Дар Маркази бозомўзии ш.Гулистон маҷлиси навбатӣ  бо иштироки сардорони шуъбаҳои назоратӣ, шуъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят доир гардид. Дар рузномаи маҷлис масъалаҳои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ», натиҷаҳои фаъолият дар 7 моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда  баррасӣ гардид. Аз рўи масъалаи якум намояндаи Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муҳаррамзода Фаррух Неъмат баромад намуда, зикр кард, ки масъалаи мазкур дар ҳама баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мадди аввал аст. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарнок – терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуданд. Мубориза бар зидди терроризм вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Ҳамчунин намояндаи Раёсат ба иштирокчиёни маҷлис даъват ба амал овард, ки вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат -  аз шаҳрванди оддӣ то корманди мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандўстӣ ва муҳимтар аз ҳама таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Дар навбати худ сардори Раёсат аз номи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ваъда дод, ки ҳамчун хизматчиёни давлатӣ  ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии амалҳои ифротгароӣ, шомил нагардидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва амнияти кишвар  саҳми арзанда мегузоранд.

Аз рўи рўзномаи дуюми маҷлис маърўза оид ба натиҷаҳои фаъолият  шунида ва муҳокима гардид. Аз тарафи сардори Раёсат аз сардорони шуъбаҳои Раёсат ва робарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда шуда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ  карда шуд ва барои дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Раиси вилояти Суғд бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби оммаи васеъ гузаронидани аксияҳои “Тозагии соҳил” ва “Тозагии маҳал” бобати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист  супоришҳо дода шуд. Ин иқдом мунтазам бахшида ба эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома дода мешавад.