Баргузории ҳашару шанбегиҳо дар ноҳияи Ҷ.Расулов

Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳои умумӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои  вилоят идома дорад. Дар ноҳияи Ҷ.Расулов аз санаҳои 27 август то 2 сентябр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳашару шанбегиҳо ташкил карда шуда, дар он намояндагони муассисаҳои маориф ва тандурустӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо, аҳолии ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва ҷамоати деҳоти Гулакандоз - зиёда аз 12500 нафар иштирок доштанд. Дар шанбегӣ назди корхонаву ташкилот, муассисаҳо, маҳаллаву кўчаҳо аз алафҳои бегона ва партовҳо, зиёда аз 14,8 км лотоку ҷуйҳо тоза карда шуда, 84 м3 партовҳо бароварда шуд.

Ҳамчунин аз тарафи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 1440 бех гули катарантус шинонида шуда, дар масоҳати 750  м2 тухмии гулҳои ногатка ва гули беор кишт карда шуд.

     Баргузории шанбегиву ҳашарҳо то иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия идома меёбад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.