Аксияи «Тозагии соҳил» дар ш.Хуҷанд

Category: News Written by Администратор Hits: 5254

Бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву озода нигоҳ доштани шаҳрҳо, кўчаву хиёбонҳо идомаи корҳои созандагию ободкорӣ дар асоси барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби донишҷўёни литсеи касбӣ-техникии № 44, № 56, кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, беморхонаҳои физиотерапевтӣ ва касалиҳои дил аксияи «Тозагии  соҳил»  гузаронида  шуд.

      Дар рафти аксия соҳили дарёи Сир аз купруки ҷашнӣ то варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият аз алафҳои бегона, партовҳо, алафхои худруй тоза карда шуда, тақрибан 8 м3 партовҳои ҳосилшуда аз тарафи КВДК “Хизматрасони наклиёти санитарӣ”- и ш.Хуҷанд ба партовгоҳи умумишаҳрӣ бароварда шуд.